Қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июни соли 1992, № 233 "Дар бораи тадбирҳои иловагии ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандони дар натиҷаи фалокати Чернобыль зарардидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 25.10.2003

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ДЕВОНИ ВАЗИРОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи тадбирҳои иловагии ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандони дар натиҷаи фалокати Чернобыль зарардидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 16.06.2001 № 279, аз 25.10.2003 № 482)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 16.06.2001 № 279, аз 25.10.2003 № 482)

 

Бо мақсади ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандони дар натиҷаи фалокати Чернобыль зарардидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Муқаррар карда шавад, ки шаҳрвандони дар рафъи оқибатҳои фалокати СЭА Чернобыль дар соли 1988 ва солҳои минбаъда иштирокдоштаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз минтақаи таҳлия эвакуация ва аз минтақаи кӯч кӯчонида шудаанд, дар қаламрави ҷумҳурӣ бо ҷубронпулию имтиёзҳое ҳуқуқ доранд, (ба истиснои имтиёз дар мавриди пардохти ҳаққи истифодаи гази табиӣ ва қувваи барқ), ки барои шахсони солҳои 1986-1987 дар рафъи оқибатҳои фалокати СЭА Чернобыль ширкатварзида муқаррар гардида, дар Қонуни ИҶШС "Дар бораи ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандони дар натиҷаи фалокати Чернобыль зарардида" пешбинӣ шудаанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.10.2003 № 482).

2. Муқаррар карда шавад, ки шаҳрвандони дар натиҷаи фалокати Чернобыль зарардидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави ҷумҳурӣ инчунин ба инҳо ҳуқуқ доранд:

а) ба гирифтани харҷи шабонарӯзӣ ва хонапулӣ ҳангоми сафар аз маҳалли зист то табобатгоҳ, муоинаи диспансерӣ, амбулаторӣ ё клиникӣ ва ҳангоми бозгашт бо ҳамроҳии шахси мушоиаткунанда, мувофиқи тартибе, ки Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад;

б) таъминоти маҳсулоти озуқа мутобиқи нормаҳои оқилонаи физиологии истеъмоли маҳсулоти озуқа бо вобаста кардан ба мағозаҳои марбута;

в) рафтуомади бепул дар нақлиёти автомобилии истифодаи умумӣ (ба истиснои таксӣ) дар қаламрави ҷумҳурӣ;

г) озод будан аз пардохти тамоми намудҳои андоз ва бочу хироҷ.

3. Муқаррар карда шавад, ки ба ҷумлаи шаҳрвандони дар натиҷаи фалокати Чернобыль зарардидае, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон амали Қонуни мазкури ИҶШС ба онҳо паҳн мегардад, инчунин атфоле дохил мешаванд, ки аз яке аз волидайни аз фалокати Чернобыль зарардида таваллуд шудаанд.

4. Муқаррар карда шавад, ки кӯдакони то синни 17-солаи дар банди 3 қарори мазкур зикргардида ба ҷубронпулию имтиёзҳои дар бандҳои 1-2, 13-14, 22, 24-25, моддаи 13, моддаи 24 Қонуни мазкури ИҶШС пешбинигардида ҳуқуқ дошта, инчунин ба онҳо ва волидайнашон ҳуқуқҳои зерин дода мешавад:

...

КАБИНЕТ МИНИСТРОВ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

"О ДОПОЛНИТЕЛЬНЫХ МЕРАХ ПО СОЦИАЛЬНОЙ ЗАЩИТЕ ГРАЖДАН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН, ПОСТРАДАВШИХ ВСЛЕДСТВИЕ ЧЕРНОБЫЛЬСКОЙ КАТАСТРОФЫ"

(в редакции Пост.Правительства РТ от от 16.06.2001г. №279, от 25.10.2003г.№482)

(в редакции Пост.Правительства РТ от от 16.06.2001г. №279, от 25.10.2003г.№482)

В целях социальной защиты граждан Республики Таджикистан, пострадавших вследствие Чернобыльской катастрофы, Кабинет Министров Республики Таджикистан постановляет:

1. Граждане Республики Таджикистан, принимавшие участие в ликвидации последствий аварии на Чернобыльской АЭС в 1988 и в последующие годы, а также граждане Республики Таджикистан, эвакуированные из зоны отчуждения и переселенные из зоны отселения, имеют право на территории республики на компенсации и льготы, (за исключением льгот по оплате за пользование природным газом и элекроэнергией) установленные для лиц, принимавших участие в ликвидации последствий аварии на Чернобыльской АЭС в 1986-1987 годах, предусмотренные Законом СССР "О социальной защите граждан, пострадавших вследствие Чернобыльской катастрофы"(в редакции Пост.Правительства РТ от 25.10.2003г.№482)

2. Установить, что граждане Республики Таджикистан, пострадавшие вследствие Чернобыльской катастрофы, имеют также право на территории республики на:

а) оплату суточных и квартирных на время нахождения в пути от места жительства до места лечения, диспансерного, амбулаторного или клинического обследования и обратно вместе с сопровождающим лицом, в порядке, определяемом Министерством здравоохранения Республики Таджикистан;

б) обеспечение продовольственными товарами в соответствия с рациональными физиологическими нормами потребления продуктов питания с прикреплением к соответствующим магазинам;

в) бесплатный проезд на автомобильном транспорте общего пользования (за исключением такси) на территории республики;

г) освобождение от уплаты налогов и пошлины всех видов.

3. К гражданам, пострадавшим вследствие чернобыльской катастрофы, на которых на территории Республики Таджикистан распространяется действие указанного Закона СССР, относятся также дети, родившиеся от одного из родителей, пострадавшего от чернобыльской катастрофы, в условиях, когда они (дети) непосредственно подверглись воздействию ионизирующего излучения.

4. Дети в возрасте до 17 лет, указанные в пункте 3 настоящего постановления, имеют право на компенсацию и льготы, предусмотренные пунктами 1-2, 13-14, 22, 24-25 статьи 13, статьей 24 указанного Закона СССР, а также им и их родителям предоставляется право на:

а) занятие изолированной комнаты ребенком, ставшим инвалидом или находящимся на диспансерном учете по заболеванию вследствие чернобыльской катастрофы (подтверждается уполномоченным на то медицинским учреждением);

...