Низомнома оид ба талаботи асосӣ нисбати истифодаи суратҳисоби махсус барои идоракунии воситаҳои молиявие, ки аз фурӯши неруи барқ дар дохили шабакаи ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" ворид мегарданд аз 22 майи соли 2021, № 184

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25.11.2021, №500 аз эътибор соқит дониста шуд

Замима

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 22 майи соли 2021, №184

Замима

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 22 майи соли 2021, №184

Низомнома оид ба талаботи асосӣ нисбати истифодаи суратҳисоби махсус барои идоракунии воситаҳои молиявие, ки аз фурӯши неруи барқ дар дохили шабакаи ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" ворид мегарданд

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Низомнома оид ба талаботи асосӣ нисбати истифодаи суратҳисоби махсус барои идоракунии воситаҳои молиявие, ки аз фурӯши неруи барқ дар дохили шабакаи ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" ворид мегарданд (минбаъд - Низомнома) дар доираи ислоҳоти дар соҳа гузаронидашаванда, бо мақсади идоракунии самараноки истифодаи маблағҳои пулие, ки аз фурӯши неруи барқ ворид мегарданд ва муайян намудани тартиби истифодаи ин маблағҳои пулӣ, бо дарназардошти таҷрибаи байналмилалӣ таҳия гардидааст.

2. Мақсади Низомнома, идоракунии зарурӣ ва тақсимоти одилонаи воситаҳои молиявӣ дар байни ҳамаи иштирокчиёни шабака, муайян намудани талаботи асосӣ нисбати маблағҳое, ки ба суратҳисоби махсус аз фурӯши неруи барқ ворид мегарданд, инчунин таъмини истифодаи мақсаднок ва самараноки ин воситаҳои молиявӣ мебошад.

3. Суратҳисоби махсус суратҳисобе мебошад, ки ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" (минбаъд - ШСХК БТ) дар Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" (минбаъд - Бонк) бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ мекушояд ва нисбати он истифодаи механизми махсуси идоракунӣ ва тақсимоти воситаҳои молиявие, ки ба ин суратҳисоб аз фурӯши неруи барқ дар дохили шабакаи ШСХК БТ ворид мегарданд, ба роҳ мемонад.

4. Амали Низомнома ба ШСХК БТ, аз ҷумла ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои интиқоли барқ" (минбаъд - ҶСК "Шабакаҳои интиқоли барқ") ва ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои тақсимоти барқ" (минбаъд - ҶСК "Шабакаҳои тақсимоти барқ") ва иштирокчиёни эҳтимолии дигари шабакаи ШСХК БТ ё бозори неруи барқ дахл дорад.

5. Вазифаҳои асосии Низомномаи мазкур иборатанд аз:

- муқаррар намудани усулҳои истифодаи одилона ва мақсадноки маблағҳои пулии аз фурӯши неруи барқ дар дохили ҷумҳурӣ воридшаванда;

- таъмини шаффофият ҳангоми истеҳсол, интиқол ва фурӯши неруи барқ;

...

Утратило силу в редакции постановления Правительства РТ от 25.11.2021г.№500

Приложение  

к постановлению Правительства 

Республики Таджикистан 

от 22 мая 2021 года, №184

Приложение  

к постановлению Правительства 

Республики Таджикистан 

от 22 мая 2021 года, №184

Положение об основных требованиях к использованию специального счета для управления финансовыми средствами, поступающими от продажи электроэнергии внутри сети открытой акционерной холдинговой компаний "Барки Точик"

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Положение об основных требованиях к использованию специального счета для управления финансовыми средствами, поступающими от продажи электроэнергии внутри сети открытой акционерной холдинговой компанией "Барки Точик" (далее - Положение) разработано в рамках проводимых реформ в отрасли, в целях эффективного управления использованием денежных средств, поступающих от реализации электроэнергии и определения порядка использования этих денежных средств, с учетом международного опыта.

2. Целью Положения является надлежащее и справедливое управление финансовыми средствами между всеми участниками сети и определение основных требований к использованию средств, поступающих на специальный счет от реализации электрической энергии, а также обеспечение целевого и эффективного использования этих финансовых средств.

3. Специальный счет является счетом, открываемым открытой акционерной холдинговой компанией "Барки Точик" (далее - ОАХК БТ) в национальной и иностранной валютах в Государственном сберегательном банке Республики Таджикистан "Амонатбанк" (далее - Банк) с применением специального механизма управления и распределения финансовых средств, поступающих на данный специальный счет от продажи электроэнергии внутри сети ОАХК БТ.

4. Действие Положения распространяется на ОАХК БТ, включая открытое акционерное общество "Шабакахои интиколи барк" (далее ОАО "Шабакахои интиколи барк") и открытое акционерное общество "Шабакахои таксимоти барк" (далее - ОАО "Шабакахои таксимоти барк") и других возможных участников сети ОАХК БТ или электроэнергетического рынка.

5. Основными задачами настоящего Положения являются:

- установление способов справедливого и целевого использования денежных средств, поступающих от реализации электрической энергии внутри республики;

- обеспечение прозрачности при производстве, передаче и реализации электрической энергии;

...