Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июли соли 2020 № 1698 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 10 июни  соли 2020, № 106 

қабул карда шуд.

 

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 26 июни соли 2020, № 33 ҷонибдорӣ карда шуд.

 

Моддаи 1. Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008., №12, қ. 1, мод. 989, мод. 990; с. 2009, №5, мод. 321, №9-10, мод. 543; с. 2010, №1, мод. 2, мод. 5, №3, мод. 153, №7, мод. 547, №12, қ. 1, мод. 812; с. 2011, №6, мод. 430, мод. 431, №7-8, мод. 610, №12, мод. 838; с. 2012, №4, мод. 256, №7, мод. 685, мод. 693, №8, мод. 814, №12, қ. 1, мод. 1004; с. 2013, №3, мод. 181, №7, мод. 508; с. 2014, №3, мод.143, мод.144, №7, қ.1, мод.389, мод.390; с. 2015, №3, мод. 201, №7-9, мод. 707, мод. 708, №11, мод. 955, №12, қ. 1, мод. 1108; с. 2016, №3, мод. 130, мод. 131, мод. 132, №5, мод. 359, мод. 361, №7, мод. 613, мод. 614, №11, мод. 877; с. 2017, №1-2, мод. 5, мод. 6, №5, қ. 1, мод. 275, №7-9, мод. 568, мод. 585; с.2018, №1, мод.9, №5, мод. 268, мод. 269; с.2019, №1, мод.8, №6, мод. 312, мод. 313, №7, мод. 464; с. 2020, №1, мод. 6), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар моддаи 112:

- қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"2. Ҳамин кирдорҳо, агар дар шароити пайдоиш ва паҳншавии беморие, ки барои инсон хавфнок аст, ё ин ки ҳангоми амалигардонии чорабиниҳои маҳдудкунандаи карантинӣ дар ҳудуди дахлдор, ё ин ки дар муҳлати муқарраршуда иҷро накардани амрнома (қарор) ё талаботи мақоме (шахсони мансабдоре), ки назорати давлатии санитарию эпидемиологиро вобаста ба гузаронидани чорабиниҳои санитарию зиддиэпидемикӣ (профилактикӣ) ба амал мебарорад, содир гардида бошанд,

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳафт то дувоздаҳ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, аз бист то сӣ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз чил то шаст, ба шахсони мансабдор аз шаст то ҳаштод ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз як саду панҷоҳ то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.";

- қисми 3 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"3. Барои баъди таъйини ҷазои маъмурӣ дар давоми як сол такроран содир намудани кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои 1 ё 2 ҳамин модда,

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз понздаҳ то бист, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, аз сӣ то чил, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз шаст то ҳаштод, ба шахсони мансабдор аз ҳаштод то сад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то дусаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.".

2. Дар моддаи 113:

- ба номи модда пас аз калимаи "эпидемия" калимаҳои "ва дигар бемориҳои сирояткунанда" илова карда шаванд;

- қисми 1 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"1. Барои дар шароити пайдоиш ва паҳншавии беморие, ки барои инсон хавфнок аст, ё ин ки ҳангоми амалигардонии чорабиниҳои маҳдудкунандаи карантинӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, бар хилофи талаботи махсуси мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ бе ниқоб қарор доштан,

ба андозаи аз ду то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.";

- матни модда қисми 2 ҳисобида шуда, рақамгузорӣ карда шавад.

3. Моддаи 374(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Моддаи 374(1). Паҳн намудани маълумоти бардурӯғ бо истифодаи воситаҳои ахбори омма, интернет ё шабакаҳои дигари алоқаи барқӣ

Барои бо истифодаи воситаҳои ахбори омма, интернет ё шабакаҳои дигари алоқаи барқӣ паҳн намудани маълумоти баръало бардурӯғ дар шароити пайдоиш ва паҳншавии беморие, ки барои инсон хавфнок аст, ё ин ки ҳангоми амалигардонии чорабиниҳои маҳдудкунандаи карантинӣ ва ё дар бораи тарзу усулҳои ҳифз ва чораҳои дигари вобаста ба таъмини амнияти аҳолӣ андешидашаванда, ки дар онҳо иттилооти аз ҳақиқат дур ҷой дорад,

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати аз даҳ то понздаҳ шабонарӯз ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз як саду панҷоҳ то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.".

4. Дар моддаи 617:

- дар санксияи қисми 1 калимаҳои "аз сӣ то чил" ба калимаҳои "аз ҳафтод то ҳаштод" иваз карда шаванд;

- дар санксияи қисми 2 калимаҳои "аз ҳаштод то сад" ба калимаҳои "аз яксаду сӣ то яксаду панҷоҳ" иваз карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон      Эмомалӣ Раҳмон

 

 

ш. Душанбе,

4 июли соли 2020 № 1698

 

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В КОДЕКС РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН ОБ АДМИНИСТРАТИВНЫХ ПРАВОНАРУШЕНИЯХ

Принят постановлением МН МОРТ

от 10 июня 2020 года, №106

Одобрен постановлением ММ МОРТ

от 26 июня 2020 года, №33

1. Внести в Кодекс Республики Таджикистан об административных правонарушениях, принятый Законом Республики Таджикистан от 31 декабря 2008 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2008 г., №12, ч.1, ст.989, ст. 990; 2009 г., №5, ст. 321, №9-10, ст.543; 2010 г., №1, ст.2, ст.5, №3, ст.153, №7, ст.547, №12, ч.1, ст.812; 2011 г., №6, ст.430, ст.431, №7-8, ст.610, №12, ст.838; 2012 г., №4, ст.256, №7, ст.685, ст.693, №8, ст.814, №12, ч.1, ст.1004; 2013 г., №3, ст. 181, №7, ст.508; 2014 г., №3, ст.43, ст. 144, №7, ч.1, ст.389, ст.390; 2015 г., №3. ст.201, №7-9, ст.707, ст.708, №11, ст.955, №12, ч.1, ст. 1108; 2016 г., №3, ст.130, ст.131, ст. 132, №5, ст.359, ст.361, №7, ст.613, ст.614, №11, ст. 877; 2017 г., №1-2, ст.5, ст.6, №5, ч.1, ст.275, №7-9, ст.568, ст.585; 2018 г., №1, ст.9, №5, ст.268, ст.269; 2019 г., №1, ст.8, №6, ст.312, ст.313, №7, ст.464; 2020 г., №1, ст.6), следующие изменения и дополнения:

1. В статье 112:

- часть 2 изложить в следующей редакции:

"2. Те же действия, совершенные в условиях возникновения и распространения заболевания, опасного для человека, или во время осуществления ограничительных карантинных мер на соответствующей территории, или невыполнение предписания (решения), или требований органа (должностных лиц), осуществляющего государственный санитарно-эпидемиологический контроль, в связи с осуществлением санитарно-противоэпидемических (профилактических) мероприятий в установленный срок,

влекут наложение штрафа на физических лиц в размере от семи до двенадцати, на индивидуальных предпринимателей, функционирующих на основе патента - от двадцати до тридцати, на индивидуальных предпринимателей, функционирующих на основе свидетельства - от сорока до шестидесяти, на должностных лиц - от шестидесяти до восьмидесяти и на юридические лица - от ста пятидесяти до двухсот показателей для расчетов."; .

- дополнить частью 3 следующего содержания:

"3. Те же действия, предусмотренные частями 1 или 2 настоящей статьи, совершенные повторно, в течение одного года после применения мер административного взыскания,

влекут наложение штрафа на физических лиц в размере от пятнадцати до двадцати, на индивидуальных предпринимателей, функционирующих на основе патента - от тридцати до сорока, на индивидуальных’ предпринимателей, функционирующих на основе свидетельства - от шестидесяти до восьмидесяти, на должностных лицот восьмидесяти до ста и на юридические лица - от двухсот до двухсот пятидесяти показателей для расчетов.".

2. В статье 113:

- название статьи после слова "эпидемиями" дополнить словами "и другими инфекционными заболеваниями’";

- дополнить частью 1 следующего содержания:

"1. Нахождение в общественных местах в условиях возникновения и распространения опасных для человека заболеваний или при осуществлении ограничительных карантинных мер без маски, вопреки специальным требованиям уполномоченного государственного органа в сфере здравоохранения,

влечет наложение штрафа в размере от двух до пяти показателей для расчетов.";

- текст статьи считать частью 2 и пронумеровать.

3. Дополнить статьёй 374(1) следующего содержания:

Статья 374(1). Распространение ложной информации с использованием средств массовой информации, интернета или других сетей электрической связи

Распространение заведомо ложной информации с использованием средств массовой информации, интернета или других сетей электрической связи в условиях возникновения и распространения опасных для человека заболеваний, или при осуществлении ограничительных карантинных мер, или не соответствующих действительности сведений о приёмах и способах защиты и других мерах, принимаемых для обеспечения безопасности населения, от указанных обстоятельств,

влечет наложение штрафа на физических лиц в размере от десяти до двадцати или административный арест на срок от десяти до пятнадцати суток и на юридические лица - от ста пятидесяти до двухсот показателей для расчетов.".

4. В статье 617:

- в санкции части 1 слова "от тридцати до сорока" заменить словами "от семидесяти до восьмидесяти";

- в санкции части 2 слова "от восьмидесяти до ста" заменить словами "от ста тридцати до ста пятидесяти".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

от 4 июля 2020 года, №1698