ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОЧИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
24 июни соли 2020, № 139
қабул карда шуд
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
5 августи соли 2020, № 62
ҷонибдорӣ карда шуд.
Моддаи 1. Ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1998, №9, мод.68, мод.69, №22, мод.306; с.1999, №12, мод.316; с.2001, №4, мод.149, мод.167; с.2002, №11, мод.675, мод.750; с.2003, №8, мод.456, мод.468; с.2004, №5, мод.346, №7, мод.452, мод.453; с.2005, №3, мод.126, №7, мод.399, №12, мод.640; с.2007, №7, мод.665; с.2008, №1, қ.1, мод.З, №6, мод.444, мод.447, №10, мод.803, №12, қ.1, мод.986, №12, қ.2, мод.992; с.2009, №3, мод.80, №7-8, мод.501; с.2010, №3, мод.155, №7, мод.550; с.2011, №3, мод.161, №7-8, мод.605; с.2012, №4, мод.258, №7, мод.694; с.2013, №6, мод.403, мод.404, №11, мод.785, №12, мод.881; с.2014, №3, мод.141, №7, қ.1, мод.385, мод.386; с.2015, №3, мод.198, мод.199, №11, мод.949, №12, қ.1, мод.1107; с.2016, №3, мод.127, №5, мод.355, мод.356, №7, мод.608, мод.609, №11, мод.874, мод.875; с.2017, №12, мод.2, мод.З, №7-9, мод.586; с.2018, №1, мод.4, мод.5, №5, мод.266, №7-8, мод.522; с.2019, №1, мод.1, мод.2, №6, мод. 311; с.2020, №1, мод.8, мод.9), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 245:
- санксияи қисми 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то панҷсаду чилу ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.";
- санксияи қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"бо ҷарима ба андозаи аз панҷсаду чилу ҳафт то як ҳазору наваду ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то шаш сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.";
- санксияи қисми 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазору наваду ду то як ҳазору ҳаштсаду бисту чор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз шаш то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то чор сол ҷазо дода мешаванд.";
- санксияи қисми 4 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазору ҳаштсаду бисту чор то ду ҳазору ҳафсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз даҳ то понздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешаванд.".
2. Дар моддаи 274:
- дар ном ва диспозитсияи модда калимаи "Бадқасдона" ба калимаи "Барқасдона" иваз карда, пас аз калимаи "қоидаҳои" калимаи "нархгузорӣ," илова карда шавад;
- матни модда қисми 1) ҳисобида, рақамгузорӣ карда шавад;
- қисми 2) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"2) Ҳамин кирдор, агар:
а) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ;
б) ба миқдори махсусан калон содир шуда бошад,
бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то нуҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад.
Эзоҳ: Дар моддаи мазкур таҳти мафҳуми зарар ба миқдори калон зараре фаҳмида мешавад, ки он аз андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо панҷсад маротиба ва зарар ба миқдори махсусан калон аз ду ҳазор маротиба зиёд бошад.".
3. Аз эзоҳи моддаи 276 рақами "274" хориҷ карда шавад.
4. Дар моддаи 289:

"бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то нуҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.";

"бо ҷарима ба андозаи аз нуҳсаду дувоздаҳ то як ҳазору чорсаду панҷоҳу шаш нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад.";
-санксияи қисми 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад.";
-санксияи қисми 4 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то понздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешаванд.".
5. Дар моддаи 314:

"бо ҷарима ба андозаи аз сесад то панҷсаду чилу ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озоди ба муҳлати то се сол ҷазо дода мешавад. ".

"бо ҷарима ба андозаи аз панҷсаду чилу ҳафт то як ҳазору наваду ду. нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то шаш сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.";

"бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазору наваду ду то як ҳазору ҳаштсаду бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз шаш то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешаванд.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 7 августи соли 2020 № 1717