Барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015 аз 2 июли соли 2008, № 306

Санаи амалкуни: 01.07.2014

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 июли соли 2008 № 306

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 июли соли 2008 № 306

тасдиқ шудааст

Барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.07.2014 № 421)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.07.2014 № 421)

Барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015 (минбаъд Барнома) бо мақсади нигоҳ доштан, зиёд кардани саршумор, маҳсулнокии моҳиҳо, такмил додани сифатҳои генетикии моҳиҳо ва ба ин васила таъмин намудани талаботи аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ таҳия гардидааст.

Соҳаи моҳипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз соҳаҳои сердаромад ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз, Барномаи таҳиягардида ба барқароркунии иқтидори истеҳсолии хоҷагиҳои моҳипарварии мавҷуда, навкунин намудҳои хушзоти моҳиҳо, ба иқлим мутобиқкунии намудҳои қаблан нестшуда (бестер, гулмоҳии рангоранг, амури сиёҳ, пешонағафси рангоранг, буффалои америкоӣ, лакамоҳии каналӣ), ташкили хоҷагиҳои парвариши моҳии хушзот, тавлидгоҳҳои парваришӣ ва хоҷагиҳои нави моҳипарварӣ новобаста аз шакли моликият равона карда шудааст.

Рушди минбаъдаи соҳаи моҳипарварӣ дар таъмини бехатарии озуқавории мамлакат ва амалӣ гардидани Барномаи паст кардани сатҳи камбизоати барои солҳои 2007-2009 мавқеи аввалиндараҷа дорад.

1. Вазъи моҳипарварӣ дар марҳилаи ҳозира ва рушди минбаъдаи он

Дар айни замон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 хоҷагии парвариши моҳии хушзот ва 5 хоҷагии моҳипарварӣ, аз ҷумла ҶСШК "Шукуфон"- шаҳри Қайроққум, ҶСШК "Моҳипарварии Панҷакент"-и шаҳри Панҷакент, ҶСШК "Хоҷагии парвариши моҳии хушзот"-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ҶСШК "Гули сурх"-и ноҳияи Ҷиликул, хоҷагии давлатии "Чубек"-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ҶДММ, "Фирӯз-1"-и ноҳияи Қумсангнр ва ҶДММ "Форел"-и шаҳри Вахдат фаъолият доранд.

Майдони умумии хоҷагиҳои моҳипарварӣ зиёда аз 3000 гектарро ташкил дода, аз ҷумла дар майдони 1500 гектар парвариши моҳиҳои молӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар солҳои 90-ум майдони хоҷагиҳои моҳипаварӣ барои парвариши моҳиҳои молӣ 1280 гектарро ташкил дода, истеҳсоли моҳиҳои молӣ 3550 тонна ва маҳсулнокин миёна ба 30 сентиер аз 1 гектар баробар буд.

...

Утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от "2" июля 2008 года № 306

Утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от "2" июля 2008 года № 306

Программа развития отрасли рыбоводства в Республике Таджикистан на период 2009-2015 годы

(в редакции постановления Правительства РТ от 01.07.2014г.№421)

(в редакции постановления Правительства РТ от 01.07.2014г.№421)

Программа развития отрасли рыбоводства в Республике Таджикистан на период 2009-2015 годы (далее Программа) разработана с целью сохранения, увеличения количества, совершенствования генетических, продуктивных качеств рыб с одновременным обеспечением населения продуктами питания и создания новых рабочих мест.

Рыбоводство для Республики Таджикистан считается одной из рентабельных отраслей сельского хозяйства. Поэтому разработанная Программа направлена на восстановление имеющихся рыбных хозяйств, путём обновления чистопородных племенных видов рыб, реакклиматизации ранее исчезнувших видов (бестер, радужная форель, черный амур, пестрый толстолобик, американское буффало и канальный сомик), создание племенных рыбхозов, нересто-выростных хозяйств и вновь создающихся рыбхозов, независимо от форм собственности.

Дальнейшее развитие отрасли рыбоводства имеет огромное значение, прежде всего в обеспечении продовольственной безопасности страны и практического выполнения "Программы снижения бедности в 2007-2009 годы".

1. Состояние рыбоводства в настоящее время и перспективы её развития

В настоящее время на территории Республики Таджикистан существуют 2 племрыбхоза и 5 рыбхозов, в том числе АООТ’ "Шукуфон" города Кайраккума, АООТ "Мохипарвар-Пенджикент" город Пенджикента, АООТ "Племрыбхоз" района Абдурахмона Джами, АООТ "Гули Сурх" Джиликульского района, Чубекский госрыбхоз района Мир Сайид Алии Хамадони, ООО "Фируз-1" Кумсангирского района и ООО "Форель" города Вахдат.

Общая площадь рыбоводных хозяйств составляет более 3000 га, в том числе на 1500 га выращивается товарные рыбы.

В 90-ые годы площадь рыбоводческих хозяйствах под выращивание товарной рыбы составляла 1280 га, производство товарной рыбы 3550 тонна, а средняя рыбопродуктивность составляла 30 цн/га.

...