Низомномаи Комиссияи байниидоравӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи сирри давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 августи соли 2020, № 1587

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

ба фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 25 августи соли 2020, №1587

Замимаи 1

ба фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 25 августи соли 2020, №1587

 

Низомномаи Комиссияи байниидоравӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи сирри давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Комиссияи байниидоравӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи сирри давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Комиссия) мақоми дастаҷамъӣ буда, фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳоро дар соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот бо мақсади таҳия ва иҷрои барномаҳои давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки татбиқи қонунгузории соҳаҳои мазкурро таъмин менамоянд, ҳамоҳанг месозад.

2. Комиссия фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сирри давлатӣ", дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ва Низомномаи мазкур ба роҳ мемонад.

2. ВАКОЛАТҲОИ КОМИССИЯ

3. Комиссия ваколатҳои зеринро дорад:

- ҳамкории байни мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳоро дар самти иҷрои қонунгузорӣ дар соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот ҳамоҳанг месозад;

- бо тартиби муқарраргардида ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими ҳуқуқии масъалаҳои ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот, такмили низоми ҳифзи онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин оид ба ташкили таҳия ва иҷрои барномаҳои давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои методӣ, ки иҷрои қонунгузории сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоотро таъмин менамоянд, пешниҳод манзур менамояд;

- оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба номгӯи шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ, ки ваколати ба сирри давлатӣ мансуб донистани маълумотро доранд, пешниҳод манзур менамояд;

...

Приложение 1

к указу Президента

Республики Таджикистан

от 25 августа 2020 года, №1587

Приложение 1

к указу Президента

Республики Таджикистан

от 25 августа 2020 года, №1587

Положение о Межведомственной комиссии по вопросам защиты государственных секретов в Республике Таджикистан

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Межведомственная комиссия по вопросам защиты государственных секретов в Республике Таджикистан (далее - Комиссия) является коллегиальным органом и координирует деятельность государственных органов и организаций в сфере защиты государственных секретов и технической защиты информации, с целью разработки и выполнения государственных программ, нормативных правовых актов, обеспечивающих реализацию законодательства в данных областях.

2. Комиссия осуществляет свою деятельность на основе Конституции Республики Таджикистан, Закона Республики Таджикистан "О государственных секретах", других нормативных правовых актов Республики Таджикистан, международных правовых актов, признанных Таджикистаном и настоящего Положения.

2. ПОЛНОМОЧИЯ КОМИССИИ

3. Комиссия имеет следующие полномочия:

- координирует сотрудничество между государственными органами и организациями по реализации законодательства в области защиты государственного секрета и технической защиты информации;

- в установленном порядке вносит предложения Президенту Республики Таджикистан о правовом регулировании вопросов защиты государственных секретов и технической защиты информации, совершенствовании системы их защиты в Республике Таджикистан, а также по организации разработки и реализации государственных программ, нормативных правовых актов и методических документов, обеспечивающих реализацию законодательства о государственных секретах и технической защиты информации;

- вносит предложения о внесении изменений и дополнений в перечень должностных лиц государственных органов, наделяемых полномочиями по отнесению сведений к государственных секретам;

- координирует, реализацию технической защиты информации, вытекающей из требований Концепции информационной безопасности Республики Таджикистан, а также разработку долгосрочных и краткосрочных государственных и межведомственных программ по информационной безопасности;

...