ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 апрели соли 2010, №862
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" фармон медиҳам:
1. Аз банди 2 Низомномаи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 апрели соли 2010, № 862 "Дар бораи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.
2. Дар сархати сенздаҳуми Сохтори Дастгоҳи марказии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 апрели соли 2010, № 862 тасдиқ шудааст, калимаҳои "Бахши корҳо ва умумӣ" ба калимаҳои "Бахши коргузорӣ ва назорат" иваз карда шаванд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе 14 декабри соли 2020, № 110
ш. Душанбе 14 декабри соли 2020, № 110
...