ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
24 июни соли 2020, № 141
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
5 августи соли 2020, № 60
ҷонибдорӣ карда шуд.
Моддаи 1. Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2008, №12, қ.1, мод.989, мод.990; с.2009, №5, мод.321, №910, мод.543; с.2010, №1, мод.2, мод.5, №3, мод.153, №7, мод.547, №12, қ.1, мод.812; с.2011, №6, мод.430, мод.431, №7-8, мод.610, №12, мод.838; с.2012, №4, мод.256, №7, мод.685, мод.693, №8, мод.814, №12, қ.1, мод.1004; с.2013, №3, мод.181, №7, мод.508; с.2014, №3, мод.143, мод.144, №7, қ.1, мод.389, мод.390; с.2015, №3, мод.201, №7-9, мод.707, мод.708, №11, мод.955, №12, қ.1, мод.1108; с.2016, №3, мод.130, мод.131, мод.132, №5, мод.359, мод.361, №7, мод.613, мод.614, №11, мод.877; с.2017, №1-2, мод.5, мод.6, №5, қ.1, мод.275, №7-9, мод.568, мод.585; с.2018, №1, мод.9, №5, мод.268, мод.269; с.2019, №1, мод.8, №6, мод.312, мод.313, №7, мод.464; с.2020, №1, мод.6), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Моддаҳои 598(1) ва 605(1) бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"Моддаи 598(1). Рӯйпӯш кардан, кам ё зиёд нишон додани маблағи пардохтҳои гумрукӣ ва ё дигар пардохтҳо
Барои аз тарафи кормандони мақомоти гумрук ва ё дигар санҷишгарон қасдан рӯйпӯш кардан, кам ё зиёд нишон додани маблағи пардохти гумрукӣ ва ё дигар пардохтҳо,
ба андозаи аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.";
"Моддаи 605(1). Рӯйпӯш кардан, кам ё зиёд нишон додани маблағи андоз ва ё дигар пардохтҳо
Барои аз тарафи кормандони мақомоти андоз ва ё дигар санҷишгарон қасдан рӯйпӯш кардан, кам ё зиёд нишон додани маблағи андоз ва ё дигар пардохтҳо,-
ба андозаи аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.".
2. Моддаи 666 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 666. Вайрон кардани қоидаҳои нархгузорӣ, баргузории савдои оммавӣ ё тендер, ё музоядаҳо
Барои вайрон кардани қоидаҳои нархгузорӣ, баргузории савдои оммавӣ ё тендер, ё музоядаҳо, ки ба молики молу мулк, созмондиҳандаи савдо ё тендер, ё музояда, харидор ва ё дигар субъекти хоҷагидорӣ зарар расонида шудааст, ҳангоми набудани аломати ҷиноят,-
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 7 августи соли 2020 № 1715