Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 2020 № 390 "Дар бораи табдил додани муассисаи давлатии "Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии Тоҷикистон "Саноатсодиротбонк""

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи табдил додани муассисаи давлатии "Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии Тоҷикистон "Саноатсодиротбонк"

Мутобиқи моддаҳои 58-59 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Муассисаи давлатии "Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии Тоҷикистон "Саноатсодиротбонк" табдил дода шавад.

2. Оинномаи корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротӣ Тоҷикистон"Саноатсодиротбонк" тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

3. Корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии Тоҷикистон "Саноатсодиротбонк" тибқи талаботи қонунгузории бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гирифтани иҷозатномаи фаъолияти бонкӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳоро пешниҳод намояд.

4. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои зиёд намудани фонди оинномавии корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии Тоҷикистон "Саноатсодиротбонк" дар буҷети ҷумҳуриявӣ маблағҳои муайянро пешбинӣ намояд.

5. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии Тоҷикистон "Саноатсодиротбонк"-ро бо бинои маъмурӣ таъмин намояд.

6. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Муассисаи давлатии "Фонди дастгирии соҳибкорӣ" аз 5 феврали соли 2013 №34 пас аз бақайдгирии давлатии корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии Тоҷикистон "Саноатсодиротбонк" аз эътибор соқит дониста шавад.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон    Эмомалӣ Раҳмон

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон    Эмомалӣ Раҳмон

 

...

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О преобразовании государственного учреждения «Фонд поддержки предпринимательства при Правительстве Республики Таджикистан» в государственное унитарное предприятие промышленно-экспортный банк Таджикистана «Саноатсодиротбонк»

В соответствии со статьями 58-59 Гражданского кодекса Республики Таджикистан и статьей 57 Закона Республики Таджикистан «О нормативных правовых актах» Правительство Республики Таджикистан постановляет:

Председатель Правительства Республики Таджикистан    Эмомали Рахмон
г.Душанбе от 25 июня 2020 года №390

 

...