Тартиби пур кардан ва пешниҳод намудани эъломия оид ба андоз аз даромад аз 24 июли соли 2020 № 411

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 2

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 24 июли соли 2020, № 411

 

Тартиби пур кардан ва пешниҳод намудани эъломия оид ба андоз аз даромад

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 21.05.2022 № 248)

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Тартиби пур кардан ва пешниҳод намудани эъломия оид ба андоз аз даромад (минбаъд-Тартиб) қоидаҳои эъломиякунонии андоз аз даромади довталабони мансабҳои давлатӣ ва мансабҳои ба онҳо баробаркардашуда, шахсони ишғолкунандаи мансабҳои давлатӣ ва мансабҳои ба онҳо баробаркардашуда, инчунин дигар шахсоне, ки уҳдадории эъломиякунонии андоз аз даромади онҳо дар қонунгузорӣ пешбинӣ шудааст (минбаъд-эъломиякунанда), муҳлати пешниҳод, баҳисобгирии эъломияҳо, инчунин уҳдадориҳои хадамоти кадрии мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои давлатӣ ва масъулияти эъломиякунандагони зеринро муайян менамояд:

- номзадҳо ва шахсони ишғолкунандаи мансабҳои давлатии ҳокимияти давлатӣ;

- довталабон ва ишғолкунандагони мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ;

- довталабон ва шахсони мансабдоре, ки ба хизматчиёни давлатӣ баробар карда шудаанд;

- кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар ташкилотҳои қарзии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи қонунгузории бонкӣ уҳдадоранд эъломия оид ба андоз аз даромад пешниҳод намоянд;

- шахсоне, ки вазифаҳои ташкилию амрдиҳӣ, маъмурию хоҷагидориро дар корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои давлатӣ, дигар субъектҳои хоҷагидори давлатӣ ва субъектҳои хоҷагидоре, ки дар онҳо ҳиссаи давлат на кам аз нисфро ташкил медиҳад (минбаъд-ташкилотҳои давлатӣ), иҷро менамоянд.

2. Амали тартиби мазкур нисбат ба ҳайати техникӣ ва хизматрасонии мақомот ва ташкилотҳои давлатӣ, Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои дигари қарзии давлатӣ (минбаъд-мақомот ва ё ташкилотҳои давлатӣ) паҳн намегардад.

2.ТАРТИБИ ПУР КАРДАНИ ЭЪЛОМИЯ ОИД БА АНДОЗ АЗ ДАРОМАД

3. Шакли эъломия оид ба андоз аз даромад аз 3 боб иборат буда, бо тартиби зерин пур карда мешавад:

- дар боби 1 номи мақомоти андоз бо маҳалли ҷойгиршавӣ, санаи қабули эъломия ва имзои роҳбари нозироти андоз нишон дода мешавад;

- дар боби 2 оид ба насаб, ном ва номи падари эъломиякунанда мувофиқи шиноснома, мансаби ишғолнамуда ва ҷойи кор, рақами мушаххаси андозсупоранда дар асоси шиноснома ё гувоҳнома дар бораи додани рақами мушаххаси андозсупоранда, ҷойи истиқомати доимӣ ё маҳалли будубоши муваққатии ӯ, ки дар шиноснома қайд шудааст, рақами телефон, нишонии электронии ӯ ва соли ҳисоботӣ (1 январ-31 декабри соли 20__) нишон дода мешаванд;

- дар боби 3 номгӯи даромад, аз ҷумла дар хориҷа, маблағи даромад, маблағи андози пардохтшуда, вобаста ба даромад аз ҷойи кори асосӣ, даромад аз ҷойи кори ғайриасосӣ (дар ҳолати дар ду ё зиёда ҷой кор кардан) бо нишон додани ҷой (ҷойҳо)-и кори ғайриасосӣ (банди 2), даромад аз фаъолияти илмиву эҷодӣ ва омӯзгорӣ бо нишон додани намуд (намудҳо)-и фаъолият ва ҷой (ҷойҳо)-и кор (банди 3), даромад аз иҷораи молу мулк (банди 4), даромад аз қитъаи замини наздиҳавлигӣ (банди 5), даромад аз замини ба иҷора гирифташуда (додашуда) (банди 6), даромад аз пасандозҳои бонкӣ (банди 7), даромад аз доштани саҳм дар сармояи оинномавии ташкилотҳои тиҷоратӣ (аз ҷумла суди саҳмияҳо) ва дигар коғазҳои қиматнок (банди 8), дигар даромадҳо бо нишон додани намуди даромадҳо (банди 9) ва ҷамъи даромадҳо ва маблағи андози пардохтшуда бо сомонӣ барои номгӯи бандҳои 1-9 дар соли ҳисоботӣ нишон дода мешаванд.

4. Дар сурати надоштани даромад дар бандҳои дахлдори боби 3 эъломия оид ба андоз аз даромад аломати "-" гузошта мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 21.05.2022 № 248).

3. ТАРТИБИ ПЕШНИҲОД НАМУДАНИ ЭЪЛОМИЯ ОИД БА АНДОЗ АЗ ДАРОМАД

5. Дар эъломия оид ба андоз аз даромад эъломиякунанда вобаста ба ҳар як манбаи даромади худ маълумотро оид ба маблағи андози пардохтшуда ворид менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 21.05.2022 № 248).

6. Эъломиякунанда уҳдадор аст, ки эъломия оид ба андоз аз даромади худро дар муҳлати зерин пешниҳод намояд:

- маротибаи аввал ҳангоми довталаби мансаби давлатӣ будан ё таъин (интихоб) ба мансаб барои соли ҷорӣ;

- ҳар сол то 1 апрел барои соли гузашта.

7. Ишғолкунандагони мансабҳои давлатии ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони мақомот ё ташкилотҳои давлатӣ, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳод ё розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин (интихоб) карда мешаванд, эъломия оид ба андоз аз даромади худро якҷо бо эъломия оид ба вазъи молумулкӣ баъди хонапурӣ намудан дар шакли электронӣ ё коғазӣ ба мақомоти андози маҳалли истиқомат пешниҳод карда, шакли коғазии онҳоро бо тасдиқномаи мақомоти андоз дар бораи қабули эъломия оид ба андоз аз даромад ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд. Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони Раис, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эъломияҳои худро бо ҳамин тартиб ба Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунанд. Эъломияҳои роҳбарони мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ба раиси шаҳр ё ноҳияи дахлдор ва дигар эъломиякунандагон ба мақомот ё ташкилотҳои давлатии ҷойи кор бо ҳамин тартиб пешниҳод карда мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 21.05.2022 № 248).

8. Шахсони ишғолкунандаи мансабҳои давлатӣ дар муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар намояндагиҳои вазорату идораҳо дар хориҷа низ эъломия оид ба андоз аз даромади худро мувофиқи банди 6 ҳамин Тартиб пешниҳод менамоянд.

9. Эъломиякунанда барои дурустӣ ва пурра будани маълумоти дар эъломия оид ба андоз аз даромад нишондода масъулияти шахсӣ дорад.

10. Эъломия оид ба андоз аз даромад ба ҳолати рӯзи охири сол, бо забони давлатӣ бо даст ё дар компютер хонапурӣ карда шуда, ба он мувофиқан бо дасти худ ё дар шакли электронӣ имзо гузошта мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 21.05.2022 № 248).

4.УҲДАДОРИҲОИ ХАДАМОТИ КАДРИИ МАҚОМОТ ВА Ё ТАШКИЛОТҲОИ ДАВЛАТӢ

11. Хадамоти кадрии мақомот ва ё ташкилотҳои давлатӣ уҳдадоранд аст (қарори Ҳукумати ҶТ аз 21.05.2022 № 248):

- эъломиякунандагонро бо варақаи эъломия оид ба андоз аз даромад ва Тартиби мазкур дар шакли коғазӣ ва электронӣ таъмин намоянд ва ба онҳо тартиби пур кардани эъломия оид ба андоз аз даромадро тавзеҳ диҳанд;

- барои эъломиякунандагон ҷиҳати дар шакли коғазӣ ё электронӣ пешниҳод кардани эъломия оид ба андоз аз даромад шароит муҳайё намоянд;

- феҳристи баҳисобгирии эъломияҳо оид ба андоз аз даромадро пеш баранд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 21.05.2022 № 248);

- назорат ва таъмини пешниҳоди саривақтии эъломияҳоро аз ҷониби эъломиякунанда анҷом диҳанд;

- ба парвандаи шахсии эъломиякунанда эъломия оид ба андоз аз даромадро замима карда, махфӣ нигоҳ доштани онҳоро таъмин намоянд;

- рӯйхати шахсони дар муҳлати муқарраршуда эъломия оид ба андоз аз даромад пешниҳоднакардаро, дар давоми 3 рӯзи корӣ аз санаи гузаштани муҳлати пешниҳод таҳия карда, ҷиҳати андешидани чораҳои дахлдор ба роҳбари мақомот ва ё ташкилоти давлатӣ пешниҳод намоянд.

5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

12. Дар сурати муайян гардидани маълумот дар бораи бардурӯғ пур кардани эъломия оид ба андоз аз даромад аз ҷониби эъломиякунанда, мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷиш гузаронида мешавад.

13. Кормандони мақомот ва ё ташкилотҳои давлатӣ, ки ҷиҳати пешбурди корҳо вобаста ба эъломиякунонӣ масъул мебошанд, уҳдадоранд махфияти маълумоти дар эъломия оид ба андоз аз даромад нишондодашударо таъмин намоянд. Барои ифшо кардани маълумот, ба ғайр аз ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, онҳо ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

14. Баҳсҳо оид ба масъалаҳои эъломиякунонӣ аз ҷониби роҳбари мақомот ва ё ташкилоти давлатӣ ё тариқи судӣ ҳал карда мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 21.05.2022 № 248).

 

Замимаи 2

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 24 июли соли 2020, № 411

 

Тартиби пур кардан ва пешниҳод намудани эъломия оид ба андоз аз даромад

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Тартиби пур кардан ва пешниҳод намудани эъломия оид ба андоз аз даромад (минбаъд-Тартиб) қоидаҳои эъломиякунонии андоз аз даромади довталабони мансабҳои давлатӣ ва мансабҳои ба онҳо баробаркардашуда, шахсони ишғолкунандаи мансабҳои давлатӣ ва мансабҳои ба онҳо баробаркардашуда, инчунин дигар шахсоне, ки уҳдадории эъломиякунонии андоз аз даромади онҳо дар қонунгузорӣ пешбинӣ шудааст (минбаъд-эъломиякунанда), муҳлати пешниҳод, баҳисобгирии эъломияҳо, инчунин уҳдадориҳои хадамоти кадрии мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои давлатӣ ва масъулияти эъломиякунандагони зеринро муайян менамояд:

- номзадҳо ва шахсони ишғолкунандаи мансабҳои давлатии ҳокимияти давлатӣ;

- довталабон ва ишғолкунандагони мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ;

- довталабон ва шахсони мансабдоре, ки ба хизматчиёни давлатӣ баробар карда шудаанд;

- кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар ташкилотҳои қарзии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи қонунгузории бонкӣ уҳдадоранд эъломия оид ба андоз аз даромад пешниҳод намоянд;

- шахсоне, ки вазифаҳои ташкилию амрдиҳӣ, маъмурию хоҷагидориро дар корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои давлатӣ, дигар субъектҳои хоҷагидори давлатӣ ва субъектҳои хоҷагидоре, ки дар онҳо ҳиссаи давлат на кам аз нисфро ташкил медиҳад (минбаъд-ташкилотҳои давлатӣ), иҷро менамоянд.

2. Амали тартиби мазкур нисбат ба ҳайати техникӣ ва хизматрасонии мақомот ва ташкилотҳои давлатӣ, Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои дигари қарзии давлатӣ (минбаъд-мақомот ва ё ташкилотҳои давлатӣ) паҳн намегардад.

2.ТАРТИБИ ПУР КАРДАНИ ЭЪЛОМИЯ ОИД БА АНДОЗ АЗ ДАРОМАД

2. Шакли эъломия оид ба андоз аз даромад аз 3 боб иборат буда, бо тартиби зерин пур карда мешавад:

- дар боби 1 номи мақомоти андоз бо маҳалли ҷойгиршавӣ, санаи қабули эъломия ва имзои роҳбари нозироти андоз нишон дода мешавад;

- дар боби 2 оид ба насаб, ном ва номи падари эъломиякунанда мувофиқи шиноснома, мансаби ишғолнамуда ва ҷойи кор, рақами мушаххаси андозсупоранда дар асоси шиноснома ё гувоҳнома дар бораи додани рақами мушаххаси андозсупоранда, ҷойи истиқомати доимӣ ё маҳалли будубоши муваққатии ӯ, ки дар шиноснома қайд шудааст, рақами телефон, нишонии электронии ӯ ва соли ҳисоботӣ (1 январ-31 декабри соли 20__) нишон дода мешаванд;

- дар боби 3 номгӯи даромад, аз ҷумла дар хориҷа, маблағи даромад, маблағи андози пардохтшуда, вобаста ба даромад аз ҷойи кори асосӣ, даромад аз ҷойи кори ғайриасосӣ (дар ҳолати дар ду ё зиёда ҷой кор кардан) бо нишон додани ҷой (ҷойҳо)-и кори ғайриасосӣ (банди 2), даромад аз фаъолияти илмиву эҷодӣ ва омӯзгорӣ бо нишон додани намуд (намудҳо)-и фаъолият ва ҷой (ҷойҳо)-и кор (банди 3), даромад аз иҷораи молу мулк (банди 4), даромад аз қитъаи замини наздиҳавлигӣ (банди 5), даромад аз замини ба иҷора гирифташуда (додашуда) (банди 6), даромад аз пасандозҳои бонкӣ (банди 7), даромад аз доштани саҳм дар сармояи оинномавии ташкилотҳои тиҷоратӣ (аз ҷумла суди саҳмияҳо) ва дигар коғазҳои қиматнок (банди 8), дигар даромадҳо бо нишон додани намуди даромадҳо (банди 9) ва ҷамъи даромадҳо ва маблағи андози пардохтшуда бо сомонӣ барои номгӯи бандҳои 1-9 дар соли ҳисоботӣ нишон дода мешаванд.

3. Дар сурати надоштани даромад дар бандҳои дахлдори боби 3 эъломия оид ба андоз аз даромад аломати "-" гузошта мешавад.

3. ТАРТИБИ ПЕШНИҲОД НАМУДАНИ ЭЪЛОМИЯ ОИД БА АНДОЗ АЗ ДАРОМАД

4. Эъломия оид ба андоз аз даромад дар Тартиби мазкур шакли варақаи аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқгардида мебошад, ки дар он маълумот оид ба вазъи даромади эъломиякунанда дохил карда шуда, ба мақомоти давлатӣ ва ё ташкилотҳои давлатии ҷойи кор пешниҳод карда мешавад.

5. Эъломиякунанда уҳдадор аст, ки эъломия оид ба андоз аз даромади худро дар муҳлати зерин пешниҳод намояд:

- маротибаи аввал ҳангоми довталаби мансаби давлатӣ будан ё таъин (интихоб) ба мансаб барои соли ҷорӣ;

- ҳар сол то 1 апрел барои соли гузашта.

6. Роҳбарони мақомоти давлатӣ ва ё ташкилотҳои давлатӣ, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё бо розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин карда мешаванд, эъломия оид ба андоз аз даромади худро ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ба раиси шаҳр ё ноҳияи дахлдор пешниҳод менамоянд. Дигар эъломиякунандагон эъломия оид ба андоз аз даромади худро ба мақомот ва ё ташкилотҳои давлатии ҷойи кор пешниҳод мекунанд.

7. Шахсони ишғолкунандаи мансабҳои давлатӣ дар муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар намояндагиҳои вазорату идораҳо дар хориҷа низ эъломия оид ба андоз аз даромади худро мувофиқи банди 6 ҳамин Тартиб пешниҳод менамоянд.

8. Эъломиякунанда барои дурустӣ ва пурра будани маълумоти дар эъломия оид ба андоз аз даромад нишондода масъулияти шахсӣ дорад.

9. Эъломия оид ба андоз аз даромад ба ҳолати рӯзи охири сол, бо забони давлатӣ бо даст ё дар компютер хонапурӣ карда шуда, ба он мувофиқан бо дасти худ ё дар шакли электронӣ имзо гузошта мешавад.

4.УҲДАДОРИҲОИ ХАДАМОТИ КАДРИИ МАҚОМОТ ВА Ё ТАШКИЛОТҲОИ ДАВЛАТӢ

10. Хадамоти кадрии мақомот ва ё ташкилотҳои давлатӣ уҳдадор аст:

- эъломиякунандагонро бо варақаи эъломия оид ба андоз аз даромад ва Тартиби мазкур дар шакли коғазӣ ва электронӣ таъмин намоянд ва ба онҳо тартиби пур кардани эъломия оид ба андоз аз даромадро тавзеҳ диҳанд;

- барои эъломиякунандагон ҷиҳати дар шакли коғазӣ ё электронӣ пешниҳод кардани эъломия оид ба андоз аз даромад шароит муҳайё намоянд;

- феҳристи баҳисобгирии эъломияҳо оид ба андоз аз даромадро пеш барад;

- назорат ва таъмини пешниҳоди саривақтии эъломияҳоро аз ҷониби эъломиякунанда анҷом диҳанд;

- ба парвандаи шахсии эъломиякунанда эъломия оид ба андоз аз даромадро замима карда, махфӣ нигоҳ доштани онҳоро таъмин намоянд;

- рӯйхати шахсони дар муҳлати муқарраршуда эъломия оид ба андоз аз даромад пешниҳоднакардаро, дар давоми 3 рӯзи корӣ аз санаи гузаштани муҳлати пешниҳод таҳия карда, ҷиҳати андешидани чораҳои дахлдор ба роҳбари мақомот ва ё ташкилоти давлатӣ пешниҳод намоянд.

5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

11. Дар сурати муайян гардидани маълумот дар бораи бардурӯғ пур кардани эъломия оид ба андоз аз даромад аз ҷониби эъломиякунанда, мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷиш гузаронида мешавад.

12. Кормандони мақомот ва ё ташкилотҳои давлатӣ, ки ҷиҳати пешбурди корҳо вобаста ба эъломиякунонӣ масъул мебошанд, уҳдадоранд махфияти маълумоти дар эъломия оид ба андоз аз даромад нишондодашударо таъмин намоянд. Барои ифшо кардани маълумот, ба ғайр аз ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, онҳо ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

13. Баҳсҳо оид ба масъалаҳои эъломиякунонӣ аз ҷониби роҳбари мақомот ва ё ташкилоти давлатӣ ё тариқи судӣ ҳал карда мешаванд.