ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2001 "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2001, № 7, мод. 490; с.2003, № 12, мод.685; с.2004, № 5, мод.347; с.2006, № 3, мод.143; с.2007, № 7, мод.651; Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2008, № 369) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми 2 моддаи 27 сархати сеюм бо мазмуни зайл илова карда шавад: "пешниҳоди Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи ба судҳо додани тавзеҳоти дастурӣ оид ба масъалаҳои амалияи судӣ аз рӯи парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ менамояд:".
2. Дар моддаи 46:
- аз сархати дуюм калимаҳои "ва судҳои поёнӣ" хориҷ карда шаванд;
- дар сархати панҷум пас аз калимаи "эътироз" калимаҳои "ва аризаи дигар шахсони бо қонунгузорӣ пешбинишуда" илова карда шаванд.
3. Дар сархати сеюми қисми дуюми моддаи 48 калимаҳои "судҳои иқтисодӣ" ба калимаҳои "Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.
4. Сархати дуюми моддаи 50 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"пешниҳоди Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи ба судҳо додани тавзеҳоти дастурӣ оид ба масъалаҳои амалияи судӣ аз рӯи парвандаҳои иқтисодӣ баррасӣ менамояд;".
5. Қисми сеюми моддаи 52 хориҷ карда шавад.
6. Дар сархати якуми моддаи 55 пас аз калимаи "эътирозҳо" калимақои "ва аризаи дигар шахсони бо қонунгузорӣ пешбинишуда" илова карда шаванд.
7. Дар қисми якуми моддаи 59 калимаҳои "Кодекси мурофиавии хоҷагии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мурофиаи судии иқтисодӣ" иваз карда шаванд.
8. Дар моддаи 60:
- дар қисми якум калимаҳои "Кодекси мурофиавии хоҷагии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мурофиаи судии иқтисодӣ" иваз карда шаванд;
...