Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон апз 2 январи соли 2020 № 1664 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сирри давлатӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ СИРРИ ДАВЛАТӢ"

 

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

28 ноябри соли 2019, № 1520

қабул карда шуд.

 

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

25 декабри соли 2019, № 723

ҷонибдорӣ карда шуд.

 

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сирри давлатӣ" аз 26 июли соли 2014 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2014, №7, қ. 1, мод. 380; с. 2015, №3, мод. 207) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар моддаи 1:

- сархати якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"- сирри давлатӣ - маълумоти аз тарафи давлат ҳифзшаванда, ки ифшо ё гум кардани он ба амнияти миллӣ ва иқтидори мудофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарар мерасонад ё расонида метавонад;";

- ба сархати ҳафтум пас аз калимаи "маълумот" калимаҳои "ва ҳомилҳои онҳо" илова карда шаванд;

- дар сархати шонздаҳум аломати нуқта ба аломати нуқтавергул ";" иваз карда шавад;

- сархатҳои ҳабдаҳум, ҳаждаҳум ва нуздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"- номгӯйи маълумоти махфигардонидашаванда - маҷмӯи дараҷаҳои маълумот, ки мувофиқи онҳо маълумот ба сирри давлатӣ мансуб дониста, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон махфӣ гардонида мешавад;

- дараҷаи махфият - дараҷае, ки муҳимияти маълумоти махфӣ, маҳдудияти дастрасӣ ва сатҳи ҳифзи он аз тарафи давлат муқаррар гардидааст;

- ҳифзи сирри давлатӣ - маҷмӯи чораҳои ташкилию ҳуқуқӣ, техникӣ, криптографӣ ва оперативӣ, ки барои ҳифзи сирри давлатӣ муқаррар карда шудаанд.".

2. Аз матни моддаи 2, сархати нуҳуми қисми 1 моддаи 6, сархати дуюми қисми 1, сархати чоруми қисми 2 моддаи 7 ва сархати шонздаҳуми моддаи 8 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.

3. Ба ҷумлаи дуюми қисми 2 моддаи 4 пас аз калимаи "роҳбарони" калимаи "аввали" илова карда шавад.

4. Дар моддаи 5 ва қисми 2 моддаи 6 калимаҳои "қаламрави" ва "ва шаҳрвандон" мувофиқан ба калимаҳои "ҳудуди" ва ", шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд" иваз карда шаванд.

5. Ба қисми 1 моддаи 6 сархати нуҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"- Комиссияи байниидоравӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи сирри давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъсис медиҳад ва низомномаи онро тасдиқ менамояд;".

6. Дар моддаи 10:

- дар сархати дуюм калимаи "қаламрави" ба калимаи "ҳудуди" иваз карда шавад;

- сархати ҳаждаҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"- Низомномаи Комиссияи байниидоравӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи сирри давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия ва барои тасдиқ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;".

7. Дар моддаи 18:

- дар банди 21) калимаи "пинҳонӣ" ба калимаи "махфӣ" иваз карда шавад;

- ба банди 24) пас аз калимаи "ташкил" калимаҳои ", воситаҳо ва усулҳои низоми махфият" илова карда шаванд.

8. Дар моддаи 20:

- дар қисми 2 калимаҳои "Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур" иваз карда шаванд;

- дар қисми 3 калимаи "ҷамъият" ба калимаи "ҷомеа" иваз карда шавад.

9. Ба моддаи 24 қисми 5 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"5. Муҳлати раванди махфигардонии маълумоти дорои сирри давлатӣ аз лаҳзаи ба ҳомилҳои онҳо гузоштани муҳри махфият оғоз мегардад.".

10. Ба қисми 1 моддаи 37 пас аз калимаҳои "ба сирри давлатӣ" калимаҳои "ихтиёрӣ буда," илова карда шаванд.

11. Қисми 4 моддаи 39 хориҷ карда шавад.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                  Эмомалӣ Раҳмон

 

ш. Душанбе, 2 январи соли 2020, № 1664

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О ГОСУДАРСТВЕННЫХ СЕКРЕТАХ"

Принят постановлением МН МОРТ

от 28 ноября 2019 года, №1520

Одобрен постановлением ММ МОРТ

от 25 декабря 2019 года, №723

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан "О государственных секретах" от 26 июля 2014 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2014 г., №7, ч. 1 ст. 380; 2015 г., №3, ст. 207) следующие изменения и дополнения:

1. В статье 1:

- абзац первый изложить в следующей редакции:

"- государственные секреты - защищаемые государством сведения, разглашение или утрата которых наносит или может нанести ущерб национальной безопасности и обороноспособности Республики Таджикистан;";

- абзац седьмой после слова "сведений" дополнить словами "и их носителей";

- в абзаце шестнадцатом знак точки заменить знаком точки с запятой ";";

- дополнить абзацами семнадцатым, восемнадцатым и девятнадцатым следующего содержания:

"- перечень сведений, подлежащих засекречиванию - совокупность категорий сведений, в соответствии с которыми сведения относятся к государственным секретам, и засекречиваются в установленном законодательством Республики Таджикистан порядке;

- степень секретности - степень ограничения секретных сведений, доступ к ним и уровень защиты, установленный со стороны государства;

- защита государственных секретов - совокупность организационно-правовых, технических, криптографических и оперативных мер для защиты государственных секретов.".

2. Второе предложение части 2 статьи 4 после слов "на их" дополнить словом "первых".

3. В статье 5 слова "и гражданами" заменить словами ", гражданами Республики Таджикистан, иностранными гражданами и лицами без гражданства".

4. В статье 6:

- часть 1 дополнить абзацем девятым следующего содержания:

"- создает Межведомственную комиссию по вопросам защиты государственных секретов в Республике Таджикистан и утверждает ее положение;";

- в части 2 слова "и граждан" заменить словами ", граждан Республики Taджикиcтaн, иностранных граждан и лиц без гражданства".

5. Статью 10 дополнить абзацем восемнадцатым следующего содержания:

"- разрабатывает положение о Межведомственной комиссии по вопросам защиты государственных секретов в Республике Таджикистан и представляет на утверждение Президенту Республики Таджикистан;".

6. Пункт 24 статьи 18 после слова "организацию" дополнить словами ", средства и методы режима секретности".

7. В части 2 статьи 20 слова "Конституции Республики Таджикистан" заменить словами  "Конституции Республики Таджикистан, настоящему Закону".

8. Статью 24 дополнить частью 5 следующего содержания:

"5. Срок процесса засекречивания сведений, составляющих государственные секреты, начинается с момента установления на их носителе грифа секретности.".

9. Часть 1 статьи 37 после слов "государственным секретам" дополнить словами "является добровольным и".

10. Часть 4 статьи 39 исключить.

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

от 2 января 2020 года, №1664