Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 ноябри соли 2020, № 629 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №145 "

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №145

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №145 "Дар бораи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйироти зерин ворид карда шавад:

- банди 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"2. Шумораи ниҳоии кормандони дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 95 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад. Маблағгузории 87 воҳиди корӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва 8 воҳиди корӣ аз ҳисоби маблағҳои махсуси вазорат анҷом дода шавад.";

 - дар банди 3 рақам ва калимаи "7 адад" ба рақам ва калимаи "5 адад" иваз гардида, калимаҳои ", аз ҷумла барои дастгоҳи марказӣ 5 адад" хориҷ карда шавад.

2. Ба замимаи 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, № 145 "Дар бораи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шавад:

- ба банди 7 сархатҳои сеюм-ёздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"- таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак дар доираи ваколатҳои худ;

- ҳамоҳанг намудани фаъолияти мақомоти давлатӣ ва дигар ташкилотҳо оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак;

- таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод намудани барномаҳои давлатӣ ва маҳаллӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак бо тартиби муқарраргардида;

- пешниҳод намудани ҳисоботи солона ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак;

- гузаронидани мониторинги меъёрҳои давлатии ҳадди ақали иҷтимоии нишондиҳандаҳои ҳаёти кӯдакон;

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 3 марта 2014 года, №145

В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Внести в постановление Правительства Республики Таджикистан от 3 марта 2014 года, №145 "О Министерстве образования и науки Республики Таджикистан" следующие изменения:

- пункт 2 изложить в следующей редакции:

"2. Установить предельное количество сотрудников центрального аппарата Министерства образования и науки Республики Таджикистан в количестве 95 штатных единиц (без обслуживающего персонала). Финансирование 87 штатных единиц осуществить за счет республиканского бюджета и 8 штатных единиц за счет специальных средств министерства.";

- в пункте 3 цифру и слово "7 единиц" заменить цифрой и словом "5 единиц" и исключить слова ", в том числе Центральному аппарату 5 единиц".

2. Внести в приложение 1 к постановлению Правительства Республики Таджикистан от 3 марта 2014 года, №145 "О Министерстве образования и науки Республики Таджикистан" следующие изменения и дополнения:

- дополнить пункт 7 абзацами третьим-одиннадцатым следующего содержания:

"- разработка и принятие в рамках своих полномочий нормативных правовых актов по защите прав ребенка;

- координация деятельности государственных органов и других организаций по защите прав ребенка;

- разработка и представление к утверждению государственных и местных программ по защите прав ребенка в установленном порядке;

- представление годового отчета по защите прав ребенка Правительству Республики Таджикистан; проведение мониторинга государственных минимальных, социальных стандартов показателей жизни ребенка;

- представление информации об обеспечении защиты прав ребенка средствам массовой информации, обществу и органам, занимающимся защитой прав ребенка;

...