Тартиби Бақайдгирии Воситаҳои Мобилии Алоқаи Барқӣ Ва Муайян Намудани Вазифаҳои Системаи Давлатии Муайянcозии Воситаҳои Мобилии Алоқаи Барқӣ аз 31 марти соли 2020 № 208

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 31 марти соли 2020, №208

 тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 31 марти соли 2020, №208

 тасдиқ шудааст

ТАРТИБИ БАҚАЙДГИРИИ ВОСИТАҲОИ МОБИЛИИ АЛОҚАИ БАРҚӢ ВА МУАЙЯН НАМУДАНИ ВАЗИФАҲОИ СИСТЕМАИ ДАВЛАТИИ МУАЙЯНCОЗИИ ВОСИТАҲОИ МОБИЛИИ АЛОҚАИ БАРҚӢ

Тартиби бақайдгирии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ ва муайян намудани вазифаҳои системаи давлатии муайянcозии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ (минбаъд - Тартиби мазкур) тартиби бақайдгирии воситаҳои мобилии алоқаи барқии истифодашаванда, барои фурӯш ё истифодаи шахсӣ воридотшаванда ё дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшавандаро муайян менамояд.

1. МАФҲУМҲОИ АСОСӢ

1. Дар Тартиби мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мегарданд:

- Ассотсиатсияи Системаи Байналмилалии Алоқаи Мобилӣ (GSMAGlobal System for Mobile Communication Association) (минбаъд - АСБАМ)ташкилоте, ки рӯйхати рамзи муайянсозии ягонаи байналмилалиро ташаккул менамояд ва он имкон медиҳад, ки истеҳсолкунанда ва навъи воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ муайян карда шаванд;

- Рамзи муайянсозии (идентификатсионии) ягонаи байналмилалӣ (IMEI - International Mobile Equipment Identifier) (минбаъд - РМЯБ)рақами силсилавии иборат аз 15 рақам ва аз ҷониби АСБАМ ҷудогардида, инчунин стандарти GSM/UMTS/LTE дар шабакаи оператори алоқаи мобилӣ муайяншаванда (РМЯБ дар ҳамаи воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ мавҷуд аст, ки имконияти фаъолияти симкортро таъмин мекунад ва ба ҳар як кортҷо (слот)-и симкорт алоҳида ҷудо карда мешавад. Агар дар воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ ду ё зиёда кортҷо (слот)-и симкорт бошад, пас он дорои ду ё зиёда РМЯБ мебошад;

- Рақами муштарии мобилии истгоҳи рақамӣ (MSISDN - Mobile Station Integrated Services Digital Network) (минбаъд - РММШР) - рақами муштараки шабакаи рақамӣ бо ҳамгироии хадамот барои алоқа дар стандартҳои GSM/UMTS (масалан, +992 ХХ-ХХХ-ХХ-ХХ);

- симкорт - модули муайянсозӣ (идентификатсионӣ), ки дар хотираи он иттилоот дар бораи хизматрасонӣ, маълумоти муайянкунандаи истифодабарандаи хизмати алоқаи барқӣ ҷойгир карда шуда, пешниҳоди хизматрасонии оператори шабакаи алоқаи барқиро таъмин менамояд;

- паёмак (СМС) - (SMS - Short Message Service) - технологияе, ки амалӣ намудани қабул ва интиқоли паёмҳои хурди матниро тавассути воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ имкон медиҳад;

- Маълумоти ғайритаркиботии хизматрасониҳои иловагӣ (USSDUnstructured Supplementary Service Data) (минбаъд - МҒХИ)хизматрасонии стандартӣ дар шабакаҳои GSM, ки имкони ташкили ҳамкориҳои интерактивии байни муштарии шабака ва барномаи хизматрасониро дар реҷаи ирсоли паёмҳои хурд фароҳам меорад;

...

Утвержден

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 31 марта 2020 года, №208

Утвержден

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 31 марта 2020 года, №208

ПОРЯДОК РЕГИСТРАЦИИ МОБИЛЬНЫХ СРЕДСТВ ЭЛЕКТРИЧЕСКОЙ СВЯЗИ И ОПРЕДЕЛЕНИЕ ФУНКЦИЙ ГОСУДАРСТВЕННОЙ СИСТЕМЫ ИДЕНТИФИКАЦИИ МОБИЛЬНЫХ СРЕДСТВ ЭЛЕКТРИЧЕСКОЙ СВЯЗИ

Порядок регистрации мобильных средств электрической связи и определение функций государственной системы идентификации мобильных средств электрической связи (далее - Порядок) определяет порядок регистрации используемых, ввозимых с целью продажи или личного пользования, или производимых на территории Республики Таджикистан мобильных средств электрической связи.

1. ОСНОВНЫЕ ПОНЯТИЯ

1. В настоящем Порядке используются следующие основные понятия:

- Международная Ассоциация глобальной системы связи (GSMA - Global System for Mobile Communication Association) (далее - МАГСС) - организация, формирующая списки международных уникальный идентификационных кодов, которые позволяют идентифицировать производителя и модель мобильных средств электрической связи;

- Международный уникальный идентификационный код (IMEIInternational Mobile Equipment Identifier) (далее - МУИК) - серийный номер, состоящий из 15 цифр и выделяемый МАГСС, а также идентифицирующий в сети оператора мобильной связи стандарта GSM/UMTS/LTE (МУИК имеется во всех мобильных средствах электрической связи, поддерживающих работу SIM карт, и присваивается на каждый слот SIM-карты в отдельности. Если на мобильном устройстве имеются два или более слотов SIM-карт, то оно имеет два или более МУИК);

- Цифровая сеть с комплексными услугами мобильной станции (MSISDN Mobile Station Integrated Services Digital Network) (далее - ЦСКУМС) - номер мобильного абонента цифровой сети с интеграцией служб для связи в стандартах GSM/UMTS (пример, +992 ХХ-ХХХ-ХХ-ХХ);

- сим-карта - идентификационный модуль, в памяти которого размещается информация об услугах, данные, определяющие пользователя услуг электрической связи, обеспечивающий предоставление услуг оператора сети электрической связи;

- CMC (SMS - Short Message Service) - технология, позволяющая осуществлять прием и передачу коротких текстовых сообщений с помощью мобильных средств электрической связи;

- Неструктурированные данные дополнительных услуг (USSD Unstructured Supplementary Service Data) (далее - НДДУ) - стандартный сервис в сетях GSM, позволяющий организовать интерактивное взаимодействие между абонентом сети и сервисным приложением в режиме передачи коротких сообщений;

...