ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИР БА КОДЕКСИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
14 октябри соли 2020, № 195
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
9 декабри соли 2020, № 76
ҷонибдорӣ карда шуд.
Моддаи 1. Ном ва қисми 1) моддаи 189 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1998, №9, мод.68, мод.69, №22, мод.306; с.1999, №12, мод.316; с.2001, №4, мод.149, мод. 167; с.2002, №11, мод.675, мод.750; с.2003, №8, мод.456, мод.468; с.2004, №5, мод.346, №7, мод.452, мод.453; с.2005, №3, мод. 126, №7, мод.399, №12, мод.640; с.2007, №7, мод.665; с.2008, №1, қ.1, мод.3, №6, мод.444, мод.447, №10, мод.803, №12, қ. 1, мод.986, №12, қ.2, мод.992; с.2009, №3, мод.80, №7-8, мод.501; с.2010, №3, мод.155, №7, мод.550; с.2011, №3, мод. 161, №7-8, мод.605; с.2012, №4, мод.258, №7, мод.694; с.2013, №6, мод.403, мод.404, №11, мод.785, №12, мод.881; с.2014, №3, мод.141, №7, қ,1, мод.385, мод.386; с.2015, №3, мод.198, мод.199, №11, мод.949, №12, қ.1, мод.1107, с.2016, №3, мод.127, №5, мод.355, мод.356, №7, мод.608, мод.609; с.2016, №11, мод.874, мод.875; с.2017, №1-2, мод.2, мод.3, №7-9, мод.586; с.2018, №1, мод.4, мод.5; с.2018, №5, мод.266, №7-8, мод.522; с.2019, №1, мод.1, мод.2, №6, мод.311; с.2020, №1, мод.8, мод.9, №7-9, мод.607, мод.623), дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
"Моддаи 189. Барангехтани кинаю адоват ё низои иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ ё динӣ (мазҳабӣ)
1) Ҳаракатҳое, ки барои барангехтани кинаю адоват ё низои иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ ё динӣ (мазҳабӣ), паст задани шаъну эътибори нажодӣ, миллӣ, динӣ (мазҳабӣ) ё маҳал, инчунин тарғиби махсусият ва бартарии шаҳрвандон аз нигоҳи муносибати онҳо ба дин (мазҳаб), забон, мансубият ба нажод, миллат ё маҳал равона шудаанд, агар ин кирдорҳо ба таври оммавӣ ё бо истифодаи воситаҳои ахбори омма ё шабакаҳои алоқаи барқӣ, аз ҷумла интернет, дар давоми соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ барои чунин ҳуқуқвайронкуниҳо содир шуда бошанд,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешаванд.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе 17 декабри соли 2020,№ 1730