Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июли соли 2020 № 1697 "Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании ҶТ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2025 мавриди амал қарор дода шавад.

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ МУРОФИАВИИ ГРАЖДАНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 22 апрели соли 2020, № 80 

қабул карда шуд.

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 26 июни соли 2020, № 30

ҷонибдорӣ карда шуд.

Моддаи 1. Ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2008 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2008, №1, қ.1, мод.б, мод.7; с.2010, №1, мод.6; с.2012, №7, мод.721; с.2014, №7, қ.1, мод.388, №12; мод.821; с.2015, №11, мод.953; с.2016, №5, мод.360; с.2018, №1, мод.6; с.2019, №1, мод.6, №6, мод.314), иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Ба қисми 1 моддаи 37 сархати якум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"- аз ёрии ҳуқуқии аз тарафи давлат кафолатдодашуда дар асос ва бо тартиби пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ" истифода баранд;".

2. Ба моддаи 55 қисми 7 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"7. Иштироки ҳуқуқшиноси давлатӣ дар суд ба сифати намоянда бо тартиби пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ" таъмин карда мешавад.".

3. Ба моддаи 102 қисми 3 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"3. Дар сурате, агар бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ" ба тарафе, ки ба манфиати он қарор қабул гардидааст, ёрии ҳуқуқӣ расонида шуда бошад ва ҳаққи хизмати адвокат ё намоянда аз ҳисоби давлат пардохт шуда бошад, хароҷоти ба пардохти ҳаққи хизмати адвокат ё намоянда вобаста аз ҳисоби тарафи дигар ба фоидаи давлат ситонида мешаванд.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2025 мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон       Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

4 июли соли 2020, № 1697