Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2014, № 694
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Дар банди 2 Тартиби ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани роҳбарони сохторҳои маҳаллии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2014, № 694 тасдиқ шудааст, пеш аз калимаҳои "мақомоти ҳифзи ҳуқуқ" калимаҳои "соҳаи маориф," илова карда шаванд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 24 июли соли 2020 № 415
ш. Душанбе
аз 24 июли соли 2020 № 415
ш. Душанбе
...