Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2019 № 392 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июни соли 1996, № 264"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июни соли 1996, № 264

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июни соли 1996, № 264 "Дар бораи суғуртаи давлатии ҳатмии масъулияти шаҳрвандии соҳибони воситаҳои нақлиёт" тағйироти зерин ворид карда шавад:

- дар банди 2 калимаҳои "шашсаду понздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо" ба калимаҳои "чилу чор ҳазору чорсаду наваду шаш сомонӣ" иваз карда шаванд;

- дар сархати якуми зербанди дуюм банди 8 калимаҳои "чорсаду даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо" ба калимаҳои "бисту нуҳ ҳазору шашсаду шасту чор сомонӣ" иваз карда шаванд;

- дар сархати дуюми зербанди дуюм банди 8 калимаҳои "дусаду панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо" ба калимаҳои "чордаҳ ҳазору ҳаштсаду сиву ду сомонӣ" иваз карда шаванд.

2. Замимаи 2 ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июни соли 1996, № 264 "Дар бораи суғуртаи давлатии ҳатмии масъулияти шаҳрвандии соҳибони воситаҳои нақлиёт" дар таҳрири нав ифода карда шавад (замима мегардад).

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ Раҳмон

...

аз 2 августи соли 2019 № 392

ш.Душанбе

Замима