ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Дар ном ва матни қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2008, №601 "Дар бораи Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ" калимаи "ташхиси" ба калимаи "экспертизаи" иваз карда шавад.
2. Дар замимаи 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2008, №601 "Дар бораи Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1) дар ном, банди 1, сархатҳои сеюм, шашум, ҳафтум, дахум, ёздаҳум, понздаҳуми банди 4, сархатҳои якум, сеюм, панҷум, шашум ва ҳаштуми банди 5, бандҳои 6, 7 ва сархати ҳафтуми банди 12 калимаи "ташхиси" ба калимаи "экспертизаи" иваз карда шавад;
2) ба банди 3 пас аз калимаҳои "Ҷумҳурии Тоҷикистон ва" калимаҳои "сохторҳои дахлдори он," илова карда шаванд;
3) дар банди 4:
- дар сархати нуҳум калимаҳои "офияти" ва "назорати" мувофиқан ба калимаҳои "тавонбахшии" ва "мониторинги" иваз карда шаванд;
- сархати сездаҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"- ба роҳ мондани мубодилаи иттилоотӣ бо Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;";
- дар сархати чордаҳум калимаи "ташхис" ба калимаҳои "экспертии тиббию иҷтимоӣ" иваз карда шавад;
4) ба сархати якуми банди 5 пас аз калимаҳои "оид ба" калимаҳои "муқаррар, тасдиқ ё қатъ намудани ҳолати маъюбии шаҳрвандон ва" илова карда шаванд;
5) дар банди 13 калимаи "ташхис" ба калимаҳои "экспертии тиббию иҷтимоӣ" иваз карда шавад.
...