ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ МУРОФИАВИИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
10 феврали соли 2021, № 324
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
16 апрели соли 2021, № 141
ҷонибдорӣ карда шуд.
Моддаи 1. Ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2009 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, №12, мод. 815, мод. 816; с. 2010, №7, мод. 551; с. 2011, №3, мод. 159, №7-8, мод. 609; с. 2012, №4, мод. 259, №7, мод. 714, №8, мод. 815, №12, қ.1, мод. 1020, мод. 1025; с. 2013, №7, мод. 510, мод. 511; с. 2014, №3, мод. 142, №11, мод. 643; с. 2015, №11, мод. 950; с. 2016, №3, мод. 128, №5, мод. 357, №7, мод. 610, мод. 611; с. 2017, №1-2, мод. 4; с. 2018, №5, мод. 267; с. 2019, №1, мод. 3; с. 2020, №7-9, мод. 602, мод. 608; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 январи соли 2021, №1755), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба қисми 3 моддаи 9 ҷумлаи якум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Қарори суд, судя, прокурор, муфаттиш, таҳқиқбаранда бояд қонунӣ ва асоснок бошад.".
2. Дар моддаи 11:
- қисми 5 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"5. Суд, судя, прокурор, муфаттиш ва таҳқиқбаранда ӯҳдадоранд дар доираи ваколати худ шахси ғайриқонунӣ дастгиршуда ё аз озодӣ маҳрумшуда, ё ин ки ғайриқонунӣ дар муассисаҳои тиббӣ ё рӯҳӣ ё дар ҳабс, ё ҳабси хонагӣ зиёда аз мӯҳлати дар Кодекси мазкур пешбинигардида нигоҳ дошташударо фавран озод намоянд.";
- қисми 5 қисми 6 ҳисобида шавад.
3. Ба моддаи 14 пас аз калимаи "танҳо" калимаҳои "бо қарори суд" илова карда шаванд.
4. Ба қисми 1 моддаи 22 пас аз калимаи "лаҳзаи" калимаи "воқеан" илова карда шавад.
5. Қисми 1 моддаи 23 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"1. Иштирокчиёни мурофиа, шаҳрвандон, намояндагони корхона, муассиса ва ташкилотҳои ба пешбурди парвандаи ҷиноятӣ манфиатдор ҳуқуқ доранд мутобиқи тартиб ва мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур аз амали (беамалии) шахсони масъул ё аз болои қарори суд, судя, прокурор, сардори воҳиди тафтишотӣ, муфаттиш, сардори воҳиди таҳқиқ ва таҳқиқбаранда шикоят кунанд.".
6. Ба матни моддаи 35(1) пас аз калимаи "мутобиқи" калимаҳои "ҳамин Кодекс ва" илова карда шаванд.
7. Ба қисми 1 моддаи 38 сархати панҷум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"- муфаттишро аз пешбурди парвандаи ҷиноятӣ дур созад, агар муфаттиш талаботи Кодекси мазкурро вайрон карда бошад;".
8. Сархати чоруми қисми 2 моддаи 60 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- коромӯзон, ёрдамчиёни ғайривоҳидӣ (ҷамъиятӣ) ва кормандони воҳидии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.".
9. Дар моддаи 85:
- қисми 1 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"1. Исбот кардан аз ҷамъ овардан, тафтиш ва баҳодиҳии далелҳо бо мақсади муқаррар кардани ҳолатҳое, ки дар қисми 2 моддаи мазкур пешбинӣ шудаанд, иборат мебошад.";
- матни модда қисми 2 ҳисобида шуда, рақамгузорӣ карда шавад.
10. Моддаи 119(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Моддаи 119(1). Тартиби ирсол намудани шикояти шахси дастгиршуда ё таҳти ҳабс қарордошта
1. Маъмурияти ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан ӯхдадор аст фавран ба мақомоти пешбурди мурофиаи ҷиноятӣ шикояти шахси дастгиршуда ё таҳти ҳабс қарордоштаро, ки ба унвонии он ирсол гардидааст, супорад.
2. Маъмурияти ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан ӯҳдадор аст шикояти шахси дастгиршуда ё таҳти ҳабс қарордоштаро оид ба шиканҷа, дигар намудҳои муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф, инчунин оид ба амал ва қарори корманди мақомоти таҳқиқ ва муфаттиш на дертар аз се шабонарӯз ба прокурор ё суд, шикоят оид ба амал ва қарори прокурорро ба прокурори болоӣ ё суд супорад. Дигар шикоятҳо бояд дар ҳамин мӯҳлат пас аз ворид шудани онҳо ба маъмурияти ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан ба шахс ё мақоме, ки парвандаи ҷиноятӣ дар пешбурди он қарор дорад, супорида шаванд.".
11. Қисми 1 моддаи 259 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"1. Дар ҳолатҳои алоҳида бо мақсади пурра ва холисона баррасӣ кардани парвандаи ҷиноятӣ онро аз як суд ба дигар суди монанд супурдан мумкин аст. Бо ин асосҳо супурдани парвандаи ҷиноятӣ танҳо пеш аз оғози баррасии он дар маҷлиси суд дар ҳолатҳои зерин иҷозат дода мешавад:
- бо дархости тарафҳо дар ҳолати қаноатбахш кардани раддия ба ҳайати пурраи суд тибқи талаботи моддаи 63 Кодекси мазкур;
- бо дархости тарафҳо ё бо пешниҳоди раиси суд, агар қаблан парвандаи ҷиноятӣ аз ҷониби ҳамин ҳайати суд баррасӣ гардида бошад;
- бо дархости тарафҳо, ё ин ки бо пешниҳоди раиси суд, агар на ҳама иштирокчиёни мурофиаи судӣ дар ҳудуде, ки парванда баррасӣ мегардад, истиқомат кунанд ва ҳамаи айбдоршавандаҳо барои тағйир додани тобеияти судии ҳудудии парвандаи ҷиноятии мазкур розӣ бошанд.".
12. Ҷумлаи сеюми қисми 1 моддаи 369 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Сипас раисикунанда ҳайати суд, насаб, ном ва номи падари шахсони ба сифати тараф дар маҷлиси судӣ ҳузурдошта ва тарҷумонро эълон намуда, ба онҳо изҳори рад намуданро мефаҳмонад ва аз онҳо мепурсад, ки аризаҳои радкунӣ доранд ё не.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
20 апрел соли 2021, № 1777
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В УГОЛОВНО-ПРОЦЕССУАЛЬНЫЙ
КОДЕКС РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
Принят Постановлением МН МОРТ
от 10 февраля 2021 года, №324
Одобрен Постановлением ММ МОРТ
от 16 апреля 2021 года, №141
Статья 1. Внести в Уголовно-процессуальный кодекс
Республики Таджикистан, принятый Законом Республики Таджикистан от 3 декабря
2009 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2009 г., №12, ст. 815,
ст. 816; 2010 г., №7, ст. 551; 2011 г., №3, ст. 159, №7-8, ст. 609; 2012 г., №4,
ст. 259, №7, ст. 714, №8, ст. 815, №12, ч.1, ст. 1020, ст. 1025; 2013 г., №7,
ст. 510, ст. 511; 2014 г., №3, ст. 142, №11, ст. 643; 2015 г., №11, ст. 950;
2016 г., №3, ст. 128, №5, ст. 357, №7, ст. 610, ст.611; 2017 г., №1-2, ст. 4;
2018 г., №5, ст. 267; 2019 г., №1, ст. 3; 2020 г., №7-9, ст. 602, ст. 608; Закон
Республики Таджикистан от 29 января 2021 года, №1755), следующие изменения и
дополнения:
1. Часть 3 статьи 9 дополнить первым предложением следующего содержания:
"Постановление суда, судьи, прокурора, следователя, дознавателя должно быть
законным и обоснованным.".
2. В статье 11:
- дополнить частью 5 следующего содержания:
"5. Суд, судья, прокурор, следователь и дознаватель обязаны в пределах своих
полномочий незамедлительно освободить лицо, незаконно задержанное или лишенное
свободы, или незаконно содержащееся в медицинских или психиатрических
учреждениях, или под арестом, или под домашним арестом, свыше срока,
предусмотренного настоящим Кодексом.";
- часть 5 считать частью 6.
3. Предложение третье статьи 14 после слова "только" дополнить словами "по
постановлению суда,".
4. Часть 1 статьи 22 после слова "момента" дополнить словом
"фактического".
5. Часть 1 статьи 23 изложить в следующей редакции:
"1. Участники процесса, граждане, представители предприятий, учреждений и
организаций, заинтересованные в производстве уголовного дела, имеют право в
порядке и сроки, установленные настоящим Кодексом, обжаловать действия
(бездействие) ответственных лиц или постановление суда, судьи, прокурора,
начальника следственного подразделения, следователя, начальника подразделения
дознания и дознавателя.".
6. Текст статьи 35(1) после слов "соответствии с" дополнить словами
"настоящим Кодексом и".
7. Часть 1 статьи 38 дополнить абзацем пятым следующего содержания:
"- отстранять следователя от ведения уголовного дела, если он нарушил
требования настоящего Кодекса;".
8. Абзац четвертый части 2 статьи 60 изложить в следующей редакции:
"- стажёры, внештатные (общественные) помощники и штатные работники
правоохранительных органов.".
9. В статье 85:
- дополнить частью 1 следующего содержания:
"1. Доказывание состоит из собирания, проверки и оценки доказательств с целью
установления обстоятельств, предусмотренных в части 2 настоящей статьёй.";
- текст статьи считать частью 2 и пронумеровать.
10. Дополнить статьёй 119(1) следующего содержания:
"Статья 119(1). Порядок направления жалобы лица, задержанного или содержащего
под стражей
1. Администрация места заключения под стражей обязана немедленно передавать
органу, ведущему уголовный процесс, адресованные ему жалобы лиц, задержанных или
содержащихся под стражей.
2. Администрация места заключения под стражей обязана немедленно передавать
жалобы лиц, задержанных или содержащихся под стражей, о пытках и других
жестоких, бесчеловечных или унижающих достоинство видах обращения и наказания, а
также на действия и решение сотрудника органа дознания, следователя в срок, не
позднее трёх суток прокурору или суду, а жалобы на действия и решения
прокурора вышестоящему прокурору или суду. Иные жалобы должны быть переданы в
указанный срок лицу или органу, в производстве которого находится уголовное
дело, после их поступления в администрацию места заключения под стражу.".
11. Часть 1 статьи 259 изложить в следующей редакции:
"1. В отдельных случаях, с целью полного и объективного рассмотрения
уголовного дела, оно может быть передано из одного суда в другой такой же суд.
Передача уголовного дела по этим основаниям допускается лишь до начала его
рассмотрения в судебном заседании в следующих случаях:
- по ходатайству сторон в случае удовлетворения отвода всему составу суда
согласно требованиям статьи 63 настоящего Кодекса;
- по ходатайству сторон или по представлению председателя суда, если данное
уголовное дело ранее рассматривалось этим составом суда;
- по ходатайству сторон или по представлению председателя суда, если не все
участники судебного процесса проживают в пределах территории рассматриваемого
дела и все обвиняемые согласны на изменения территориальной ведомственный
подчинённости данного уголовного дела.".
12. Предложение третье части 1 статьи 369 изложить в следующей редакции:
"Далее председательствующий объявляет состав суда, фамилию, имя и отчество
лиц, участвующих в качестве сторон в зале суда, и переводчика, разъясняет им
право заявления отвода и спрашивает у них имеют ли они заявления об
отводе.".
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального
опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 20 апреля 2021 года, №1777