Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 феврали соли 2021, № 30 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июни соли 1994, №305 ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 1998, №287"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июни соли 1994, №305 ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 1998, №287

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ба қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июни соли 1994, № 305 "Дар бораи Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО" тағйироти зерин ворид карда шавад:

- банди 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"1. Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО таъсис дода шавад.";

- ҷумлаи якуми банди 3 хориҷ карда шавад;

- банди 4 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"4. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон котиботи комиссияро бо утоқҳои корӣ, воситаҳои техникӣ, алоқа ва дигар воситаҳои зарурӣ таъмин намояд.".

2. Ҳайати Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 1998, №287 "Дар бораи ҳайати Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО" тасдиқ шудааст, дар таҳрири нав тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон            Эмомалӣ Раҳмон

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон            Эмомалӣ Раҳмон

аз 25 феврали соли 2021, № 30

ш. Душанбе

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений в постановление Совета Министров Республики Таджикистан от 28 июня 1994 года, №305 и постановление Правительства Республики Таджикистан от 3 августа 1998 года, №287

В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Внести в постановление Совета Министров Республики Таджикистан от 28 июня 1994 года, №305 "О Национальной комиссии Республики Таджикистан по делам ЮНЕСКО" следующие изменения:

- пункт 1 изложить в следующей редакции:

"1. Образовать Национальную комиссию Республики Таджикистан по делам ЮНЕСКО.";

- первое предложение 3 пункта исключить;

- пункт 4 изложить в следующей редакции:

"4. Министерству иностранных дел Республики Таджикистан обеспечить секретариат комиссии рабочими кабинетами, техническими средствами, связью и другими необходимыми средствами.".

2. Утвердить состав Национальной комиссии Республики Таджикистан по делам ЮНЕСКО, утверждённый постановлением Правительства Республики Таджикистан от 3 августа 1998 года, №287 "О составе Национальной комиссии Республики Таджикистан по делам ЮНЕСКО", в новой редакции (прилагается).

Председатель

Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Председатель

Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 25 февраля 2021 года, №30

...