Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 24 декабри с. 2003 № 539
тасдиқ шудааст
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 24 декабри с. 2003 № 539
тасдиқ шудааст
Низомнома дар бораи Комиссияи байниидоравӣ оид ба танзими масъалаҳои идораи сарҳади давлатӣ дар назди Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарор аз 2.11.2007с. № 554)
(қарор аз 2.11.2007с. № 554)
1. Комиссияи байниидоравӣ оид ба танзими масъалаҳои идораи сарҳади давлатӣ дар назди Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд -Комиссия) мақоми ҳамоҳангсоз мебошад, ки ба таври муваққатӣ бо мақсади ба тартиб даровардани сарҳади давлатӣ, маҳдуд намудани ҷараёни муҳоҷирати ғайриқонунӣ, таҳия ва қабули қарорҳои зарурӣ оид ба масъалаҳои назорати сарҳадӣ ва муҳоҷират, бо ҷалби экспертҳои Созмони Байналмилалии Муҳоҷират фаъолият намуда, барои роҳбарӣ ва машварат ҳангоми баррасии масъалаҳои муҳоҷират масъулият дорад
2. Комиссия дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шудаанд, инчунин ин Низомномаро дастури амал қарор медиҳад.
3. Вазифаи асосии Комиссия мусоидат дар таъмини иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муҳоҷират мебошад.
4. Бо мақсади иҷрои вазифаҳои асосии худ ба зиммаи Комиссия функсияҳои зерин дода мешаванд:
- ҳамоҳангсозии фаъолияти идораҳои ҳокимияти давлатӣ оид ба танзими масалаҳои идораи сарҳади давлатӣ;
- ташкили корҳо ҷиҳати таъмини мубодилаи итгилоот байни вазоратҳо оид ба масалаҳои идораи сарҳад;
...