Тартиби пӯшонидани хароҷот барои истифодаи ройгон аз хизматрасонии нақлиётӣ аз 2 сентябри соли 2021, № 360

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замима

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон 

аз 2 сентябри соли 2021, № 360

 

Замима

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон 

аз 2 сентябри соли 2021, № 360

 

Тартиби пӯшонидани хароҷот барои истифодаи ройгон аз хизматрасонии нақлиётӣ

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Тартиби пӯшонидани хароҷот барои истифодаи ройгон аз хизматрасонии нақлиётӣ (минбаъд - Тартиб) қоидаҳои ҷуброн намудани хароҷоти истифодабарии шахси дорои ҳуқуқи сафари ройгонро аз нақлиёти ҷамъиятӣ дар хатсайрҳои байналмилалӣ, байнишаҳрӣ, наздишаҳрӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ, шаҳрак ва деҳот (ба истиснои такси) ва дар хатсайрҳои байналмилалӣ, маҳаллӣ ва наздишаҳрии нақлиёти мусофирбарии роҳи оҳан ва дар хатсайрҳои мусофирбарии байналмилалӣ ва маҳаллии нақлиёти ҳавоӣ, ки санадҳои қонунгузорӣ муқаррар намудаанд, муайян менамояд.

2. Мафҳумҳои асосӣ:

- корти нақлиётии дорои тарофаи ройгон - ҳомили воситаи пардохти электронӣ дар шакли пластикӣ барои истифодаи бисёркаратаи пардохти роҳкирои нақлиёти автомобилии истифодаи умум бо таври ройгон (минбаъд корт);

- низоми пардохти электронӣ - низоми автоматикунонидаи қабули пардохти электронии роҳкиро дар нақлиёти автомобилии истифодаи умум;

- нақлиёти ҷамъиятӣ - нақлиёти истифодаи умум, ки идораи он аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ ё мақоми ваколатдор тавассути ба интиқолдиҳандагон додани иҷозат барои амалисозии фаъолият оид ба ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ дар асоси муқаррар намудани талабот ба сатҳу сифати хизматрасонӣ, тарифҳо, хусусиятҳои шабакаи хатсайр ва талабот нисбат ба ташаккулдиҳии онҳо амалӣ карда мешавад;

- шахси дорои ҳуқуқи сафари ройгон - шахсе, ки тибқи талаботи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва/ё созишномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон аз хизматрасонии нақлиётӣ ройгон истифода менамояд;

- талони имтиёздор - варақаи махсуси шахси дорои ҳуқуқи сафари ройгон бо пешниҳоди шиноснома ва ҳуҷҷати тасдиқкунанда, ки ҳуқуқи дастрас намудани ҳуҷҷат (чипта)-и сафари ройгонро дар хатсайрҳои байналмилалӣ ва маҳаллии мусофирбарии нақлиёти роҳи оҳан ва ҳавоӣ медиҳад;

...

Приложение

к постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от 2 сентября 2021 года, №360

Приложение

к постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от 2 сентября 2021 года, №360

Порядок покрытия расходов на бесплатное пользование транспортными услугами

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Порядок покрытия расходов на бесплатное пользование транспортными услугами (далее - Порядок) устанавливает правила возмещения расходов за пользование лицами, имеющими право на бесплатный проезд в общественном транспорте (кроме такси) на международных, междугородных, пригородных, городских, районных поселковых и сельских маршрутах, железнодорожным транспортом на международных, местных и пригородных пассажирских маршрутах и воздушным транспортом на международных и внутренних пассажирских маршрутах, установленных законодательными актами.

2. Основные понятия:

- транспортная карта имеющая бесплатный тариф - носитель электронного платежного средства в пластиковой форме для многократного использования оплаты бесплатного проезда на автомобильном транспорте общего пользования (далее карта);

- электронная платежная система - автоматизированная система приема электронных платежей на автомобильном общественном транспорте;

- общественный транспорт - транспорт общего пользования, управление которым осуществляется уполномоченным государственным органом в области автомобильного транспорта или уполномоченным органом посредством допуска перевозчиков к осуществлению деятельности по перевозке пассажиров и багажа на основе установления требований к уровню и качеству услуг, тарифов, характеристик маршрутной сети и требований к их формированию;

- лицо, имеющее право на бесплатный проезд - лицо, имеющее право на бесплатный проезд в пассажирском транспорте согласно законодательству Республики Таджикистан и/или международными договорами, признанными Таджикистаном;

- льготный талон - специальный лист лица, имеющего право на бесплатный проезд, с предъявлением паспорта и подтверждающего документа, дающие право приобретения проездного бесплатного документа (билета) на международном и местном пассажирском железнодорожном и авиационном транспортных маршрутах;

- пассажирский автомобильный транспорт - пассажирское механическое транспортное средство, предназначенное для перевозки более 8 человек (исключая водителя) и оборудованное для перевозки как сидящих, так и стоящих пассажиров;

...