Қоидаҳои ҷудо намудани грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2021 - 2025 аз 28 январи соли 2021, № 5

Санаи амалкуни: 29.04.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.07.2025 № 420 аз эътибор соқит дониста шуд

Замима

ба қарори Ҳукумати

 Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 январи соли 2021, №5

 

Замима

ба қарори Ҳукумати

 Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 январи соли 2021, №5

 

Қоидаҳои ҷудо намудани грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2021 - 2025

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.10.2023 № 495, аз 29.04.2024 № 257)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.10.2023 № 495, аз 29.04.2024 № 257)

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Қоидаҳои ҷудо намудани грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2021 - 2025 (минбаъд - Қоидаҳо) бо мақсади дастгирии соҳибкорӣ, баланд бардоштани фаъолнокии занон дар бахши иқтисодиёт таҳия гардида, тартиби таъсиси комиссияи грантӣ ва ваколатҳои он, ҷудо намудани грант, тартиби қабул ва баррасии дархост, муҳлат ва назорати амалигардонии лоиҳаҳои грантиро муқаррар менамояд.

2. МАҚСАДИ ҶУДО НАМУДАНИ ГРАНТҲО

2. Мақсади асосии ҷудо намудани грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2021 - 2025 (минбаъд - Грантҳо) фароҳам овардани шароит барои амалӣ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳои иқтисодии занон, таъмини иштироки баробари онҳо дар ҳаёти ҷомеа, баланд бардоштани қобилияти рақобатпазирии занон дар бозори меҳнат, дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон мебошад.

3. Грантҳо ба занони соҳибкор, ки лоиҳаҳои пешниҳоднамудаи онҳо ба талаботи Қоидаҳои мазкур ҷавобгӯ буда, ба рушди фаъолияти соҳибкории занон лоиҳаҳои ба иқлим алоқаманд, таъсиси ҷойҳои кории нав, таъмини рақобатпазирии онҳо дар бозори меҳнат, рушди ҳунарҳои мардумӣ, ба шуғл ва касбомӯзӣ фаро гирифтани занону духтарон нигаронида шудаанд, ҷудо карда мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.04.2024 № 257).

...

Утратил силу в редакции пост. Правительства РТ от 28.07.2025 №420


Приложение

к постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от 28 января 2021 года, №5

Приложение

к постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от 28 января 2021 года, №5

Правила выделения грантов Президента Республики Таджикистан по поддержке и развитию предпринимательской деятельности женщин на 2021-2025 годы

(в редакции пост. Правительства РТ от 26.10.2023 №495, от 29.04.2024 №257)

(в редакции пост. Правительства РТ от 26.10.2023 №495, от 29.04.2024 №257)

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ


1. Правила грантов Президента Республики Таджикистан по поддержке и развитию предпринимательской деятельности женщин на 2021-2025 годы (далее - Правила) разработаны с целью поддержки предпринимательской деятельности, повышения активности женщин в экономическом секторе и устанавливают порядок создания комиссии и её полномочия, выделения грантов, порядок приема и рассмотрения заявок, сроки и контроль над реализацией грантовых проектов.

2. ЦЕЛЬ ВЫДЕЛЕНИЯ ГРАНТОВ

2. Основной целью выделения грантов Президента Республики Таджикистан по поддержке и развитию предпринимательской деятельности женщин на 2021-2025 годы (далее - Гранты) является создание условий для реализации прав и экономических возможностей женщин и обеспечение их равного участия в общественной жизни, повышение их конкурентоспособности на рынке труда, поддержка и развитие предпринимательской деятельности женщин.

...