Тартиби пешбурди феҳристи ҳунармандӣ аз 27 апрели соли 2021, № 153

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замима

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 27 апрели соли 2021 ,№ 153

Замима

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 27 апрели соли 2021 ,№ 153

Тартиби пешбурди феҳристи ҳунармандӣ

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Тартиби пешбурди феҳристи ҳунармандӣ (минбаъд - Тартиб) раванди пешбурд ва воридсозии иттилоот ба феҳрист ва хориҷ намудани иттилоотро аз он муайян намуда, бо мақсади инъикоси минбаъдаи рушди фаъолияти ҳунармандӣ, иштироки шахсони воқеӣ дар истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандӣ ва шуғли аҳолӣ аз рӯи намудҳои он таҳия гардидааст.

2. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳунармандӣ оид ба пешбурди феҳристи ҳунармандӣ Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳунармандӣ) мебошад.

2. ТАРТИБИ ПЕШБУРД ВА ВОРИДСОЗИИ ИТТИЛООТ БА ФЕҲРИСТ ВА ХОРИҶ НАМУДАНИ ИТТИЛООТ A3 ОН

3. Таҳия ва пешбурди феҳрист мутобиқи ҳамин Тартиб дар шаклҳои коғазӣ ва электронӣ амалӣ гардида, дар ҳолати номутобиқатии иттилооти коғазӣ бо электронӣ, шакли коғазии он афзалият дорад.

4. Ворид ва хориҷ кардани иттилоот дар бораи субъектҳои ҳунармандӣ аз феҳрист (новобаста аз ҷойи бақайдгирии он) дар асоси қарори мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳунармандӣ амалӣ карда мешавад, агар субъектҳои ҳунармандӣ ҳиссаи дар маҷмӯъ муқаррарнамудаи қонунгузории соҳаи ҳунармандиро дар раванди истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандӣ ва шуғли аҳолӣ доро бошад.

5. Ҳангоми тартиб додани феҳрист мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳунармандӣ иттилооти зерини тасдиқкунанда оид ба мавҷудият ё надоштани ҳиссаи субъектҳои ҳунармандӣ дар раванди истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандӣ ва шуғли аҳолиро, ки бо қонунгузории соҳаи ҳунармандии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст, истифода намояд:

- натиҷаҳои таҳлил ва баҳодиҳии ҳолати ҳунармандӣ дар раванди истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандӣ ва шуғл, ки мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳунармандӣ гузаронидааст;

 - натиҷаҳои таҳлили фаъолияти субъектҳои ҳунармандӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳунармандӣ, ки бо қонунвайронкунии соҳаи ҳунармандӣ алоқаманд мебошанд, инчунин дархостҳо, огоҳиномаҳо ва маълумот, ки ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳунармандӣ пешниҳод мешаванд;

...

Приложение

к постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от 27 апреля 2021 года, №153

Приложение

к постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от 27 апреля 2021 года, №153

Порядок ведения реестра ремесленничества

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Порядок ведения реестра ремесел (далее - Порядок) определяет процесс продвижения и включения информации в реестр и исключения ее из него и разработан с целью дальнейшего отражения развития ремесел, участия физических лиц в производстве изделий кустарного промысла и занятости по их видам.

2. Уполномоченным государственным органом в области ремесел по ведению реестра ремесленничества является Министерство труда, миграции и занятости Республики Таджикистан (далее - уполномоченный государственный орган в области ремесел).

2. ПОРЯДОК ВЕДЕНИЯ И ВКЛЮЧЕНИЯ ИНФОРМАЦИИ В РЕЕСТР И ИСКЛЮЧЕНИЯ ЕЕ ИЗ НЕЙ

3. Разработка и ведение реестра в соответствии с настоящим Порядок осуществляется в бумажной и электронной формах, а в случае несоответствия бумажной информации с электронной, ее бумажная форма имеет преимущественную силу.

4. Внесение и исключение информации о субъектах ремесленничества из реестра (независимо от места его регистрации) осуществляется на основании решения уполномоченного государственного органа в области ремесел, если субъекты ремесленничества имеют долю в производстве и занятности населения, установленную в общем законодательством о ремеслах.

5. При составлении реестра уполномоченный государственный органа в области ремесел использует следующие сведения, подтверждающие наличие или отсутствие доли субъектов ремесленничества в процессе производства изделий ремесленничества и занятости, определенной законодательством Республики Таджикистан о ремеслах:

- результаты анализа и оценки состояния ремесел в процессе производства изделий ремесленничества и занятости, проведенных уполномоченным государственным органом в области ремесел;

- результаты анализа деятельности субъектов ремесленничества уполномоченным государственным органом в области ремесел в связи с нарушениями законодательства в сфере ремесел, а также запросы, уведомления и сведения, представляемые в уполномоченный государственный органа в области ремесел;

...