ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ МУРОФИАВИИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
22 апрели соли 2020, № 76
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 26 июни соли 2020, № 29
ҷонибдорӣ карда шуд.
Моддаи 1. Ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2009 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2009, №12, мод.815, мод.816; с.2010, №7, мод.551; с.2011, №3, мод.159, №7-8, мод.,609; с.2012, №4, мод.259, №7, мод.714, №8, мод.С 5, №12, қ.1, мод.1020, мод.1025; с.2013, №7, мод.510, мод.511; с.2014, №3, мод.142, №11, мод.643; с.2015, №11, мод.950; с.2016, №3, мод.128, №5, мод.357, №7, мод.610, мод.611; с.2017, №1-2, мод.4; с.2018, №5, мод.267; с.2019, №1, мод.З), иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба моддаи 50 қисми 13 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"13. Таъмини ҳимоятгар аз ҳисоби давлат ва пардохти ҳаққи хизмати ӯ дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 50(1) бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ" амалӣ карда мешавад.".
2. Моддаи 50(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Моддаи 50(1). Пардохти ҳаққи хизмати ҳимоятгар аз ҳисоби давлат
1. Пардохти ҳаққи хизмати ҳимоятгар аз ҳисоби давлат ба шахсони зерин кафолат дода мешавад:
- гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ва маҳкумшудае, ки ба ёрии ҳуқуқӣ эҳтиёҷ доранд, вале имконияти пардохти чунин хизматрасониро надоранд ва мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гирандаи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ мебошанд;
- гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ё маҳкумшудаи ноболиғи бепарастор ё ноболиғе, ки падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда)-и ӯ имконияти пардохти чунин хизматрасониро надоранд ва мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гирандаи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ мебошанд;
- ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, ветеранҳои амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди давлатҳои дигар ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, инчунин шахсоне, ки бар асари фалокати неругоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд ва ё дар рафъи оқибатҳои ин фалокат ширкат варзидаанд;
- шахсони дар сархатҳои сеюм, панҷум, шашум ва ҳафтуми қисми I моддаи 51 Кодекси мазкур пешбинигардида.
2. Ҳангоми таъмини ҳимоятгар аз ҳисоби давлат, таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ва судя қарор, суд бошад, дар бораи таъини адвокат ҳамчун ҳимоятгар ва баъд аз ба анҷом расидани пешбурди парванда дар бораи пардохти ҳаққӣ хизмати адвокат таъинот мебароранд.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
4 июли соли 2020 № 1696