ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА КОДЕКСИ АНДОЗИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
23 октябри соли 2019, № 1454
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
25 декабри соли 2019, № 735
ҷонибдорӣ карда шуд.
Моддаи 1. Ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 сентябри соли 2012 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2012, №9, мод.838; с.2013, №12, мод.889, мод.890; с.2015, №3, мод.210, №11, мод.965, мод.966; с.2016, №3, мод.150, №11, мод. 883; с.2017, №1-2, мод.21, №5, қ.1, мод.280; с.2018, №2, мод.66, мод.67, №7-8, мод.529; с.2019, №4-5, мод.227, №6, мод.322, №7, мод. 473), тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:
1. Аз сархати якуми қисми 1 моддаи 220 калимаҳои "геологӣ ва (ё)" хориҷ карда шаванд.
2. Дар моддаи 223:
- қисми 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Бонуси обунавӣ аз ҷониби шахсе пардохт мешавад, ки дар озмун барои гирифтани ҳуқуқи истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ ғолиб омадааст ё ҳуқуқи истифодабарии сарватҳои зеризаминиро дар асоси музокироти мустақим ва (ё) иҷозатнома (иҷозат)-ро барои истихроҷи маъданҳои фоиданок тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтааст.";
- қисми 2 хориҷ карда шавад.
3. Дар моддаи 225:
- қисми 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"1. Маблағи муқарраршудаи бонуси обунавӣ аз ҷониби истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ пас аз гирифтани иҷозатнома (иҷозат) оид ба ҳуқуқи истихроҷи сарватҳои зеризаминӣ дар муҳлатҳои зерин пардохт карда мешавад:
а) барои маъданҳои фоиданоки маъмул ва маъданҳои фоиданок (ба истиснои субъектҳое, ки дар соҳаи истихроҷи ангишт фаъолият менамоянд):
- сӣ фоизи маблағи муқарраршудаи бонуси обунавӣ дар давоми 30 рӯзи тақвимӣ аз санаи гирифтани иҷозатнома (иҷозат) оид ба ҳуқуқи истихроҷи сарватҳои зеризаминӣ;
- ҳафтод фоизи маблағи боқимондаи муқарраршудаи бонуси обунавӣ аз санаи оғоз намудани корҳои истихроҷи маъданҳои фоиданок дар давоми 1 (як) сол аз рӯи ҳиссаҳои баробар барои ҳар моҳи давраи ҳисоботӣ;
б) барои истихроҷи ангишт вобаста ба андозаи бонуси обунавии ҳисобшуда:
- то 200000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ташкил додани маблағи бонуси обунавӣ дар давоми 2 (ду) сол аз рӯи ҳиссаҳои баробар барои ҳар моҳи ҳисоботӣ;
- аз 200000 то 500000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ташкил намудани маблағи бонуси обунавӣ дар давоми 4 (чор) сол аз рӯи ҳиссаҳои баробар барои ҳар моҳи ҳисоботӣ;
- аз 500000 то 1 миллион нишондиҳанда барои ҳисобҳо ташкил намудани маблағи бонуси обунавӣ дар давоми 6 (шаш) сол аз рӯи ҳиссаҳои баробар барои ҳар моҳи ҳисоботӣ;
- зиёда аз 1 миллион нишондиҳанда барои ҳисобҳо ташкил намудани маблағи бонуси обунавӣ дар муҳлати 10 (даҳ) соли аввали фаъолият аз рӯи ҳиссаҳои баробар барои ҳар моҳи ҳисоботӣ.";
- қисми 2 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"2. Истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣ метавонад маблағи пурраи ҳисобшудаи бонуси обунавиро, новобаста аз муқаррароти қисми 1 моддаи мазкур, якбора пардохт намояд.";
- қисмҳои 2 ва 3 мувофиқан қисмҳои 3 ва 4 ҳисобида шаванд.
Моддаи 2.
1. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
2. Муқаррароти қисми 3 моддаи 1 Қонуни мазкур нисбат ба он субъектҳое низ татбиқ мегардад, ки то мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур дорои иҷозатнома оид ба ҳуқуқи истихроҷи сарватҳои зеризаминӣ мебошанд ва дар асоси қарордоди истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ нисбати фаъолияти онҳо бо тартиби муқарраргардида маблағи бонусҳои обунавӣ ҳисоб карда шудааст.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 2 январи соли 2020, № 1675
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЯ В НАЛОГОВЫЙ КОДЕКС РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
Принят постановлением МН МОРТ
от 23 октября 2019 года, №1454
Одобрен постановлением ММ МОРТ
от 25 декабря 2019 года, №735
Статья 1. Внести в Налоговый кодекс Республики Таджикистан, принятый Законом Республики Таджикистан от 17 сентября 2012 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2012 г., №9, ст.838; 2013 г., №12, ст.889, ст.890; 2015 г., №3, ст.210, №11, ст.965, ст.966; 2016 г., №3, ст.150, №11, ст.883; 2017 г., №1-2, ст.21, №5, ч.1, ст.280; 2018 г., №2, ст.бб, ст.67, №7-8, ст.529; 2019 г., №4-5, ст.227, №6, ст.322, №7, ст.473), следующие изменения и дополнение:
1. Из абзаца первого части 1 статьи 220 слова "геологические работы и (или)" исключить.
2. В статье 223:
- часть 1 изложить в следующей редакции:
"Подписной бонус уплачивается лицом, ставшим победителем конкурса на получение права недропользования или получившим право недропользования на основе прямых переговоров и (или) получившим лицензию (разрешение) на добычу полезных ископаемых в соответствии с законодательством Республики Таджикистан.";
- часть 2 исключить.
3. В статье 225:
- часть 1 изложить в следующей редакции:
"1. Установленная сумма подписного бонуса уплачивается недропользователями после получения лицензии (разрешения) на право добычи полезных ископаемых в следующие сроки:
а) для общераспространенных полезных ископаемых и полезных ископаемых (за исключением субъектов, действующих в области добычи угля):
- тридцать процентов от утвержденной суммы подписного бонуса в течение 30 календарных дней с даты получения лицензии (разрешения) на право добычи полезных ископаемых;
- семьдесят процентов оставшейся утвержденной суммы подписного бонуса с даты начала работ по добыче полезных ископаемых в течение 1 (одного) года равными долями на каждый месяц отчетного периода;
б) для добычи угля в зависимости от суммы начисленного подписного бонуса, если сумма подписного бонуса составляет:
- до 200000 показателей для расчетов, в течение двух (2) лет равными долями для каждого отчетного месяца;
- от 200000 до 500000 показателей для расчетов, в течение четырех (4) лет равньми долями для каждого отчетного месяца;
- от 500000 до 1 миллиона показателей для расчетов, в течение шести (6) лет равными долями для каждого отчетного месяца;
- более 1 миллиона показателей для расчетов, в течение первых десяти (10) лет деятельности равными долями для каждого отчетного месяца.";
- дополнить частью 2 следующего содержания:
"2. Недропользователь может разом оплатить полную сумму подсчитанного подписного бонуса, независимо от положений части 1 настоящей статьи.";
- части 2 и 3 соответственно считать частями 3 и 4.
Статья 2.
1. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
2. Положения части 3 статьи 1 настоящего Закона распространяются также на субъекты, имеющие лицензию на право пользования недрами, и для которых в отношении их деятельности на основании контракта на недропользование в установленном порядке рассчитана сумма подписного бонуса до вступления в силу настоящего Закона.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе,
от 2 января 2020 года, №1675