Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 2021, № 1785 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

21 апрели соли 2021, № 371

қабул карда шуд.

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

21 июни соли 2021, № 155

ҷонибдорӣ карда шуд.

Моддаи 1. Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №12, қ. 1, мод. 989, мод. 990; с. 2009, №5, мод. 321, №9-10, мод. 543; с. 2010, №1, мод. 2, мод. 5, №3, мод.153, №7, мод. 547, №12, қ.1, мод. 812; с. 2011, №6, мод. 430, мод. 431, №7-8, мод.610, №12, мод. 838; с. 2012, №4, мод. 256, №7, мод. 685, мод. 693, №8, мод. 814, №12, қ.1, мод. 1004; с. 2013, №3, мод. 181, №7, мод. 508; с. 2014, №3, мод. 143, мод. 144, №7, қ. 1, мод. 389, мод. 390; с. 2015, №3, мод. 201, №7-9, мод. 707, мод.708, №11, мод. 955, №12, қ. 1, мод. 1108; с. 2016, №3, мод. 130, мод.131, мод.132, №5, мод. 359, мод. 361, №7, мод. 613, мод. 614, №11, мод. 877; с. 2017, №1-2, мод. 5, мод. 6, №5, қ.1, мод. 275, №7-9, мод. 568, мод. 585; с. 2018, №1, мод. 9, №5, мод. 268, мод. 269; с. 2019, №1, мод. 8, №6, мод. 312, мод. 313, №7, мод. 464; с. 2020, №1, мод.6, №7-9, мод. 604, мод. 606, мод. 621, №12, мод. 900, мод. 901), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Ба қисми 3 моддаи 30 пас аз калимаҳои "қонунгузорӣ дар бораи ҳифзи муҳити зист," калимаҳои "дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим," илова карда шаванд.

2. Ба қисми 2 моддаи 33 сархати чордаҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"- вобаста ба танзими анъана ва ҷашну маросим;".

3. Қисми 4 моддаи 43 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"4. Мақомоти ваколатдор тибқи дархости шахси воқеӣ, соҳибкори инфиродӣ, шахси мансабдор ё ҳуқуқӣ иҷрои ҷазои маъмуриро дар намуди боздошти маъмурии намуди муайяни фаъолият пеш аз мӯҳлат қатъ менамояд, агар бартараф карда шудани ҳолатҳои пешбининамудаи қисми дуюми ҳамин модда, ки барои таъйини ин ҷазои маъмурӣ асос гаштаанд, муқаррар карда шавад.".

4. Дар моддаи 481:

- санксияи қисми 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"ба шахсони воқеӣ ба андозаи яксаду даҳ, ба шахсони мансабдор ба андозаи панҷсаду панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.";

- дар санксияи қисми 2 калимаи "ҳафтсад" ба калимаҳои "ҳафтсаду панҷоҳ" иваз карда шавад;

- қисми 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"3. Барои дағалона ё дар шароити пайдоиш ва паҳншавии беморие, ки барои инсон хавфнок аст, инчунин дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран вайрон намудани тартиби гузарондани анъана ва ҷашну маросим,

ба шахсони воқеӣ ба андозаи шашсаду панҷоҳ, ба шахсони мансабдор ба андозаи ҳаштсад, ба соҳибкорони инфиродӣ ба андозаи нуҳсад ва ба шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи як ҳазору дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                       Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе

25 июни соли 2021, № 1785