бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2024 № 705 соқит дониста шуд
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 июли соли 2020, №432
тасдиқ шудааст.
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 июли соли 2020, №432
тасдиқ шудааст.
Низомномаи намунавии шӯрои нозирони корхонаи давлатӣ
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Низомномаи намунавии шӯрои нозирони корхонаи давлатӣ (минбаъд - низомнома) мутобиқи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи корхонаҳои давлатӣ" таҳия шудааст.
2. Низомнома мақом, тартиби даъват, ташкил ва баргузории маҷлисҳои шӯрои нозирони корхонаи давлатӣ (минбаъд - корхона), ҳуқуқу ухдадориҳои аъзои шӯрои нозирони корхона, ҳамкорӣ бо дигар мақомоти идоракунии корхона, инчунин тартиби пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколатҳои аъзои шӯрои нозирони корхонаро муайян менамояд.
3. Шӯрои нозирони корхона (минбаъд - шӯрои нозирон) мақоми идоракунии корхона буда, роҳбарии умумии фаъолияти корхонаро амалӣ менамояд ва иҷрои қарорҳои муассиси корхона ва мақоми ваколатдори онро тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон зери назорат мегирад.
4. Шӯрои нозирон бо мақсади ҳифзи манфиатҳои давлат, ҷорӣ намудани идоракунӣ ва таъмини фаъолияти самараноки корхона таъсис дода мешавад.
5. Шӯрои нозирон дар фаъолияти худ қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.
2. САЛОҲИЯТИ ШӯРОИ НОЗИРОН
6. Шӯрои нозирон мақоми идоракунӣ буда, роҳбарии умумии фаъолияти корхонаро амалӣ менамояд, ба истиснои ҳалли масъалаҳое, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи корхонаҳои давлатӣ" ба салоҳияти муассиси корхона ва мақомоти ваколатдори он вогузор шудаанд.
...