ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВА БА КОДЕКСИ ТАНДУРУСТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
23 декабри соли 2020, № 285
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
23 декабри соли 2020, № 285
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
25 январи соли 2021, № 122
ҷонибдорӣ карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
25 январи соли 2021, № 122
ҷонибдорӣ карда шуд.
Моддаи 1. Ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2017 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2017, №5, қ. 1, мод. 270) тағйиру иловаи зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми 1 моддаи 60 калимаҳои "мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаҳои тандурустӣ ва маориф" ба калимаҳои "мақоми ваколатдори давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм" иваз карда шаванд.
2. Ба моддаи 64 қисми 3 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
...