ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИР БА КОДЕКСИ МУРОФИАИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
31 марти соли 2021, № 351
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
16 апрели соли 2021, № 139
ҷонибдорӣ карда шуд.
Моддаи 1. Сархати сеюми қисми 2 моддаи 98 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июли соли 2013 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, №7, мод. 502; с. 2014, №3, мод. 145, №7, қ. 1, мод. 391, №11, мод. 644; с. 2015, №3, мод. 202, №7-9, мод. 709, мод. 710, мод. 711, №11, мод. 956, №12, қ. 1, мод. 1109; с. 2016, №3, мод. 133, №7, мод. 615; с. 2017, №5, қ. 1, мод. 276; с. 2018, №1, мод. 8, №5, мод. 270, мод. 271; с. 2020, №1, мод. 7, №7-9, мод. 601, мод. 605, мод. 622, №12, мод. 902, мод. 903; с. 2021, №1-2, мод. 4), дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- сардори Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ ва муовинони ӯ, сардорони шӯъбаҳои назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор дар ҳамин сарраёсат, сардорони раёсатҳои хадамоти давлатии оташнишонӣ ва муовинони онҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, сардорони шӯъбаҳои хадамоти давлатии оташнишонӣ, сардорони қисмҳои мустақил, тобеъ ва дидбонгоҳҳои алоҳидаи ҳарбикунонидашудаи хадамоти давлатии оташнишонии Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати шаҳру ноҳияҳо, сардорони Дидбонгоҳҳои тобеи қисмҳои мустақили ҳарбикунонидашудаи хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати маҳалҳои аҳолинишин ва иншоотҳои ҳаётан муҳим, нозироти хадамоти давлатии оташнишонӣ дар шаҳру ноҳияҳо, сардорони қисмҳои мустақил ва Дидбонгоҳҳои тобеи ҳарбикунонидашудаи хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба иншоотҳои хоҷагии халқ доир ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурие, ки дар моддаҳои 287 ва 473 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд;".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
20 апрел соли 2021, № 1775
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЯ В ПРОЦЕССУАЛЬНЫЙ КОДЕКС ОБ АДМИНИСТРАТИВНЫХ
ПРАВОНАРУШЕНИЯХ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
Принят Постановлением МН МОРТ
от 31 марта 2021 года, №351
Одобрен Постановлением ММ МОРТ
от 16 апреля 2021 года, №139
Статья 1. Абзац третий части 2 статьи 98 Процессуального кодекса об административных
правонарушениях Республики Таджикистан, принятого Законом Республики
Таджикистан от 22 июля 2013 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан,
2013 г., №7, ст. 502; 2014 г., №3, ст. 145, №7, ч. 1, ст. 391, №11, ст. 644;
2015 г., №3, ст. 202, №7-9, ст. 709, ст. 710, ст. 711, №11, ст. 956, №12, ч. 1,
ст. 1109; 2016 г., №3, ст. 133, №7, ст. 615; 2017 г., №5, ч. 1, ст. 276; 2018
г., №1, ст. 8, №5, ст. 270, ст. 271; 2020 г., №1, ст. 7, №7-9, ст. 601, ст. 605,
ст. 622, №12, ст. 902, ст. 903; 2021 г., №1-2, ст. 4), изложить в следующей
редакции:
"- начальник Главного управления государственной противопожарной службы и его
заместители, начальники отделов государственного надзора за пожарной
безопасностью указанного главного управления, начальники управлений
государственной противопожарной службы и их заместители в Горно-Бадахшанской
автономной области, областях, городе Душанбе, начальники отделов государственной
службы пожарной безопасности, начальники самостоятельных частей, подчиненных и
отдельных постов военизированной государственной противопожарной службы Главного
управления государственной противопожарной службы по охране городов и районов,
начальники подчиненных Постов самостоятельных частей военизированной
государственной противопожарной службы по охране населённых пунктов и особо
важных объектов, инспекции государственного надзора за пожарной безопасностью в
городах и районах, начальники самостоятельных частей и подчиненных Постов
военизированной государственной противопожарной службы по объектам народного
хозяйства по делам об административных правонарушениях, предусмотренных статьями
287 и 473 Кодекса Республики Таджикистан об административных
правонарушениях;".
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального
опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 20 апреля 2021 года, №1775