Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июли соли 2020 № 418 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №146  "Дар бораи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйироти зерин ворид карда шавад:

- дар банди 2 рақамҳои "814" ва "82" мувофиқан ба рақамҳои "815" ва "87" иваз карда шаванд;

- дар банди 3 калимаи "се" ба калимаи "чор" иваз карда шавад.

2. Ба низомномаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №146 "Дар бораи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда Шаванд:

- дар банди 1 ва сархати якуми банди 5 калимаҳои "ва таълими калонсолон" ба аломат ва калимаҳои ", таълими калонсолон ва ҳунармандӣ" иваз карда шаванд;

- дар банди 5 зербанди ғ) бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"ғ) дар самти ҳунармандӣ:

- сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳунармандиро амалӣ менамояд;

- фаъолияти субъектҳои ҳунармандиро ҳамоҳанг месозад;

- бо субъектҳои дахлдори дохилӣ ва хориҷӣ дар самти ҳунармандӣ ҳамкорӣ ва шарикиро ба роҳ мемонад;

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений и дополнений в некоторые постановления Правительства Республики Таджикистан

В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. В постановление Правительства Республики Таджикистан от 3 марта 2014 года, №146 "О Министерстве труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан" внести следующие изменения:

- в пункте 2 цифры "814" и "82" соответственно заменить цифрами "815" и "87";

- в пункте 3 цифру "3" заменить цифрой "четыре".

2. В положение Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан, утвержденное постановлением Правительства Республики Таджикистан от 3 марта 2014 года, №146 "О Министерстве труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан" внести следующие изменения и дополнения:

- в пункте 1 и абзаце первом пункта 5 слова "и обучение взрослых" заменить знаком и словами ", обучение взрослых и ремесленничества";

- в пункте 5 дополнить подпунктом д) следующего содержания:

"д) в сфере ремесленничества:

- реализует государственную политику в сфере ремесленничества;

- координирует деятельность субъектов ремесленничества;

- налаживает сотрудничество и партнёрство с соответствующими внутренними и зарубежными субъектами в области ремесленничества;

- разрабатывает государственные программы по развитию ремесленничества и представляет Правительству Республики Таджикистан;

...