Оинномаи Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 августи соли 2021, № 334

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замима

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 27 августи соли 2021, №334

Замима

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 27 августи соли 2021, №334

ОИННОМАИ Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - марказ) муассисаи давлатӣ буда, муассиси он Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - муассис) мебошад.

2. Мақоми ваколатдори идоракунии марказ Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - вазорат) мебошад.

3. Марказ фаъолияти худро мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи экспертизаи давлатии судӣ", дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ва оинномаи мазкур ба роҳ мемонад.

4. Марказ ҳуқуқ дорад аз номи худ ҳуқуқҳои молу мулкӣ ва ғайримолумулкиро ба даст оварда, дар мурофиаҳои судӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намояд.

5. Марказ ҳуқуқ дорад дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он бо корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликияташон, инчунин бо шахсони воқеӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаҳо бандад.

6. Марказ ташкилоти ғайритиҷоратӣ мебошад.

7. Номи расмии пурраи марказ бо забони давлатӣ: Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Номи расмии ихтисоркардашудаи марказ бо забони давлатӣ: МҶЭСК ВА ҶТ.

8. Марказ шахси ҳуқуқӣ буда, дорои филиалҳо, сметаи хароҷот ва тавозуни мустақил, ҳисобҳои бонкӣ, муҳр, штамп, нишонаи махсус (логотип), бланкҳо ва ғайра мебошад.

...

Приложение

к постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от 27 августа 2021 года, №334

Приложение

к постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от 27 августа 2021 года, №334

УСТАВ Республиканского центра судебной и криминалистической экспертизы Министерства юстиции Республики Таджикистан

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Республиканский центр судебной и криминалистической экспертизы Министерства юстиции Республики Таджикистан (далеецентр) является государственным учреждением, учредителем которого является Правительство Республики Таджикистан (далее - учредитель).

2. Уполномоченным органом по управлению центром является Министерство юстиции Республики Таджикистан (далее министерство).

3. Центр осуществляет свою деятельность в соответствии с Конституцией Республики Таджикистан, Законом Республики Таджикистан "О государственной судебной экспертизе", иными нормативными правовыми актами Республики Таджикистан, международными правовыми актами, признанными Таджикистаном, а также настоящим уставом.

4. Центр имеет право от своего имени приобретать имущественные и неимущественные права и может участвовать в судебных процессах в соответствии с законодательством Республики Таджикистан.

5. Центр вправе в соответствии с законодательством Республики Таджикистан на территории Республики Таджикистан и за ее пределами заключать договоры с предприятиями, учреждениями и иными организациями, независимо от их форм собственности, а также с физическими лицами.

6. Центр является некоммерческой организацией.

7. Полное официальное название центра на государственном языке: Маркази чумхуриявии экспертизаи суди ва криминалистии назди Вазорати адлияи Цумхурии Тоцикистон. Сокращенное официальное название центра на государственном языке: МЦЭСК ВА ЦТ.

8. Центр является юридическим лицом, имеет филиалы, смету расходов, самостоятельный баланс, банковские счета, печать, штамп, специальные логотипы, бланки и т.д.

...