Низомномаи фаъолияти комиссия оид ба қонунигардонии дороиҳо аз 27 августи соли 2021, № 327

Санаи амалкуни: 25.10.2022

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 27 августи соли 2021,№ 327

 

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 27 августи соли 2021,№ 327

 

Низомномаи фаъолияти комиссия оид ба қонунигардонии дороиҳо

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.10.2022 № 520)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.10.2022 № 520)

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Низомномаи фаъолияти комиссия оид ба қонунигардонии дороиҳо (минбаъд - Низомнома) дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" (минбаъд - Қонун) таҳия гардида, тартиби фаъолияти комиссияҳо оид ба қонунигардонии дороиҳоро (минбаъд - Комиссия), ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳо, ноҳияҳо ва ноҳияҳои шаҳри Душанбе таъсис дода мешаванд, муқаррар менамояд.

2. Комиссия мақоми барои гузаронидани қонунигардонии дороиҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - субъекти қонунигардонӣ) ва додани шаҳодатнома дар бораи қонунигардонии дороиҳо ваколатдор мебошад.

3. Комиссия фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон", Низомномаи мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ месозад.

4. Комиссия бо ҷалби намояндагони мақомоти андоз, молия, идоракунии амволи давлатӣ, нотариусони давлатии идораҳои нотариалии шаҳрҳо, ноҳияҳо ва ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва дар ҳолати қонунигардонии молу мулки ғайриманқули худсарона сохташудаи шахсӣ ё дар фаъолияти соҳибкорӣ истифодашаванда ва молу мулки ғайриманқули меросиро, ки нисбат ба он баҳс вуҷуд надорад, инчунин бо ҷалби намояндагони мақомоти меъморӣ ва шаҳрсозӣ, идораи замин, бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул, хоҷагии манзилию коммуналӣ ва дигар мақомоти давлатии дахлдори шаҳрҳо, ноҳияҳо ва ноҳияҳои шаҳри Душанбе ташкил меёбад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.10.2022 № 520).

5. Ба Комиссия раис (муовини раис) - шаҳр, ноҳия, ноҳияи шаҳри Душанбе роҳбарӣ мекунад.

...

Приложение 1

 к постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от 27 августа 2021 года, №327

Приложение 1

 к постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от 27 августа 2021 года, №327

Положение о комиссии по легализации активов

(в редакции пост. Правительства РТ от 25.10.2022 №520)

(в редакции пост. Правительства РТ от 25.10.2022 №520)

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Положение о комиссии по легализации активов (далее ,Положение) разработано на основе Закона Республики Таджикистан "Об амнистии в связи с легализацией активов и денежных средств граждан Республики Таджикистан" (далее , Закон) и устанавливает порядок деятельности комиссий по легализации активов (далее , Комиссия), создаваемых исполнительными органами государственной власти городов и районов, районов города Душанбе.

2. Комиссия является органом, уполномоченным для проведения легализации активов граждан Республики Таджикистан (далее , субъект легализации) и выдачи свидетельства о легализации активов.

3. Комиссия осуществляет свою деятельность на основе Конституции Республики Таджикистан, Закона Республики Таджикистан "Об амнистии в связи с легализацией активов и денежных средств граждан Республики Таджикистан", настоящим Положением и других соответствующих нормативных правовых актов Республики Таджикистан.

4. Комиссия формируется с привлечением представителей налоговых органов, финансовых органов, органов по управлению государственным имуществом, государственных нотариусов нотариальных контор городов и районов, районов города Душанбе и в случае легализации самовольно возведенного недвижимого имущества в личных целях или с целью использования в предпринимательской деятельности и наследственное недвижимое имущество, в отношении которого нет споров представителей органов архитектуры и градостроительства, органов землеустройства, государственных уполномоченных органов в области государственной регистрации недвижимого имущества, органов жилищно-коммунального хозяйства и иных государственных органов соответствующих городов, районов и районов города Душанбе (в редакции пост. Правительства РТ от 25.10.2022 №520).

5. Комиссию возглавляет председатель (заместитель председателя)города, района, районов города Душанбе.

6. Состав Комиссии не должен превышать 9 членов, включая председателя. Состав Комиссии утверждается соответствующим решением председателя города, района, районов города Душанбе,

...