Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июли соли 2020 № 1700 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 15 апрели соли 2020, № 58 

қабул карда шуд.

 

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 26 июни соли 2020, № 31 

ҷонибдорӣ карда шуд.

 

Моддаи 1. Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2008, №12, қ.1, мод.989, мод.990, № 2009, №5, мод.321, №9- 10, мод.543; с.2010, №1, мод.2, мод.5, №3, мод.15э, №7, мод.547, №12, қ.1, мод.812; с.2011, №6, мод.430, мод.431, №7-8, мод.610, №12, мод.838; с.2012, №4, мод.256, №7, мод.685, мод.693, №8, мод.814, №12, қ. 1, мод.1004; с.2013, №3, мод.181, №7, мод.508; с.2014, №3, мод.143, мод.144, №7, қ.1, мод.389, мод.390; с.2015, №3, мод.201, №7-9, мод.707, мод.708, №11, мод.955, №12, қ.1, мод.1108; с.2016, №3, мод.130, мод.131, мод.132, №5, мод.359, мод.361, №7, мод.613, мод.614, №11, мод.877; с.2017, №1-2, мод.5, мод.6, №5, қ.1, мод.275, №7-9, мод.568, мод.585; с.2018, №1, мод.9, №5, мод.268, мод.269; с.2019, №1, мод.8, №6, мод.312, мод.313, №7, мод.464; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2020, №1659), тағйироти зерин ворид карда шаванд:

1. Матни моддаи 497 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"1. Барои аз тарафи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд риоя нагардидани қоидаҳои ворид шудан ба минтақаи сарҳадӣ, инчунин қоидаҳои истиқомат ё аз қайд гузаштан дар минтақаи сарҳадӣ,

огоҳӣ дода мешавад ё ба андозаи аз панҷ то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

2. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми 1 ҳамин модда пешбинишуда,

ба андозаи аз даҳ то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо берун кардан ё бе берун кардан аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷарима таъйин карда мешавад.".

2. Дар моддаи 499:

- санксияи қисми 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"огоҳӣ дода мешавад ё ба андозаи аз даҳ то понздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.";

- санксияи қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"ба андозаи аз понздаҳ то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо берун кардан ё бе берун кардан аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷарима таъйин карда мешавад.";

- аз санксияи қисми 3 калимаҳои "ва берун кардан аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон" хориҷ карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон      Эмомалӣ Раҳмон

 

ш. Душанбе,4 июли соли 2020 № 1700

 

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ В КОДЕКС РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН ОБ АДМИНИСТРАТИВНЫХ ПРАВОНАРУШЕНИЯХ

Принят постановлением МН МОРТ

от 15 апреля 2020 года, №58

Одобрен постановлением ММ МОРТ

от 26 июня 2020 года, №31

1. Внести в Кодекс Республики Таджикистан об административных правонарушениях, принятый Законом Республики Таджикистан от 31 декабря 2008 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2008 г., №12, ч.1, ст.989, ст.990; 2009 г., №5, ст.321, №9-10, ст.543; 2010 г., №1, ст.2, ст.5, №3, ст.153, №7, ст.547, №12, ч.1, ст.812; 2011 г., №6, ст.430, ст.431, №7-8, ст.610, №12, ст.838; 2012 г., №4, ст.256, №7, ст.685, ст.693, №8, ст.814, №12, ч.1, ст1004; 2013 г., №3, ст.181, №7, ст.508; 2014 г., №3, ст.143, ст.144, №7, ч.1, ст.389, ст.390; 2015 г., №3, ст.201, №7-9, ст.707, ст.7О8, №11, ст.955, №12, ч.1, ст.1108; 2016 г., №3, ст.130, ст.131, ст.132,№5, ст.359, ст.361, №7, ст.613, ст.614, №11, ст.877; 2017 г., №1-2, ст.5, ст.6, №5, ч.1, ст.275, №7-9, ст.568, ст.585; 2018 г., №1, ст.9, №5, ст.268, ст.269; 2019 г., №1, ст.8, №6, ст. 312, ст.313; №7, ст. 464; Закон Республики Таджикистан от 2 января 2020 года, №1659), следующие изменения:

1. Текст статьи 497 изложить в следующей редакции:

"1. Несоблюдение иностранными гражданами и лицами без гражданства правил въезда в пограничную зону, а также правил проживания или регистрации в пограничной зоне,

влечет предупреждение или наложение штрафа в размере от пяти до десяти показателей для расчетов.

2. То же действие, предусмотренное частью 1 настоящей статьи, совершенное повторно в течение одного года после применения мер административного взыскания,

влечет наложение штрафа в размере от десяти до тридцати показателей для расчетов с выдворением за пределы Республики Таджикистан, или без такового.".

2. В статье 499:

- санкцию части 1 изложить в следующей редакции:

"влекут предупреждение или наложение штрафа в размере от десяти до пятнадцати показателей для расчетов.";

- санкцию части 2 изложить в следующей редакции:

"влекут наложение штрафа от пятнадцати до тридцати показателей для расчетов с выдворением за пределы Республики Таджикистан, или без такового.";

- из санкции части 3 слова "с выдворением за пределы Республики Таджикистан" исключить.

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

от 4 июля 2020 года, №1700