Низомномаи Комиссияи доимӣ оид ба таъмини тайёрии зарурӣ ва иштироки бомуваффақи варзишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бозиҳо ва мусобиқаҳои сатҳи баланди байналмилалии варзишӣ аз 27 марти соли 2021, № 94

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 27 марти соли 2021, №94

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 27 марти соли 2021, №94

Низомномаи Комиссияи доимӣ оид ба таъмини тайёрии зарурӣ ва иштироки бомуваффақи варзишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бозиҳо ва мусобиқаҳои сатҳи баланди байналмилалии варзишӣ

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Низомномаи Комиссияи доимӣ оид ба таъмини тайёрии зарурӣ ва иштироки бомуваффақи варзишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бозиҳо ва мусобиқаҳои сатҳи баланди байналмилалии варзишӣ (минбаъд-Низомнома) мақсад, вазифа ва тартиби ташкили фаъолияти Комиссияи доимиро оид ба таъмини тайёрии зарурӣ ва иштироки бомуваффақи варзишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бозиҳо ва мусобиқаҳои сатҳи баланди байналмилалии варзишӣ (минбаъд-Комиссияи доимӣ) муайян менамояд.

2. Комиссияи доимӣ дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш" ва "Дар бораи тайёрии варзишӣ", санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ва Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.

3. Комиссияи доимӣ мустақиман, инчунин дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо, Шӯро оид ба рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, созмонҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳои дигари тарбияи ҷисмонию варзишӣ фаъолият менамояд.

2. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ ФАЪОЛИЯТИ КОМИССИЯИ ДОИМӢ

4. Комиссияи доимӣ бо мақсади тайёрии зарурӣ ва иштироки бомуваффақи варзишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бозиҳо ва мусобиқаҳои сатҳи баланди байналмилалии варзишӣ (минбаъд- Бозиҳои олимпӣ ва Бозиҳои Осиё), фаъолияти худро тибқи талаботи байналмилалии амалӣ намудани тайёрии варзишӣ, баланд бардоштани иқтидори варзишии варзишгарони маҳорати олӣ ва ҳавасмандгардонии захираи олимпӣ ташкилкардашуда, амалӣ менамояд.

5. Вазифаҳои асосии фаъолияти Комиссияи доимӣ:

- коркард ва татбиқи маҷмӯи чораҳои ташкилӣ, ки барои таъмини тайёрии зарурӣ ва иштироки бомуваффақи варзишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпӣ ва Бозиҳои Осиё равона гардидаанд;

- ҳамоҳанг сохтани фаъолияти вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳои дигари ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, ки дар тайёр намудани варзишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Бозиҳои олимпӣ ва Бозиҳои Осиё иштирок менамоянд;

...

Приложение 1

к постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от 27 марта 2021 года, №94

Приложение 1

к постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от 27 марта 2021 года, №94

Положение о Постоянной комиссии по обеспечению необходимой подготовки и успешного участия спортсменов Республики Таджикистан в международных спортивных играх и соревнованиях высокого уровня

1.ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Положение о Постоянной комиссии по обеспечению необходимой подготовки и успешного участия спортсменов Республики Таджикистан в международных спортивных играх и соревнованиях высокого уровня (далее Положение) определяет цели, задачи и порядок организации деятельности Постоянной комиссии по обеспечению необходимой подготовки и успешного участия спортсменов Республики Таджикистан в международных спортивных играх и соревнованиях высокого уровня (далее - Постоянная комиссия).

2. Постоянная комиссия в своей деятельности руководствуется Конституцией Республики Таджикистан, законами Республики Таджикистан "О физической культуре и спорте" и "О спортивной подготовке", иными нормативными правовыми актами, а также международными правовыми актами, признанными Таджикистаном и настоящим Положением.

3. Постоянная комиссия осуществляет свою деятельность непосредственно, а также во взаимодействии с министерствами и ведомствами, Советом по развитию физической культуры и спорта при Правительстве Республики Таджикистан, международными организациями и другими физкультурно-спортивными организациями.

2. ЦЕЛИ И ОСНОВНЫЕ ЗАДАЧИ ДЕЯТЕЛЬНОСТИ ПОСТОЯННОЙ КОМИССИИ

4. Постоянная комиссия с целью обеспечения необходимой подготовки и успешного участия спортсменов Республики Таджикистан в международных спортивных играх и соревнованиях высокого уровня (далее - Олимпийские игры и Азиатские игры), осуществляет свою деятельность в соответствии с международными требованиями к осуществлению спортивной подготовки, повышению спортивного потенциала высоко-квалифицированных спортсменов и стимулированию олимпийского резерва.

5. Основные задачи деятельности постоянной Комиссии:

- разработка и реализация комплекса организационных мероприятий, направленных на обеспечение надлежащей подготовки и успешного участия спортсменов Республики Таджикистан в Олимпийских играх и Азиатских играх;

- координация деятельности министерств и ведомств, местных исполнительных органов государственной власти, предприятий, учреждений, других республиканских и международных организаций, участвующих в подготовке спортсменов Республики Таджикистан к Олимпийским играм и Азиатским играм;

...