Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 2001 № 553
Мутобиқи моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Банди 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 2001 № 553 "Дар бораи арзиши қоғази дорои нишони дараҷаи ҳифзаш муқарраршуда барои иҷрои амалиётҳои нотариалӣ" дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"1. Арзиши як адад қоғази дорои нишони дараҷаи ҳифзаш муқарраршуда барои иҷрои амалиёти нотариалӣ ба андозаи 1,5 доллари ШМА бо пули миллӣ аз рӯи қурби расмии Бонки миллии Тоҷикистон дар рӯзи пардохт муқаррар карда шавад, ки аз он ба марҷаъҳои зерин ҳиссаҳо интиқол карда шавад:
- ба суратҳисоби махсуси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 1,0 доллари ШМА
- ба буҷети ҷумҳуриявӣ 0,5 доллари ШМА барои як қоғази дорои нишони дараҷаи ҳифзаш муқарраршуда".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистои Эмомалӣ Раҳмон
аз 27 августи соли 2008 № 441
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О внесении изменений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 1 декабря 2001 года №553
В соответствии со статьей 43 закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах", Правительство Республики Таджикистан постановляет:
Пункт 1 постановления Правительства Республики Таджикистан от 1 декабря 2001 года №553 "О стоимости гербовой бумаги с установленной степенью защиты для совершения нотариальных действий" изложить в следующей редакции:
"1. Установить стоимость единицы гербовой бумаги с установленной степенью защиты для совершения нотариальных действий в размере эквивалентном 1,5 долларов США в национальной валюте по официальному курсу Национального банка Таджикистана на день оплаты, из которых перечислять:
- на специальный счет Министерства юстиции Республики Таджикистан 1,0 доллара США;
- в республиканский бюджет 0,5 долларов США за единицу гербовой бумаги с установленной степенью защиты".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
от 27 августа 2008 года № 441
ш. Душанбе