Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 аз 30 апрели соли 2021, № 172

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз «30» апрели соли 2021, № 172

Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.10.2024 № 573)

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ 

1. Барномаи давлатии рушди соҳаи геология барои солҳои 2021-2030 (минбаъд – Барнома) бо мақсади муайян намудани самтҳои асосии омӯзиши геологӣ, азнавбарқароркунӣ, истифода ва ҳифзи захираҳои ашёи минералӣ, назорати равандҳои хатарноки геологӣ, омӯзиш ва мониторинги обҳои зеризаминӣ таҳия гардидааст.

2. Барнома ҷиҳати иҷрои масъалаҳои геологӣ, ки дар Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 пешбинӣ шудааст ва таъмини ҳадафи чоруми стратегии кишвар, яъне саноатикунонии босуръат равона гардидааст.

3. Дар Барнома масъалаҳои ҷустуҷӯ, иктишоф ва барои истифодаи саноатӣ омода намудани конҳои металлҳои сиёҳ, асил, ранга ва нодир, ашёи агросаноатӣ, маводи сохтмонӣ, обҳои зеризаминии минералӣ, термалӣ ва нӯшокӣ, инчунин пешбурди корҳои геологияи муҳандисӣ ва геоэкологӣ пешбинӣ шудаааст.

4. Барнома дар асоси усулҳои банақшагирӣ бо дар назар доштани хусусиятҳои хоси соҳа ва рушди ояндаи минтақаҳои алоҳидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст.

5. Барои расидан ба ҳадафҳои Барнома иҷрои вазифаҳои зерин зарур аст:

- таъмини афзоиши захираҳои канданиҳои фоиданок;

- қонеъ намудани эҳтиёҷоти иқтисодиёти давлат бо захираҳои ашёи минералӣ бо назар доштани таъмини мувозинати сатҳи омӯзиши геологии тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ;

- варақа ба варақа гузаронидани омӯзиши геологии минтақаҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ;

- арзёбии маҷмӯӣ ва дурнамои ҳолати муҳандисӣ-геологӣ, гидрогеологӣ ва истифодаи захираҳои табиӣ ва тибқи тартиби муқарраргардида бо ахбороти зарурӣ таъмин намудани мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва аҳолӣ;

- таъмин ва ташкили омӯзиш, бозомӯзӣ ва баланд бардоштани сатҳи дониши мутахассисони соҳа;

- пешбурди системаи ягонаи фонди иттилооти геологӣ;

- бо маводи моддию техникӣ таъмин намудани корҳои омӯзиши геологии сарватҳои зеризаминӣ;

- гузариш ба стандартҳои байналмилалии ҳисоботҳо (Кодекси JORC ва қолаби CRIRSCO) ва ҳисоби захираҳо бо истифода аз барномаҳои муосири компютерии кӯҳӣ-геологӣ (Micromine, Datamine, Surpac).

6. Хавфи асосие, ки ба миён омадани он метавонад ба таъхир дар иҷрои вазифаҳо, нопурра ё умуман иҷро нагардидани вазифаҳо оварда расонад, ин пурра ва сари вақт маблағгузорӣ нагардидани Барнома мебошад.

2. ВАЗЪИ ОМӮЗИШИ ГЕОЛОГИИ ТОҶИКИСТОН

7. Омӯзиши геологии Тоҷикистон се марҳиларо дар бар мегирад. Марҳилаи якум ин ибтидои омӯзиши геологии Тоҷикистон, ки ба солҳои бистуми асри ХIХ рост меояд. Марҳилаи дуюм аз соли 1928 оғоз гардида, то соли 1992 давом ёфтааст. Дар ин марҳила миқдори зиёди конҳои канданиҳои фоиданоки аҳамияти саноатидошта кашф шуданд. Марҳилаи сеюм давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон мебошад, ки дар ин давра таҳлили корҳои пешин гузаронида шуда, оид ба омӯзиши минбаъда барномаҳои давлатӣ қабул гардиданд.

8. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳудуди Тоҷикистон бо аксбардории геологии майдамиқёси 1:1000000 ва 1:500000 ва аксбардории миёнамиқёси 1:200000 пурра фаро гирифта шуда, ҳолати намуди дигари ин корҳо чунинанд:

1) аксбардории геологии миёнамиқёси 1:100 000 – 37,7 фоиз:

- вилояти Суғд – 53,21 фоиз;

- вилояти Хатлон – 46,75 фоиз

- вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – 25,5 фоиз

- шаҳру ноҳияҳо – 43,23 фоиз;

2) аксбардории геологии калонмиқёси 1:50000 – 41,5 фоиз:

- вилояти Суғд – 74,6 фоиз;

- вилояти Хатлон – 98,0 фоиз;

- вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – 18,46 фоиз;

- шаҳру ноҳияҳо – 44,37 фоиз;

3) аксбардории геологии калонмиқёси 1:25 000 – 18,8 фоиз:

- вилояти Суғд – 25,44 фоиз;

- вилояти Хатлон – 38,52 фоиз;

- вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – 0,96 фоиз

- шаҳру ноҳияҳо– 35,92 фоиз;

4) аксбардории геологии калонмиқёси 1:10 000 – 3,1 фоиз:

- вилояти Суғд – 12,72 фоиз;

- вилояти Хатлон – 0,3 фоиз;

- вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1,28 фоиз

- шаҳру ноҳияҳо – 1,0 фоиз.

9. Рақамҳои дар банди 8 Барномаи мазкур пешбинишуда, нишон медиҳанд, ки дар баробари дастовардҳои муҳим ҷиҳати ба охир расонидани корҳои аксбардории геологии майдамиқёс иҷрои ҳаҷми корҳои зиёди аксбардории геологии миқёсҳои 1:100 000, 1:50 000 ва калонтар зарур аст.

10. Натиҷаҳои корҳои аксбардорию ҷустуҷӯии геологии солҳои охир нишон медиҳанд, ки имконияти кушодани конҳои нав дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёданд.

11. Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Саридораи геология) дар баробари корҳои аксбардории геологӣ, ҷустуҷӯӣ ва иктишофи геологӣ ҷиҳати кашф ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданоки сахт, инчунин корҳои гидрогеологӣ, геологияи муҳандисӣ ва геоэкологиро иҷро менамояд. Ин корҳо аз пешбурди кадастри давлатии обҳои зеризаминӣ, омӯзиши низом ва ченкунии сатҳи онҳо, ошкор намудани минтақаҳои зоҳиршавии равандҳои хатарноки экзогенӣ ва миқёси зарари онҳо, омӯзиши майдонҳои партовгоҳҳо ва хоктӯдаҳои ҷинсҳои кӯҳӣ иборат мебошанд.

12. Ҳолати аксбардории гидрогеологӣ ва муҳандисии геологии миқёсҳои гуногуни ҳудуди ҷумҳурӣ дар нақшаҳои зерин оварда шудаанд:


Ҳолати омӯзиши гидрогеологии ҳудуди Тоҷикистон бо миқёсҳои гуногун (фоиз)

 


Ҳолати омӯзиши муҳандисӣ-геологии ҳудуди Тоҷикистон бо миқёсҳои гуногун (фоиз)

 



13. Саридораи геология тибқи Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020 омӯзиши геологии сарватҳои зеризаминиро бо истифода аз маблағҳои буҷети давлатӣ аз рӯи 51 лоиҳа ба маблағи 96 605 100,0 сомонӣ дар объектҳои металлҳои сиёҳ 4 объект, металлҳои ранга – 7, металлҳои қимматбаҳо – 9, металлҳои нодир – 4, сангҳои худҷило ва ороишӣ – 4, ашёи радиоактивӣ – 3, гидрогеология, геологияи муҳандисӣ ва геоэкология – 8, геофизикӣ – 5, мавзӯӣ – 2 ва нигоҳдорӣ – 5 объект иҷро намуд. Дар 14 объект аз сабаби пурра маблағгузорӣ нашудан корҳои омӯзиши геологӣ оғоз нагардид, маблағгузории 4 объект, аз сабаби гирифтани иҷозатномаи ҳуқуқи истифодабарии қаъри замин аз тарафи ширкатҳо боздошта шуд ва 18 объекте, ки дар онҳо корҳо оғоз гардиданду анҷоми мантиқии худро тақозо менамоянд, ба Барнома ворид карда шуд.

14. Дар рафти иҷрои барномаи номбаршуда бо мақсади ҷалби сармоя ва ривоҷи корҳои иктишофи геологӣ бо истифода аз технологияҳои муосир ҳамкориҳо бо ширкатҳои ватанию хориҷӣ ба роҳ монда шуданд.

15. Давоми солҳои 2012-2020 дар Шӯрои илмӣ-техникии Саридораи геология 250 лоиҳаи корӣ оид ба омӯзиши геологӣ, 243 ҳисоботи геологӣ, 41 ҳисоботи геологӣ-иттилоотӣ ва 26 ҳисоботи азнавҳисобкунии захираҳо баррасӣ шуданд.

16. Дар ин давра дар Комиссияи давлатии захираҳои канданиҳои фоиданоки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботҳои геологӣ ва бозҳисобкунии захираҳо аз экспертизаи давлатӣ гузашта, захираҳои ҳисобшуда бо категорияҳои гуногун тасдиқ гардиданд.

17. Дар натиҷаи корҳои геологии гузаронидашуда ва азнавҳисобкунии захираҳо дар объектҳои аз ҳисоби буҷети давлат ва сармоягузорон маблағгузоришуда ба ҳолати 1 январи соли 2020 нисбат ба соли 2012 афзоиши захираҳои металлҳои сиёҳ, аз ҷумла оҳан – 2,2 фоиз, металлҳои ранга, аз ҷумла сурб – 27,5 фоиз, руҳ – 37,6 фоиз, мис – 13,0, фоиз, қалъагӣ – 5,4 фоиз, сурма – 39,1 фоиз, симоб – 1,5 фоиз, металлҳои қиматбаҳо, аз ҷумла тилло – 31,4 фоиз, нуқра – 10,7 фоиз, маводи сохтмонӣ ва ороишӣ, аз ҷумла оҳаксанг – 1,4 фоиз, габбро – 44,1 фоиз, мармар – 1,8 фоиз, гранит – 33,9 фоиз, гаҷсанг – 3,2 фоиз, регу шағал – 5,1 фоиз ва гил 10,8 фоиз бо категорияҳои В, С1 ва С2 таъмин гардида, аз ин ҳисоб баланси давлатии захираҳои канданиҳои фоиданок ғанӣ гардид.

3. МУШКИЛОТИ АСОСИИ СОҲА

18. Сари вақт ва босифат гузаронидани омӯзиши геологӣ ва иҷрои вазифаҳои дар Барнома муайяншуда аз дараҷаи таҷҳизонии техникии соҳа вобастагӣ дорад.

19. Арзиши фондҳои асосии Саридораи геология ба ҳолати 1 январи соли 2020 дар маҷмӯъ 23210206 сомонӣ, аз ҷумла иморатҳо ва иншоот – 4945621 сомонӣ, таҷҳизот – 8698840 сомонӣ, воситаҳои нақлиёт – 4586699 сомонӣ, фондҳои дигар 4979046 сомониро ташкил медиҳад.

20. Фарсудашавии фондҳои асосӣ 12987686 сомониро ташкил дода, арзиши боқимондаи фондҳои асосӣ ба 10222520 сомонӣ баробар аст. Фарсудашавии миёнаи ҳамаи фондҳои асосӣ 44 фоизро ташкил медиҳад, ки асосан ба биноҳо ва иншоот рост меояд. Илова ба ин, биною иншоот низ ба таъмири асосӣ ва ҷорӣ ниёз доранд. Дар тавозуни корхонаҳо хобгоҳҳо барои зисти кормандон мавҷуд мебошанд. Чунин хобгоҳҳо панҷ адад буда, дар шаҳрҳои Душанбе, Панҷакент, Гулистон, Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ ҷойгиранд. Бинобар ин зарур аст, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ аз рӯи моддаи «маблағгузории асосӣ» барои таъмири биною иншоот ҷудо намудани маблағ дар ҳаҷми 1800000 сомонӣ пешбинӣ карда шавад. Ин имкон медиҳад, ки бинои хобгоҳҳо пурра таъмир гардида, кормандони соҳа қисман бо манзил таъмин карда шаванд.

21. Аксари техника ва таҷҳизоти Саридораи геология, гарчанде қисман коршоям бошанд ҳам, вале куҳна ва фарсуда гаштаанд. Фарсудашавии таҷҳизот ва воситаҳои нақлиёт бошад ба ҳисоби миёна ба 37 фоиз баробар аст ва ин ҳолат азнавкунии мунтазами таҷҳизот, воситаҳои нақлиёт ва техникаи заминкобиро тақозо менамояд.

22. Барои хариди таҷҳизот ва воситаҳои техникии нав то соли 2030, 15982116 сомонӣ зарур аст. Навсозии таҷҳизот, воситаҳои нақлиёт ва техникаи заминкобӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, бо роҳи ҳар сол ҷудо намудани маблағҳо аз рӯи моддаи «маблағгузории асосӣ», ҳамчунин аз ҳисоби манбаъҳои дигар –истифодаи маблағҳои сармоягузорон, сафарбарсозии грантҳо (асосан таҷҳизоти лабораторӣ, дастгоҳҳои пармакунӣ, компютерҳо бо таъминоти барномавӣ) имконпазир мебошад. Эҳтиёҷоти зерсохторҳои Саридораи геология ба техникаи иктишофи геологӣ ва таҷҳизоти дигари зарурии нав ба ҳолати 1 январи соли 2020 бо дар назар доштани афзоиши ҳаҷми корҳои иктишофи геологӣ то соли 2030 ва маблағи зарурӣ барои хариди онҳо дар замимаи 1 нишон дода шудаанд.

23. Натиҷаи ниҳоии тамоми намуди корҳои иктишофи геологӣ аз намунагирии дуруст ва ташхиси дақиқи намунаҳо вобастагӣ дорад. Имрӯз дар соҳаи омӯзиши геологии ҷумҳурӣ лабораторияи ҷавобгӯи талаботи байналмилалӣ вуҷуд надорад. Бинобар ин, аксарияти ширкатҳои хориҷию ватанӣ, ки ба истифодаи сарватҳои зеризаминӣ машғуланд, ташхисҳои лабораториро берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ мегузаронанд, ки боиси берун рафтани маблағ мегардад. Аз ин рӯ, мувофиқи мақсад аст, ки аз ҳисоби маблағҳои сармоягузорон ва сафарбарсозии грантҳои байналмилалӣ ташхисгоҳи муосиру ҷавобгӯи талаботи байналмилалӣ сохта шавад.

24.Айни замон лабораторияҳои амалкунанда – ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ташхисгоҳи геологӣ», лабораторияи комплексии химиявии корхонаи воҳиди «Экспедитсияи комплексии геологии Қайроққум» ва лабораторияи химиявии корхонаи воҳиди «Экспедитсияи иктишофи геологии Моғиён» таъмирталабанд. Барои таъмири ҳар кадом биноҳои лабораторияҳо зарур аст, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ аз рӯи моддаи «маблағгузории асосӣ» барои таъмир дар ҳаҷми 1500000 сомонӣ маблағ пешбинӣ карда шавад.

25. Дар самти рақамикунонии маводи геологӣ корҳои зиёдеро ба анҷом расонидан зарур аст. Дар Саридораи геология дар доираи лоиҳаи «Баланд бардоштани рақобатнокии бахши хусусӣ», ки аз ҷониби Бонки Умумиҷаҳонӣ маблағгузорӣ шуда буд, дар солҳои 2018-2019, 4 млн 954 ҳазор саҳифаи ҳисоботҳои геологӣ ва 342 ҳазору 152 харитаи геологии гуногунмиқёс ба ҳомили электронӣ гузаронида шуд. Аз ин миқдор танҳо 20 ҳазор 755 харитаи геологӣ рақамӣ кунонида шуданд.

26. Айни замон корхонаҳои бузурги истихроҷи маъдани ҷумҳурӣ барои ҳисоби захираҳои канданиҳои фоиданок аз барномаҳои муосири технологияҳои рақамӣ (GIS, Micromine, Datamine ва Surpac) истифода мебаранд. Бинобар ин дар соҳаи геологияи ҷумҳурӣ ҳисоби захираҳои канданиҳои фоиданок бояд бо истифода аз ин барномаҳо ба роҳ монда шавад. Ҳамзамон, барои экспертиза ва тасдиқи захираҳо дар Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок, инчунин ҷалби сармояи хориҷӣ ба соҳа, бояд ҳисоботҳои геологӣ оид ба ҳисоби захираҳои канданиҳои фоиданок тибқи стандартҳои байналмилалӣ – Кодекси Кумитаи муштараки захираҳои маъдан (Кодекси JORC) ва қолаби Кумитаи стандартҳои байналмилалии ҳисоботдиҳӣ оид ба захираҳои канданиҳои фоиданоки сахт (қолаби CRIRSCO) тартиб дода шаванд, ки бе истифодаи технологияҳои рақамӣ ғайриимкон аст. Харидории барномаҳои муосири технологияҳои рақамӣ ба маблағгузорӣ аз буҷети давлатӣ ниёз дорад.

27.Дар сатҳи баланди касбӣ иҷро намудани вазифаҳои дар Барнома пешбинишуда, пеш аз ҳама, аз неруи кадрӣ вобастагӣ дорад. Ба ҳолати 1 январи соли 2020 дар системаи Саридораи геология 815 корманд, аз ҷумла 383 корманди дорои таҳсилоти олӣ фаъолият доранд. Ҳисоби миёнаи синну соли мутахассисон 39 солро ташкил медиҳад. Дар соҳа 36 нафар хизматчии давлатӣ фаъолият менамоянд. Ҳайати кадрҳо ба ҳолати 1 январи соли 2020 чунин аст:

- роҳбарон – 18 фоиз;

- мутахассисон – 60 фоиз;

- коргарон – 21,5 фоиз.

28.Соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ба мутахассисони касбҳои гуногуни ҳам дорои таҳсилоти олӣ ва ҳам дорои таҳсилоти миёнаи махсус эҳтиёҷ дорад. Дар ҷумҳурӣ тайёр кардани мутахассисони соҳаи геология дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев ва Донишгоҳи давлатии Данғара аз рӯи ихтисосҳои аксбардории геологӣ, ҷустуҷӯ ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок, истихроҷи конҳои канданиҳои фоиданок бо усулҳои зеризаминӣ ва рӯизаминӣ, амалиёти маркшейдерӣ, иқтисодчӣ дар соҳаи саноати кӯҳкорӣ ва геологӣ-иктишофӣ, гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ ва геофизика ба роҳ монда шудааст. Дар назар аст, ки норасоии кадрӣ дар сохторҳои тобеи Саридораи геология аз ҳисоби хатмкунандагони ин муассисаҳо пурра карда мешавад.

29. Тайёр намудани мутахассисон аз рӯи ихтисосҳои соҳавие, ки дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии кишвар нестанд, дар давлатҳои хориҷӣ тибқи стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон», инчунин дар доираи шартномаҳои ҳамкорӣ байни Саридораи геология бо Институти федералии илмҳои геологӣ ва захираҳои табиии Ҷумҳурии Федеративии Олмон, Хадамоти геологии Британия ва Хадамоти геологии Ҷумҳурии Мардумии Чин ва дигар санадҳо ҳамкорӣ амалӣ мегардад.

30.Барои иҷрои корҳои лоиҳавии омӯзиши геологӣ бояд коргарони касбӣ – устоҳои корҳои кӯҳӣ ва пармагарӣ, таркишгарон, кафшергарҳо ва ихтисосҳои дигар ҷалб карда шаванд. Барои ҳалли масъалаи мазкур дар назди Саридораи геология муассисаи давлатии «Маркази таълимии бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо» фаъолият мекунад, ки дар он омӯзонидани мутахассисони болозикр пешбинӣ шудааст. Ҳамзамон, ҷиҳати ҷалби мутахасиссисони ҷавон, инъикоси хусусият ва дастовардҳои соҳаи геология дар Саридораи геология ҳармоҳа рӯзномаи «Ганҷ» чоп мегардад. Сохторҳои мазкур ба маблағгузорӣ аз буҷети давлатӣ ниёз доранд.

31. Талаботи сохторҳои тобеи Саридораи геология ба мутахассисон барои солҳои 2021-2030 мутобиқи замимаи 2 пешбинӣ шудааст.

32. Айни замон дар соҳаи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ суръати коркард ва истихроҷи захираҳои канданиҳои фоиданок нисбати афзунгардонии захираҳои онҳо баланд аст. Сабаб ин аст, ки дар соҳаи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ миқдори корхонаҳои истихроҷи канданиҳои фоиданок нисбати корхонаҳои ба омӯзиши геологӣ машғулбуда якчанд маротиба зиёд аст. Барои дар оянда таъмин намудани корхонаҳои дар соҳаи истихроҷи канданиҳои фоиданок амалкунанда ва сохташаванда бо захираҳои ашёи минералӣ бояд ин таносуб баръакс бошад. Таҳлили маблағгузории Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020 нишон дод, ки маблағҳои ҷудогардида нокифоя буда, барои иҷрои пурраи корҳои пешбинишудаи омӯзиши геологӣ ва азнавсозии фондҳои асосӣ имкон надоданд.

33. Ислоҳоти қонунгузорӣ бояд барои ташаккули низоми нави идоракунии соҳа равона гардида, ба содагардонии дастрасӣ ба захираҳои табиӣ ва муайян намудани манбаи маблағгузорӣ заминаи мустаҳкам гузорад. Бо ин мақсад зарур аст, ки дар қонунгузорӣ барои омӯзиши геологии захираҳои табиӣ баъзе тағйиру иловаҳо вобаста ба муайян намудани манбаи маблағгузорӣ ворид карда шаванд.

4. САМТҲОИ КОРҲОИ ОМӮЗИШИ ГЕОЛОГӢ

34. Таҳлили натиҷаи корҳои қаблии омузиши геологӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки имконияти кашфи конҳои нави канданиҳои фоиданок ҳанӯз ҳам пурра истифода нашудааст.

35. Иҷрои Барнома имкон медиҳад, ки корхонаҳои саноати кӯҳии амалкунанда бо захираҳои ашёи минералӣ таъмин гарданд ва иқтидорҳои нав бо назар доштани таъмини рушди мунтазами соҳаи коркарди канданиҳои фоиданок сохта шаванд.

36. Самтҳои корҳои омӯзиши геологӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ва сармоягузорӣ барои солҳои 2021-2030 мутобиқи замимаҳои 3 ва 4 пешбинӣ шудааст.

37. Соҳаи омӯзиши геологӣ дорои хусусиятҳои хос мебошад, ки дар он дар баробари дастовардҳо гирифтани натиҷаҳои манфӣ низ ҷой дорад. Бинобар ин, барои роҳ надодан ба хароҷоти ғайрисамаранок корҳои омӯзиши геологӣ марҳила ба марҳила гузаронида мешаванд. Ҳамзамон, муҳлати иҷрои корҳои пешбинишуда дар асоси лоиҳаҳои корӣ муайян карда мешаванд.

5. МАБЛАҒГУЗОРИИ БАРНОМА

38.Маблағгузории Барнома аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва сармоягузорони ватанию хориҷӣ ба нақша гирифта шудааст. Инчунин маблағгузории объектҳои алоҳидаи Барнома метавонад дар доираи шарикии давлат ва бахши хусусӣ ва консессия амалӣ карда шавад.

39. Иҷрои Барнома аз ташкили механизми маблағгузорӣ вобастагӣ дорад. Аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузории корҳои омӯзиши геологии қаъри замин бояд чунин сурат гирад, ки рушди пайвастаи соҳаи геологияи ҷумҳурӣ ва иҷрои ҳадаф ва вазифаҳои Барномаро таъмин намояд. Барои ин зарур аст, ки Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории корҳои омӯзиши геологии қаъри заминро ба тарзи пешпардохт дар ҳаҷми 20% аз меъёри семоҳаи пешбинишуда, дар ҳудуди лимити муқаррарнамуда, таъмин намояд.

40. Дар Барнома тақсимоти маблағҳо аз буҷети давлатӣ барои объектҳое, ки пештар дар онҳо корҳо оғоз гардиданду анҷоми мантиқии худро тақозо менамоянд, инчунин маблағҳо барои объектҳои ашёи минералӣ, ки вақтҳои наздик аз ҷониби корхонаҳои истихроҷкунанда дархост карда мешаванд, пешбинӣ гардидааст.

41. Иҷрои корҳои иктишофи геологӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ то марҳилаи иктишофи қаблӣ пешбинӣ шуда, барои ба охир расонидани корҳо ҷиҳати ба азхудкунии саноатӣ тайёр кардани конҳо хароҷот ба зиммаи сармоягузорон гузошта мешавад.

42. Омӯзиши геологии сарватҳои зеризаминӣ, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мегардад, аз тарафи сохторҳои Саридораи геология амалӣ мегардад.

43. Маблағгузорӣ аз ҳисоби сармоягузорони ватанию хориҷӣ барои омӯзиши сарватҳои зеризаминӣ баъд аз гирифтани иҷозатнома амалӣ карда мешавад.

44. Маблағгузории Барнома аз ҳисоби буҷети давлатӣ мутобиқи замимаи 5 пешбинӣ шудааст.

6. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

45. Иҷрокунандаи асосии Барнома Саридораи геология муайян карда мешавад.

46.Мониторинг, таҳлил ва арзёбии Барнома тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

47. Натиҷаҳои чашмдошти Барнома ва индикаторҳое, ки тавассути онҳо дараҷаи пешрафт дар ноилгардии он арзёбӣ мешавад, чунин мебошанд:

- дар натиҷаи бозҳисобии захираҳои конҳои канданиҳои фоиданоки коркардшаванда ва гузаронидани корҳои дақиқи иктишофи геологӣ афзоиши захираҳои канданиҳои фоиданок таъмин карда мешавад;

- дар натиҷаи гузаронидани корҳои ҷустуҷӯӣ-арзёбӣ, иктишофи қаблӣ ва дақиқи геологӣ эҳтиёҷоти иқтисодиёти давлат бо захираҳои ашёи минералӣ қонеъ карда мешавад;

- дар натиҷаи варақа ба варақа гузаронидани омӯзиши геологии минтақаҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ, харитаҳои гуногунмиқёси геологӣ, геохимиявӣ, гидрогеологӣ, муҳандисӣ-геологӣ тартиб дода шуда, майдонҳои маъданӣ, зуҳурот ва аномалияҳои канданиҳои фоиданок барои марҳилаҳои минбаъдаи омӯзиши геологӣ муайян карда мешаванд;

- дар натиҷаи арзёбии маҷмӯӣ ва дурнамои ҳолати муҳандисӣ-геологӣ, гидрогеологӣ ва истифодаи захираҳои табиӣ мувофиқи тартиби муқарраргардида мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва аҳолӣ бо ахбори зарурӣ таъмин карда мешаванд;

- дар натиҷаи таъмин ва ташкили омӯзиш, бозомӯзӣ ва баланд бардоштани сатҳи дониши мутахассисони соҳа норасоии кадрӣ дар соҳа аз ҳисоби хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии техникӣ ва миёнаи махсуси ҷумҳурӣ ва кишварҳои хориҷӣ таъмин карда мешавад;

- дар натиҷаи пешбурди системаи ягонаи фонди иттилооти геологӣ баҳисобгирӣ ва мураттабсозии кулли ахбори геологӣ оид ба сарватҳои зеризаминии ҷумҳурӣ ва истифодаи босамари он барои асосноксозии самтҳои афзалиятноки корҳои иктишофи геологӣ, ҳангоми таҳияи барномаҳои азхудкунӣ ва азнавбарқароркунии манбаи ашёи минералии ҷумҳурӣ ва пешгирии такроран гузаронидани корҳо оид ба омӯзиши геологии сарватҳои зеризаминӣ таъмин карда мешавад;

- дар натиҷаи бо маводи моддию техникӣ таъмин намудани корҳои омӯзиши геологии сарватҳои зеризаминӣ эҳтиёҷоти зерсохторҳои Саридораи геология ба техникаи иктишофи геологӣ ва таҷҳизоти дигари зарурӣ қонеъ карда мешаванд;

- дар натиҷаи гузариш ба стандартҳои баналмилалии ҳисоботҳо (Кодекси JORC ва шаблони CRIRSCO) ва ҳисоби захираҳо бо истифода аз барномаҳои муосири компютерии кӯҳӣ-геологӣ (Micromine, Datamine, Surpac) стандартҳои соҳавии ҷумҳурӣ ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ карда мешаванд.


Замимаҳои 1-5 (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.10.2024 № 573)

Утверждена

 постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 30 апреля 2021 года, №172

Государственная программа развития геологической отрасли Республики Таджикистан на 2021-2030 годы

(в редакции пост. Правительства РТ от 30.10.2024 №573)


* Государственная программа  (в редакции пост. Правительства РТ от 30.10.2024 №573)