Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 сентябри соли 2014, № 275 "Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007, №143"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007, №143

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ", бо мақсади такмил сохтори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармон медиҳам:

1. Дар банди 4 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007, №143 "Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" рақамҳои "479" ва "201" мутаносибан ба рақамҳои "495" ва "209" иваз карда шаванд.

2. Дар банди 9 Сохтори дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон калимаи "Раёсат" ба калимаи "Сарраёсати" иваз карда шавад.

3. Ба Нақшаи идоракунии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон банди ҳафтум бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"7. Шӯъбаи минтақавии Агентӣ дар гурӯҳи ноҳияҳои водии Ҳисор".

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон          Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе

4 сентябри соли 2014, № 275

 

УКАЗ ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О внесении изменении и дополнении в Указ Президента Республики Таджикистан от 10 января 2007 года, №143

В соответствии со статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах", с целью совершенствования структуры Агентства по государственному финансовому контролю и борьбе с коррупцией Республики Таджикистан, постановляю:

1. В пункте 4 Указа Президента Республики Таджикистан от 10 января 2007 года, №143 "Об Агентстве по государственному финансовому контролю и борьбе с коррупцией Республики Таджикистан" цифры "479" и "201" заменить соответственно цифрами "495" и "209".

2. В пункте 9 Структуры центрального аппарата Агентства по государственному финансовому контролю и борьбе с коррупцией Республики Таджикистан слово "Управление" заменить словами "Главное управление".

3. План управления Агентства по государственному финансовому контролю и борьбе с коррупцией Республики Таджикистан дополнить седьмым абзацем следующего содержания:

"7. Региональный отдел Агентства по Гиссарской группе районов".

Президент

Республики Таджикистан  Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

 от 4 сентября 2014 года, №275