Тартиби муайян намудани минтақаҳои муҳофизатӣ барои объектҳои гидроэнергетикӣ, шартҳои махсуси истифодаи об ва истифодаи қитъаҳои паҳнои соҳилҳо (аз ҷумла дар қитъаҳои ҳамсарҳади иншооти гидроэнергетикӣ) дар сарҳади онҳо

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 25 ноябри соли 2021, №501

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 25 ноябри соли 2021, №501

тасдиқ шудааст

Тартиби муайян намудани минтақаҳои муҳофизатӣ барои объектҳои гидроэнергетикӣ, шартҳои махсуси истифодаи об ва истифодаи қитъаҳои паҳнои соҳилҳо (аз ҷумла дар қитъаҳои ҳамсарҳади иншооти гидроэнергетикӣ) дар сарҳади онҳо

1. Тартиби муайян намудани минтақаҳои муҳофизатӣ барои объектҳои гидроэнергетикӣ, шартҳои махсуси истифодаи об ва истифодаи қитъаҳои паҳнои соҳилҳо (аз ҷумла дар қитъаҳои ҳамсарҳади иншооти гидроэнергетикӣ) дар сарҳади онҳо (минбаъд - Тартиби мазкур) дар асоси моддаи 82 Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, қоидаҳои муайян намудани минтақаҳои муҳофизатӣ барои объектҳои гидроэнергетикӣ, шартҳои махсуси истифодаи об ва истифодаи қитъаҳои паҳнои соҳилҳо (аз ҷумла дар қитъаҳои ҳамсарҳади иншооти гидроэнергетикӣ) дар сарҳади онҳоро муқаррар менамояд.

2. Минтақаҳои муҳофизатӣ дар марзобгоҳҳои (акваторияҳои) объектҳои об, аз ҷумла дар шафати барғи болоӣ ва поёнии гидроузелҳои объектҳои гидроэнергетикӣ, воқеъ дар қитъаҳои объектҳои об, дар қитъаҳои паҳноҳои соҳилӣ (аз ҷумла дар қитъаҳои ҳамсарҳади иншооти гидроэнергетикӣ), қитъаҳои дарёбод барои таъмини фаъолияти бехатару бесадама ва истифодаи бехатари объектҳои гидроэнергетикӣ, аз ҷумла сарбандҳо, биноҳои неругоҳҳои барқи обӣ, иншооти обпарто, обсардиҳӣ ва обхоликунӣ муқаррар карда мешаванд.

3. Минтақахои муҳофизатӣ қад-қади сарбанди объекти гидроэнергетикӣ дар фазои обӣ аз сатҳи об то қаър байни хатҳои соҳилӣ ҳангоми танбашавии муътадили сатҳи об дар барғи болоӣ ва сатҳи миёнаи бисёрсолаи об дар барғи поёнӣ, ки бо ҳамвориҳои амудии мусовии нисбат ба меҳвари иншооти обтанбашавӣ дар масофаҳои зерин аз ҳар ду тараф дуристода муқаррар мегарданд:

- барои объектҳои дорои хатарнокии дараҷаи баланд - 500 метр дар барғи болоӣ ва поёнии гидроузел;

- барои объектҳои дорои хатарнокии дараҷаи миёна - 350 метр дар барғи болоӣ ва поёнии гидроузел;

- барои объектҳои дорои хатарнокии дараҷаи паст - 200 метр дар барғи болоӣ ва поёнии гидроузел.

4. Минтақаҳои муҳофизатӣ қад-қади хатти соҳилии объектҳои об дар барғи болоӣ ва поёнии гидроузел ба намуди хатти заминӣ дар соҳили маҷрои обгузар бо паҳноии 20 метр муқаррар карда мешаванд, ки тӯлкашии он ба масофа аз меҳвари иншооти обтанбашавӣ, ки дар банди 3 Тартиби мазкур муқаррар шудааст, баробар мебошад.

5. Нисбат ба объектҳои гидроэнергетикии истифодашаванда ва сохташаванда минтақаҳои муҳофизатӣ муқаррар карда мешаванд.

6. Минтақаҳои муҳофизатӣ нисбат ба объектҳои гидроэнергетикии сохташаванда то ба истифодабарии муваққатӣ ва ё доимӣ супоридани онҳо муқаррар карда мешаванд.

...

Утвержден

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 25 ноября 2021 года, №501

Утвержден

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 25 ноября 2021 года, №501

Порядок определения охранных зон для гидроэнергетических объектов, особых условий водопользования и использования участков береговой полосы (в том числе участков примыкания к гидроэнергетическим объектам) в их границах

1. Порядок определения охранных зон для гидроэнергетических объектов, особых условий водопользования и использования участков береговой полосы (в том числе участков примыкания к гидроэнергетическим объектам) в их границах (далее - настоящий Порядок) разработан на основании статьи 82 Водного кодекса Республики Таджикистан и устанавливает правила определения охранных зон для гидроэнергетических объектов, особых условий водопользования и использования участков береговой полосы (в том числе участков примыкания к гидроэнергетическим объектам) в их границах.

2. Охранные зоны устанавливаются в акваториях водных объектов, в том числе в верхних и нижних бьефах гидроузлов, гидроэнергетических объектов, расположенных на участках водных объектов, участках береговой полосы (в том числе на участках примыкания к гидроэнергетическим объектам), участках поймы для обеспечения безопасного и безаварийного функционирования и безопасной эксплуатации гидроэнергетических объектов, в том числе плотин, зданий гидроэлектростанций, водосбросных, водоспускных и водовыпускных сооружений.

3. Охранные зоны устанавливаются вдоль плотины гидроэнергетического объекта на водном пространстве от водной поверхности до дна между береговыми линиями при нормальном подпорном уровне воды в верхнем бьефе и среднемноголетнем уровне вод в нижнем бьефе, ограниченном параллельными вертикальными плоскостями, отстоящими по обе стороны от оси водоподпорного сооружения на следующих расстояниях:

- для объектов высокой категории опасности - 500 м в верхнем и нижнем бьефе гидроузла;

- для объектов средней категории опасности - 350 м в верхнем и нижнем бьефе гидроузла;

- для объектов низкой категории опасности - 200 м в верхнем и нижнем бьефе гидроузла.

4. Охранные зоны устанавливаются вдоль береговой линии водных объектов в верхнем и нижнем бьефе гидроузла в виде земельной полосы на пойме шириной 20 метр, протяженность которой равна расстоянию от оси водоподпорного сооружения, установленному пунктом 3 настоящего Порядка.

5. Охранные зоны устанавливаются в отношении эксплуатируемых и строящихся гидроэнергетических объектов.

6. В отношении строящихся гидроэнергетических объектов охранные зоны устанавливаются до их ввода во временную или постоянную эксплуатацию.

...