Тартиби пешбурди Кадастри давлатии захираҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 августи соли 2021, № 335

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

 

Замима

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 27 августи соли 2021,№335

 

Замима

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 27 августи соли 2021,№335

 

Тартиби пешбурди Кадастри давлатии захираҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Тартиби пешбурди Кадастри давлатии захираҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд- Тартиб) раванди пешбурд, бақайдгирӣ, ҷамъоварии маълумот ва додани шиносномаи мақоми объектҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян намуда, бо мақсади танзими истифодаи самаранок, ҳифз ва муаррифии захираҳои нодири таърихию фарҳангӣ, табиӣ ва захираҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст.

2. Кадастри давлатии захираҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд- Кадастр) имкониятҳои сайёҳии мамлакатро дар бар гирифта, ба он объектҳои табиӣ, арзишҳои илмӣ ва таърихию фарҳангӣ дохил мешаванд, ки сарвату дороии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, асоси маҳсулоти миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил менамоянд.

3. Кадастр ҷиҳати дастрас намудани маълумоти зарурӣ барои ташрифи сайёҳони хориҷию дохилӣ, гузаронидани тадқиқоти илмӣ, чорабиниҳои экологӣ, ташкили баҳисобгирии оморӣ барои таҳияи минбаъдаи хатсайрҳои нави сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешавад.

4. Кадастр аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ дар асоси маълумоти илман асоснок ва маводи аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вазорату идораҳои дахлдор, муассисаҳои илмӣ, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ пешниҳоднамуда таҳия ва пеш бурда мешавад.

5. Номгӯи объектҳои ба Кадастр дохилшаванда тибқи қонунгузорӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва субъектҳои хизматрасонии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегардад.

6. Кадастр аз маълумоти зерин иборат мебошад:

...

Приложение

к постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от 27 августа 2021 года, №335

Приложение

к постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от 27 августа 2021 года, №335

Порядок ведения Государственного кадастра туристических ресурсов Республики Таджикистан

ГЛАВА 1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Порядок ведения Государственного кадастра туристических ресурсов Республики Таджикистан (далее - Порядок) определяет процесс ведения, регистрации, сбора сведений и выдачи паспорта статуса туристических объекты Республики Таджикистан, и разработан с целью регулирования эффективного использования, защиты и представления уникальных историко-культурных, природных и туристических ресурсов Республики Таджикистан.

2. Государственный кадастр туристических ресурсов Республики Таджикистан (далее - Кадастр) охватывает туристический потенциал страны и включает в себя природные объекты, научные, историко-культурные ценности, являющиеся национальным достоянием Республики Таджикистан, и которые составляют основу национальных туристических продуктов Республики Таджикистан.

3. Кадастр используется для получения информации, необходимой для посещения иностранных и внутренних туристов, проведения научных исследований, экологических мероприятий, организации статистического учета для дальнейшего составления новых туристических маршрутов в Республики Таджикистан.

4. Кадастр разрабатывается и ведётся уполномоченным государственным органом в сфере туризма на основании научнообоснованных сведений и материалов, предоставленных исполнительными органами государственной власти Горно Бадахшанской автономной области, Согдийской и Хатлонской областей, города Душанбе, городов и районов республиканского подчинения, соответствующими министерствами и ведомствами, научные учреждения, Федерацией независимых профсоюзов Таджикистана и субъектами туристических услуг.

5. Наименование объектов, вносимых в Кадастр согласно законодательству определяется уполномоченным государственным органом в сфере туризма по согласованию с соответствующими министерствами и ведомствами, Федерацией независимых профсоюзов Таджикистана и субъектами туристических услуг Республики Таджикистан.

6. Кадастр состоит из следующей информации:

- наименования объектов;

- оценочной стоимости исторической, культурной и научной значимости объектов, с указанием их подчиненности, определяемый соответствующими министерствами и ведомствами;

...