Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июли соли 2020 № 1702 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ МУРОФИАВИИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 10 июни соли 2020, № 108 

қабул карда шуд.

 

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 26 июни соли 2020, № 35 

ҷонибдорӣ карда шуд.

 

Моддаи 1. Ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2009 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, №12, мод. 815, мод. 816; с. 2010, №7, мод. 551; с. 2011, №3, мод. 159, №7-8, мод: 609; с. 2012, №4, мод. 259, №7, мод. 714, №8, мод. 815, №12, қ. 1, мод. 1020, мод. 1025; с. 2013, №7, мод. 510, мод. 511; с. 2014, №3, мод. 142, №11, мод. 643; с. 2015, №11, мод. 950; с. 2016, №3, мод. 128, №5, мод. 357, №7, мод. 610, мод. 611; с. 2017, №1 - 2, мод. 3; с. 2018, №5, мод. 267; с. 2019, №1, мод. 3), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Сархати дувоздаҳуми моддаи 6 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"- прокурор - Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони ӯ, Сарпрокурори ҳарбии Тоҷикистон, прокурорҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокурори нақлиёти Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони онҳо, сардорони раёсатҳо (шӯъбаҳо), муовини якум ва муовинони онҳо, ёрдамчиёни калон ва ёрдамчиёни Прокурори генералӣ, прокурорҳои калон ва прокурорҳои раёсатҳо (шӯъбаҳо), ёрдамчиёни калон ва ёрдамчиёни прокурорҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокурори нақлиёти Тоҷикистон, прокурорҳои калон ва прокурорҳои шӯъбаҳои прокуратураҳои вилоятҳо, прокурорҳои шаҳру ноҳияҳо ва прокурорҳои ба онҳо баробаркардашуда, ки прокурорҳои нақлиёт, ҳарбии гарнизонҳо ва назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳиро дар бар мегиранд, муовини якум ва муовинони онҳо, ёрдамчиёни калон ва ёрдамчиёни онҳо, прокурор - криминалистҳои калон ва прокуроркриминалистҳо, ки дар доираи салоҳияташон фаъолият мекунанд;".

2. Дар қисми 4 моддаи 12 калимаи "қонун" ба калимаҳои "Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шавад.

3. Ба моддаи 14 пас аз калимаҳои "Ҳар шахс ба" калимаҳои "ҳифзи маълумоти шахсӣ," илова карда шаванд.

4. Ҷумлаи дуюми қисми 1 моддаи 111 хориҷ карда шавад.

5. Дар моддаи 161:

- дар қисми 2 калима ва рақамҳои "286 қисми 2" ба калима ва рақамҳои "286 қисмҳои 2 ва 3," иваз карда шаванд;

- дар қисми 9 рақамҳои "286-291" ба рақамҳо ва калимаи "286 қисми 1, 287-291" иваз карда шаванд.

6. Ба моддаи 245 қисми 4 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"4. Ба суд ҳозир шудани шахсоне, ки дар рӯйхатҳо тахаллуси онҳо сабт шудааст, аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори пешбурди тосудии парвандаи ҷиноятӣ таъмин карда мешавад.".

7. Ба қисми 5 моддаи 355 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Зимнан, тарафҳо ҳуқуқ доранд ариза дар бораи оштиро то ба хонаи машваратӣ рафтани судя пешниҳод намоянд.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон        Эмомалӣ Раҳмон

 

ш. Душанбе, 4 июли соли 2020 № 1702

 

 

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В УГОЛОВНО-ПРОЦЕССУАЛЬНЫЙ КОДЕКС РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

Принят постановлением МН МОРТ

от 10 июня 2020 года, №108

Одобрен постановлением ММ МОРТ

от 26 июня 2020 года, №35

Статья 1. Внести в Уголовно-процессуальный кодекс Республики Таджикистан, принятый Законом Республики Таджикистан от 3 декабря 2009 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2009 г., №12, ст. 815, ст. 816; 2010 г., №7, ст. 551; 2011 г., №3, ст. 159, №7 - 8, ст. 609; 2012 г., №4, ст. 259, №7, ст. 714, №8, ст. 815, №12, ч. 1, ст. 1020, ст. 1025; 2013 г., №7, ст. 510, ст. 511; 2014 г., №3, ст. 142, №11, ст. 643; 2015 г., №11, ст. 950; 2016 г., №3, ст. 128; №5, ст.357, №7, ст. 610, ст. 611; 2017 г., №1 - 2, ст. 3; 2018 г., №5, ст. 267; 2019,. №1, ст. 3), следующие изменения и дополнения:

1. Абзац двенадцатый статьи 6 изложить в следующей редакции:

"- прокурор - Генеральный прокурор Республики Таджикистан, его первый заместитель и заместители, Главный военный прокурор Таджикистана, прокуроры Горно - Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, транспортный прокурор Таджикистана, их первый заместитель и заместители, руководители управлений (отделов), их первый заместитель и заместители, старшие помощники и помощники Генерального прокурора, старшие прокуроры и прокуроры управлений (отделов), старшие помощники и помощники прокуроров Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, транспортного прокурора Таджикистана, старшие прокуроры и прокуроры отделов прокуратуры областей, прокуроры городов, районов и приравненные к ним прокуроры, которыми являются транспортные прокуроры, военные прокуроры гарнизонов и прокуроры по надзору за исполнением законов в учреждениях исполнения наказания, их первые заместители и заместители, их старшие помощники и помощники, старшие прокурорыкриминалисты и прокуроры - криминалисты, осуществляющие деятельность в пределах своей компетенции;".

2. В части 4 статьи 12 слово "законом" заменить словами "Законом Республики Таджикистан "О государственной защите участников уголовного судопроизводства" и другими нормативными правовыми актами Республики Таджикистан".

3. Статью 14 после слов "право на" дополнить словами "защиту персональных данных,".

4. Второе предложение части 1 статьи 111 исключить.

5. В статье 161:

- в части 2 слово и цифры "286 частью 2" заменить словами и цифрами "286 частями 2 и 3,"; часть 6 после слова "органов" дополнить словом "национальной";

- в части 9 цифры "286-291" заменить цифрами и словом "286 частью 1,287 - 291".

6. Статью 245 дополнить частью 4 следующего содержания:

"4. Явка в суд лиц, которые указаны в списке под псевдонимом, обеспечивается органами, компетентным и на досудебное ведение уголовных дел.".

7. Часть 5 статьи 355 дополнить вторым предложением следующего содержания:

"При этом стороны вправе предъявить заявление о примирении до удаления судьи в совещательную комнату.".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

 г.Душанбе,

 от 4 июля 2020 года, №1702