Низомномаи шӯрои нозирони ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои интиқоли барқ" аз 1 майи соли 2020 № 259

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 майи соли 2020, №259

тасдиқ шудааст

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 майи соли 2020, №259

тасдиқ шудааст

Низомномаи шӯрои нозирони ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои интиқоли барқ"

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Низомномаи шӯрои нозирони ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои интиқоли барқ" (минбаъд - низомнома) мақом, тартиби даъват, ташкил ва баргузории маҷлисҳои шӯрои нозирони ҷамъият, ҳуқуқу уҳдадориҳои аъзои шӯрои нозирони ҷамъият, инчунин тартиби пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколатҳои аъзои шӯрои нозирони ҷамъиятро муайян менамояд.

2. Шӯрои нозирони ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои интиқоли барқ" (минбаъд - шӯрои нозирон) мақоми идоракунии ҷамъият буда, роҳбарии умумии фаъолияти ҷамъиятро амалӣ менамояд, иҷрои қарорҳои муассиси ҷамъиятро мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат мекунад.

3. Шӯрои нозирон дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, оинномаи ҷамъият ва ҳамин низомнома фаъолияти худро амалӣ менамояд.

2. ТАЪСИСИ ШӯРОИ НОЗИРОН

4. Шӯрои нозирон аз тарафи муассиси ҷамъият дар ҳайати на камтар аз 7 (ҳафт) нафар тасдиқ карда мешавад.

5. Бо қарори муассиси ҷамъият ваколатҳои аъзои шӯрои нозирон метавонанд пеш аз муҳлат қатъ карда шаванд.

6. Узви шӯрои нозирон метавонад танҳо шахси воқеӣ бошад. Узви шӯрои нозирон метавонад саҳмдори ҷамъият набошад.

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О вопросах открытого акционерного общества "Шабакахои интиколи барк" и открытого акционерного общества "Шабакахои таксимоти барк"

В соответствии со статьями 63 и 64 Закона Республики Таджикистан "Об акционерных обществах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

Создать наблюдательный совет открытого акционерного общества "Шабакахои интиколи барк" и открытого акционерного общества "Шабакахои таксимоти барк" и утвердить их положения и состав (приложения 1, 2, 3 и 4).

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                              Эмомали Рахмон

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                              Эмомали Рахмон

г.Душанбе,  

от 1 мая 2020 года, №258

г.Душанбе,  

от 1 мая 2020 года, №258

...