Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2019 № 657 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 593"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 593

 

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Дар банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 593 "Дар бораи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон" рақамҳои "183", "150" ва "17" мувофиқан ба рақамҳои "216", "166" ва "50" иваз карда шаванд.

2. Ба Низомномаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 593 "Дар бораи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1) дар банди 1 ва тамоми матни Низомнома калимаҳои "ташкилотҳои байналмилалӣ" ба калимаҳои "созмонҳои байналмилалӣ" иваз карда шаванд;

2) бандҳои 2 ва 3 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:

"2. Вазорат дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалиеро, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, ба роҳбарӣ мегирад.

3. Ба низоми Вазорат намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷӣ, намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди созмонҳои байналмилалӣ (байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва минтақавӣ) (минбаъд - муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон), намояндагиҳо ва ташкилотҳои тобеи Вазорат, ки дар ҳудуди кишвар бо мақсади таъмини фаъолияти Вазорат таъсис дода шудаанд, инчунин муассисаҳои таълимии тобеи Вазорат дохил мешаванд.";

3) дар банди 5:

- дар сархати ҳаштум калимаҳои "намояндагиҳои дипломатӣ ва консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ва намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ" ба калимаҳои "муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳо ва ташкилотҳои тобеи вазорат" иваз карда шаванд;

- аз сархати даҳум калимаҳои "қонунҳо ва дигар" хориҷ карда шаванд;

- дар сархати чордаҳум калимаи "мутобиқат" ба калимаи "мусоидат" иваз карда шавад;

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года, №593

В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. В пункте 2 постановления Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года, №593 "О Министерстве иностранных дел Республики Таджикистан" цифры "183", "150" и "17" соответственно заменить цифрами "216", "166" и "50".

2. Внести в Положение Министерства иностранных дел Республики Таджикистан, утвержденное постановлением Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года, №593 "О Министерстве иностранных дел Республики Таджикистан", следующие изменения:

1) пункты 2 и 3 изложить в следующей редакции:

"2. В своей деятельности Министерство руководствуется Конституцией Республики Таджикистан, настоящим Положением, другими нормативными правовыми актами Республики Таджикистан, а также международными правовыми актами, признанными Республикой Таджикистан,

3. В систему Министерства входят дипломатические представительства и консульские учреждения Республики Таджикистан в иностранных государств, представительства Республики Таджикистан при международных (межгосударственных, межправительственных и региональных) организациях (далее - заграничные учреждения Республики Таджикистан), представительства и учреждения, подведомственные Министерству, созданные с целью обеспечения деятельности Министерства на территории страны, а также образовательные учреждения.";

2) в пункте 5:

- в восьмом абзаце слова "дипломатических и консульских представительств за рубежом и представительств Республики Таджикистан при международных и региональных организациях" заменить словами "заграничные учреждения Республики Таджикистан, представительства и учреждения, подведомственные Министерству";

- в десятом абзаце слова "законов и других нормативных" заменить словами "нормативных правовых";

3) в пункте 6:

- в третьем абзаце слово "стратегию" заменить словом "Концепцию";

- в десятом абзаце слова "территориальных органов исключить -";

...