Тартиби ҷудо намудани қарз ҳангоми касри Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ аз 26 ноябри соли 2020, № 622

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замима

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 аз 26 ноябри соли 2020, №622

Замима

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 аз 26 ноябри соли 2020, №622

 

Тартиби ҷудо намудани қарз ҳангоми касри Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Тартиби ҷудо намудани қарз ҳангоми касри Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ (минбаъд - Тартиб) механизм ва шартҳои ҷудо намудани маблағҳои қарзии аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пӯшонидани касри Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ (минбаъд Хазина) пешниҳодгардидаро муайян менамояд.

2. Дар Тартиби мазкур мафҳумҳои зерин истифода мешаванд:

- Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ (минбаъд - Хазина) - шахси ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ, ки дорои тавозуни мустақил ва муҳри мудаввар бо сабти номи худ ва тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳуқуқу манфиатҳои қонунии пасандоздоронро бо роҳи пардохти ҷубронпулии суғурта ҳимоя менамояд;

- касри Хазина - маблағи нокифояи Хазина, ки барои ҷуброни маблағи суғуртаи пасандоздорон зарур аст;

- маблағи барои пардохти ҷубронпулии суғурта зарур - андозаи ҳадди ақалли маблағи Хазина, ки барои иҷрои уҳдадориҳои худ дар назди пасандоздорон ҳангоми ба вуқӯъ омадани ҳолати эҳтимолии суғуртавӣ зарур мебошад ва бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Хазина муайян карда мешавад:

- ҳолати суғуртавӣ - барҳамдиҳии маҷбурии ташкилоти қарзӣ тибқи қарори суд на дар асоси муфлисшавӣ ё бо асосҳои муфлисшавӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ", ки дар натиҷаи он уҳдадориҳои Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ оид ба ҷубронпулии пардохти маблағи суғурта ба пасандоздорони ташкилоти қарзии барҳамхӯрда мегардад;

- маблағи ҷубронпулии суғурта - маблағе, ки пасандоздор ба гирифтани он ҳангоми фаро расидани ҳолати суғуртавӣ ҳуқуқ дорад;

...

Приложение

к постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от 26 ноября 2020 года, №622

Приложение

к постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от 26 ноября 2020 года, №622

Порядок кредитования при дефиците Фонда страхования сбережений физических лиц

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Порядок кредитования при дефиците Фонда страхования сбережений физических лиц (далее - Порядок) определяет механизм и условия выделения кредитных средств Правительством Республики Таджикистан для покрытия дефицита Фонда страхования сбережений физических лиц (далее Фонд).

2. В настоящем Порядке используются следующие определения:

- Фонд страхования сбережений физических лиц (далее - Фонд)некоммерческое юридическое лицо, которое обладает самостоятельным балансом, имеет круглую печать с указанием своего наименования, изображением Государственного герба Республики Таджикистан и защищает права и законные интересы вкладчиков путем выплаты страхового возмещения;

- дефицит Фонда - недостаточность денежных средств Фонда, необходимых для уплаты суммы страхового возмещения вкладчикам;

- сумма, необходимая для выплаты страхового возмещения минимальная сумма Фонда, необходимая для исполнения своих обязательств перед вкладчиками в случае возможного страхового случая, определяемая нормативными правовыми актами Фонда;

- страховой случай - принудительная ликвидация кредитной организации решением суда не по основаниям банкротства или по основаниям банкротства в соответствии с Законом Республики Таджикистан "О ликвидации кредитных организаций", в результате чего возникают обязательства Фонда по выплате суммы страхового возмещения вкладчикам, ликвидированной кредитной организации;

- сумма страховою возмещения - денежные средства, которые вкладчик имеет право получить при возникновении страхового случая;

- календарные и дополнительные платежи - денежные средства, подлежащие уплате кредитными организациями - членами Фонда;

...