ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Тартиби бо фосила ба роҳ мондан, маҳдуд сохтан, боздоштан ва ё қатъ намудани таъмини оби нӯшокӣ
Мутобиқи моддаи 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Тартиби бо фосила ба роҳ мондан, маҳдуд сохтан, боздоштан ва ё қатъ намудани таъмини оби нӯшокӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Моликони шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов ва ташкилотҳое, ки чунин шабакаҳоро истифода мебаранд, ҳангоми бо фосила ба роҳ мондан, маҳдуд сохтан, боздоштан ва ё қатъ намудани таъмини оби нӯшокӣ талаботи тартиби мазкурро ба роҳбарӣ гиранд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 27 октябри соли 2020, № 552
ш. Душанбе
аз 27 октябри соли 2020, № 552
ш. Душанбе
...