Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 феврали соли 2003 № 54 "Дар бораи тартиби гузаронидани аттестатсия, аккредитатсия ва литсензиядиҳии муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- дар ном ва матни қарор калимаҳои "Тартиби", "Аттестатсия, аккредитатсия ва литсензиядиҳии" мутобиқ ба калимаҳои "Қоидаи", "Аттестатсия ва аккредитатсия" иваз карда шаванд;
- дар Тартиби гузаронидани аттестатсия, аккредитатсия ва литсензиядиҳии муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ҳамин қарор тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
дар матн калимаҳои "Идораи аттестатсияи муассисаҳои таълимии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Идораи аттестатсияи муассисаҳои таълимӣ", "Идораи маориф" ва "Идорахои маориф" мутобиқ ба калимаҳои "Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф", "Раёсати маориф" ва "Раёсатҳои маориф" иваз карда шаванд;
бандҳои 5, 6, 7, 8, 9, 10, 11, 14, 15, 16 ва сархати дуюми банди 25 аз матн хориҷ карда шаванд;
аз банди 4 калимаҳои "ё литсензиядиҳии" хориҷ карда шаванд;
дар банди 10 калимаҳои "Низомномаи литсензионидани муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "талаботи конунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;
дар банди 12 калимаҳои "литсензионидан", "ибтидоии" мутобиқ ба калимаҳои "иҷозатномадиҳӣ", "таҳсилоти" иваз карда шуда, баъд аз калимаи "умумй" калимаҳои ", асосй ва миёнаи (пурра)-и маълумоти ҳамагонй" хориҷ карда шаванд;
аз банди 13 калимаи "-литсензиягиранда" хориҷ карда шавад;
дар банди 14 баъд аз калимаи "соҳавӣ" калимаи "мушовара" илова карда шавад;
дар банди 17 калимаи "се" ба калимаи "шаш" иваз карда шуда баъд аз калимаи "хулосаи" калимаи "Шӯро" илова карда шавад;
...