Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, №172
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, № 172 "Оид ба тасдиқи Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият (дар таҳрири нав)" тасдиқ гардидааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1) боби 13 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Боби 13. Феҳристи ягонаи давлатии электронии иҷозатномаҳо ва феҳристи иҷозатномаҳо
1. Феҳристи ягонаи давлатии электронии иҷозатномаҳо-махзани ҷамъбастии маълумот ва иттилоот оид ба иҷозатномаҳое, ки дар низоми мустақим (он-лайн) дастрас мебошанд.
2. Феҳристи иҷозатномаҳо-маҷмӯи маълумот оид ба иҷозатномаҳои додашуда, азнавбарасмиятдаровардашуда, боздошташуда, барқароркардашуда, қатъкардашуда (бекоркардашуда), ки аз ҷониби мақомоти иҷозатномадиҳанда пеш бурда мешавад.
3. Қоидаҳои пешбурди феҳристи ягонаи давлатии электронии иҷозатномаҳо ва қоидаҳои намунавии пешбурди феҳристи иҷозатномаҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.";
2) дар банди 6 боби 23, банди 3 боби 24, банди 2 боби 25 ва банди 3 боби 29 калимаи "Саридораи" ба калимаи "Хадамоти" иваз карда шавад;
3) дар банди 2 боби 27 калимаҳои "Агентии сохтмон ва меъмории" ба калимаҳои "Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони" иваз карда шаванд;
4) банди 4 боби 28 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"4. Мақомоти иҷозатномадиҳанда:
...