ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА КОДЕКСИ ШАҲРСОЗИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
13 ноябри соли 2019, № 1488
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
13 ноябри соли 2019, № 1488
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
25 декабри соли 2019, № 737
ҷонибдорӣ карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
25 декабри соли 2019, № 737
ҷонибдорӣ карда шуд.
...
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА КОДЕКСИ ШАҲРСОЗИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
13 ноябри соли 2019, № 1488
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
25 декабри соли 2019, № 737
ҷонибдорӣ карда шуд.
Моддаи 1. Ба Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2012 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон с. 2012, № 12, қ. 1, мод. 998; с. 2016, №7, мод. 626; с. 2019, №1, мод. 24, мод. 25) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:
1. Дар сархати ҳаштуми қисми 1 моддаи 9 калимаҳои "ташхисӣ оид ба" ба калимаи "экспертизаи" иваз карда шаванд.
2. Дар сархати даҳуми қисми 1 моддаи 13 калимаи "меъёргузории" ба калимаи "бамеъёрдарории" иваз карда шавад.
3. Ба қисми 4 моддаи 20 сархати якум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"- ҳудудҳое, ки дар онҳо объектҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва стратегӣ ҷойгир шудаанд ва номгӯи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст;".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 2 январи соли 2020, № 1677