Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2021, № 1772 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ СУДҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 феврали соли 2021, № 322

қабул карда шуд.

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

16 апрели соли 2021, № 136

ҷонибдорӣ карда шуд.

Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 26 июли соли 2014 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2014, №7, қ. 1, мод. 380; с. 2015, №7-9, мод. 698; с. 2016, №7, мод. 603; с. 2018, №2, мод. 62; Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 январи соли 2021, №1751) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Қисми 3 моддаи 14 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"3. Судя ӯҳдадор аст маҳдудиятҳоро, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат ба коррупсия" пешбинӣ гардидаанд, риоя намояд. Судя ҳангоми таъин (интихоб) шудан ба вазифа ва ҳангоми адои вазифа ӯҳдадор аст ҳар сол бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон эъломияҳо дар бораи даромад ва вазъи молумулкии худ пешниҳод намояд. Маълумоти пешниҳодшуда, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ошкор карда намешавад.".

2. Моддаи 17 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Моддаи 17. Савганди судя

1. Шахсе, ки бори аввал ба вазифаи судя таъин шудааст, дар вазъияти тантанавӣ дар ҷамъомади судяҳо чунин савганд ёд мекунад: "Ботантана савганд ёд мекунам, ки вазифаи худро бошарафона, холисона, поквиҷдонона ва одилона иҷро менамоям, танҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонун итоат карда, адолати судиро амалӣ менамоям. Барои вайрон намудани савганди ёдкардаам худро дар назди ҷомеа ва давлат масъул меҳисобам".

2. Ҳангоми маросими савгандёдкунии судя Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешаванд.

3. Ҳангоми савгандёдкунӣ судя рост истода, дасти росташро ба болои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта, савганд ёд мекунад. Пас аз савганд ёд кардан судя матни савгандро бо имзои шахсии худ тасдиқ ва санаи қабули онро сабт менамояд. Матни савганд дар парвандаи шахсии судя нигоҳ дошта мешавад.".

3. Дар қисми 1 моддаи 18:

- сархати панҷум хориҷ карда шавад;

- сархатҳои сездаҳум ва чордаҳум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"- нафақагири Ҷумҳурии Тоҷикистон ё давлати хориҷӣ бошад;

- дар бораи даромад ва вазъи молумулкии худ маълумоти бардурӯғ пешниҳод карда бошад;".

4. Дар қисми 1 моддаи 37:

- дар сархати панҷум калимаи "судяҳоро" ба калимаҳои "судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро" иваз карда шавад;

- ба сархати ҳафтум пас аз калимаҳои "коромӯз - судя," калимаҳои "сардорони раёсатҳо, шӯъбаҳо, сармутахассисон, мутахассисони пешбар," илова карда шаванд;

- сархати бистушашум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"- ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси шумораи судяҳои Суди Олӣ, судяҳои суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбӣ, шаҳр ва ноҳия, машваратчиёни халқии судҳо, сохтор ва шумораи воҳидҳои кории дастгоҳҳои судҳо, ба истиснои судҳои иқтисодӣ, пешниҳод ирсол менамояд;";

- ба сархати сиюшашум пас аз калимаҳои "қабул менамояд," калимаҳои "кормандони дастгоҳро тибқи тартиби муқарраргардида барои сарфароз намудан бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад," илова карда шаванд.

5. Ба моддаи 38 сархати даҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"- масъалаи аз як суд ба суди дигар супоридани парвандаҳои судиро ҳал менамоянд;".

6. Дар қисми 2 моддаи 39:

- ба сархати ҳафтум пас аз калимаҳои "чораҳо меандешад" калимаҳои ", аз натиҷаи ҷамъбасти таҷрибаи судӣ ба мақомоти дахлдор пешниҳод ирсол менамояд" илова карда шаванд;

- сархати ҳаштум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"- масъалаи аз як суд ба суди дигар супоридани парвандаҳои судиро ҳал менамояд;".

7. Ба сархати бистунуҳуми қисми 1 моддаи 53 пас аз калимаҳои "қабул менамояд," калимаҳои "кормандони дастгоҳро тибқи тартиби муқарраргардида барои сарфароз намудан бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад," илова карда шаванд.

8. Сархати ҳафтуми қисми 1 моддаи 63 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"- хизматчиёни ҳарбӣ, ҳайати шахсии ғайринизомӣ ва хизматчиёни граждании (ҳайати техникӣ ва хизматрасони) суди ҳарбиро, ба истиснои сардори шӯъба, мушовир, пристави судӣ ва ёрдамчии раиси суд ба кор қабул ва аз кор озод менамояд;".

9. Ҷумлаи сеюми қисми 2 моддаи 67 хориҷ карда шавад.

10. Сархати ҳаштуми қисми 1 моддаи 77 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"- ба ташкили кори дастгоҳи суд роҳбарӣ карда, кормандони дастгоҳ ва хизматчиёни граждании (ҳайати техникӣ ва хизматрасони) судро, ба истиснои сардорони раёсатҳо, шӯъбаҳо, сармутахассисон, мутахассисони пешбар, пристави судӣ, мушовирон ва ёрдамчии раиси суд, ба кор қабул ва аз кор озод менамоянд;".

11. Ба сархати нуҳуми қисми 1 моддаи 83 пас аз калимаҳои "ба истиснои" калимаҳои "сардорони шӯъбаҳо, мутахассисони пешбар," илова карда шаванд.

12. Ба сархати шашуми қисми 1 моддаи 88 пас аз калимаҳои "ба истиснои" калимаҳои "сардорони шӯъбаҳо, сармутахассисон, мутахассисиони пешбар," илова карда шаванд.

13. Дар моддаи 91:

- қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"2. Сохтор ва шумораи воҳидҳои кории дастгоҳи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шумораи воҳидҳои кории дастгоҳи Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе мувофиқан бо пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.";

- ба қисми 3 пас аз калимаҳои "воҳидҳои кории амалкунанда" калимаҳои ", аз як суд ба суди дигар додани воҳиди корӣ" илова карда шаванд;

- қисми 5 хориҷ карда шавад;

- қисми 6 қисми 5 ҳисобида шуда, дар он калимаҳои "Пристави судӣ" ва "пристави судӣ" мувофиқан ба калимаҳои "Сардорони раёсатҳо, шӯъбаҳо, сармутахассисон, мутахассисони пешбар, пристави судӣ" ва "сардорони раёсатҳо, шӯъбаҳо, сармутахассисон, мутахассисони пешбар, пристави судӣ" иваз карда шаванд;

- қисми 7 қисми 6 ҳисобида шавад;

- қисми 8 қисми 7 ҳисобида шуда, дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"7. Кормандони дастгоҳи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳои шаҳр ва ноҳия, суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе ва кормандони Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои хизматчиёни гражданӣ (ҳайати техникӣ ва хизматрасон), хизматчии давлатӣ мебошанд.";

- қисми 9 қисми 8 ҳисобида шавад.

14. Дар қисми 5 моддаи 131 калимаҳои "ба оилаи вай" ба калимаҳои "ба ӯ ва ё аъзои оилааш" иваз карда шаванд.

15. Дар сархати якуми қисми 2 моддаи 132 калимаҳои "ба ворисони вай" ба калимаҳои "ба аъзои оилааш" иваз карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                      Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе

20 апрел соли 2021, № 1772

 

 

КОНСТИТУЦИОННЫЙ ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В КОНСТИТУЦИОННЫЙ ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О СУДАХ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН"

Принят Постановлением МН МОРТ

от 10 февраля 2021 года, №322

Одобрен Постановлением ММ МОРТ

от 16 апреля 2021 года, №136

Статья 1. Внести в конституционный Закон Республики Таджикистан "О судах Республики Таджикистан" от 26 июля 2014 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2014 г., №7, ч.1, ст.380; 2015 г., №7-9, ст. 698; 2016 г., №7, ст. 603; 2018 г., №2, ст. 62; конституционный Закон Республики Таджикистан от 29 января 2021 года, №1751) следующие изменения и дополнения:

1. Часть 3 статьи 14 изложить в следующей редакции:

"3. Судья обязан соблюдать ограничения, предусмотренные Законом Республики Таджикистан "О противодействии коррупции". Судья при назначении (избрании) и нахождении на должности обязан ежегодно представлять декларации о своих доходах и имущественном положении в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан. Представленные сведения не разглашаются, за исключением обстоятельств, установленных нормативными правовыми актами Республики Таджикистан.".

2. Статью 17 изложить в следующей редакции:

"Статья 17. Присяга судьи

1. Лицо, впервые назначенное на должность судьи, в торжественной обстановке, на собрании судей приносит следующую присягу: "Торжественно клянусь исполнять свои обязанности с честью, беспристрастно, добросовестно и объективно, осуществлять правосудие, подчиняясь только Конституции Республики Таджикистан и закону. За нарушение присяги считаю себя ответственным перед обществом и государством.".

2. Во время церемонии принятия присяги судьёй выставляются Государственный флаг Республики Таджикистан и Государственный герб Республики Таджикистан.

3. Судья приносит присягу стоя, положив правую руку на Конституцию Республики Таджикистан. После принятия присяги судья утверждает своей личной подписью текст присяги и записывает день его принятия. Текст присяги будет храниться в личном деле судьи.".

3. В части 1 статьи 18:

- абзац пятый исключить;

- дополнить абзацами тринадцатым и четырнадцатым следующего содержания:

"- если он является пенсионером Республики Таджикистан или иностранного государства;

- предоставления заведемо ложной информации о своих доходах и имущественном положении;".

4. В части 1 статьи 37:

- в абзаце пятом слово "судей" заменить словами "судей Верховного Суда Республики Таджикистан";

- абзац седьмой после слов "судей-стажеров," дополнить словами "начальников управлений, отделов, главных и ведущих специалистов,";

- абзац двадцать шестой изложить в следующей редакции:

"- вносить Президенту Республики Таджикистан представление о численности судей Верховного Суда, судей Горно-Бадахшанской автономной области, судов областей, суда города Душанбе, военных судов, судов городов и районов, народных заседателей судов, структуре и численности штатных единиц аппаратов судов, за исключением экономических судов;";

- абзац тридцать шестой после слова "ответственности," дополнить словами "представляет к награждению государственными наградами Республики Таджикистан работников аппарата, в установленном порядке".

5. Статью 38 дополнить абзацем десятым следующего содержания:

"- решают вопрос о передаче судебных дел из одного суда в другой;".

6. В части 2 статьи 39:

- абзац седьмой после слов "судебной практики" дополнить словами "и по их результатам направляет представления в соответствующие органы;";

- дополнить абзацем восьмым следующего содержания:

"- решает вопрос о передаче судебных дел из одного суда в другой;".

7. Абзац двадцать девятый части 1 статьи 53 после слова "ответственности," дополнить словами "представляет к награждению государственными наградами Республики Таджикистан работников аппарата, в установленном порядке".

8. Абзац седьмой части 1 статьи 63 изложить в следующей редакции:

"- принимает на работу и увольняет с работы военнослужащих, гражданский состав, гражданских служащих (технический и обслуживающий персонал) военного суда, за исключением начальника отдела, советника, судебного пристава и помощника председателя военного суда;".

9. Предложение третье части 2 статьи 67 исключить.

10. Абзац восьмой части 1 статьи 77 изложить в следующей редакции:

"- руководят организацией работы аппарата суда, принимают на работу и увольняют с работы работников аппарата и гражданских служащих (технический и обслуживающий персонал) суда, за исключением начальников управлений, отделов, главных и ведущих специалистов, судебного пристава, советника и помощника председателя суда;".

11. В абзаце девятом части 1 статьи 83 слова "за исключением судебного пристава" заменить словами "за исключением начальника отдела, ведущих специалистов, судебного пристава".

12. В абзаце шестом части 1 статьи 88 слова "судебного пристава" заменить словами "начальников отделов, главных и ведущих специалистов и судебного пристава".

13. В статье 91:

- часть 2 изложить в следующей редакции:

"2. Структура и численность штатных единиц аппарата Верховного Суда Республики Таджикистан и Высшего экономического суда Республики Таджикистан, а также численность штатных единиц аппарата Суда Горно-Бадахшанской автономной области, судов областей, города Душанбе, военных судов гарнизонов, судов городов и районов, Экономического суда Горно-Бадахшанской автономной области, экономических судов областей, города Душанбе утверждаются Президентом Республики Таджикистан соответственно по представлению Председателя Верховного Суда Республики Таджикистан и Председателя Высшего экономического суда Республики Таджикистан.";

- часть 3 после слов "существующих рабочих единиц" дополнить словами ", передавать штатные единицы из одного суда в другой";

- часть 5 исключить;

- часть 6 считать частью 5 и слова "Судебный пристав" и "судебный пристав" соответственно заменить словами "Начальники управлений, отделов, главные и ведущие специалисты, судебный пристав" и "начальники управлений, отделов, главные и ведущие специалисты, судебный пристав";

- часть 7 считать частью 6;

- часть 8 считать частью 7 и изложить в следующей редакции:

"7. Работники аппаратов Верховного Суда Республики Таджикистан, Высшего экономического суда Республики Таджикистан, Суда Горно-Бадахшанской автономной области, судов областей, суда города Душанбе, судов военных гарнизонов, судов городов и районов, экономического суда Горно-Бадахшанской автономной области, экономических судов областей, города Душанбе и работники Учебного центра судей при Верховном Суде Республики Таджикистан, за исключением гражданских служащих (технический и обслуживающий персонал), являются государственными служащими.";

- часть 9 считать частью 8.

14. В части 5 статьи 131 слова "его семье" заменить словами "ему или членам его семьи".

15. В абзаце первом части 2 статьи 132 слова "его наследникам" заменить словами "членам семьи".

Статья 2. Настоящий конституционный Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 20 апреля 2021 года, №1772